«ФАРЗАНДИ ПАДАР» - СУРУДИ НАВИ ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН

Кадоме аз таронаҳои ахиран эҷодкардаи овозхонҳои тоҷик имрӯз харидори бештар дорад? Бо чунин савол мо ба чанде аз соҳибони дӯконҳои дискфурӯшии бозорҳои «Саховат», «Корвон» ва «Шомансур»-и пойтахт муроҷиат кардем. Аксаран ҷавоб медоданд, ки дар ҳамин шабу рӯз се суруд серхаридортар аст. Якум суруди нави Манижа Давлатова «Ватан», дуввум суруди Садриддини Наҷмиддин «Зиндагӣ чист?» ва саввум суруди Қурбоналӣ Раҳмон «Фарзанди падар». Дар бораи суруди Манижа Давлат барои муштариёни сомона маълумоти зиёд дода будем ва худи суруд низ аз гӯшаи «Рӯзгор» дар YouTube»-и сомона (БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТ) қобили дарёфт аст. Чун фурсат даст дод дар бораи таърихчаи эҷоди суруди «Зиндагӣ чист?»-и Садриддин Наҷмиддин низ ба Шумо иттилоъ хоҳем дод. Вале имрӯз имконият дорем, ки ба хонандагон, бинандагон ва шунавандагони сайтамон дар бораи суруди нави Қурбоналӣ Раҳмон «Фарзанди падар» маълумот бидиҳем. Мо иттилооти нахустро дар бораи ин суруд аз худи фурӯшандаҳои диск мегирем.
-Суруди «Фарзанди падар»-ро барои чӣ бисёр мехаранд,- мепурсам аз соҳиби яке аз дӯконҳо.
-Барои он ки ин суруд то андозае як лаҳзаи вазъи имрӯзаи зиндагии мардуми тоҷикро нишон додааст,- мегӯяд ӯ. Бародари калонӣ дар бораи додараш, ки солҳои зиёдаст дар хориҷ аз кишвар мардикорӣ мекунад ва ӯро сахт пазмон шудааст, суруди ҷигарсӯз мехонад. Ин ҳолати зиндаҷудоиро имрӯзҳо қариб дар ҳар як хонадони тоҷик мо мебинем. Барои ҳамин ҳам мардум ин дискҳоро бисёр мехаранд ва аксарияташон бо роҳҳои гуногун ба хешу ақрабои дар ғарибӣ будаашон ба кишварҳои мухталиф мефиристанд, - фикрашро ҷамъбаст мекунад соҳиби дӯкон.
Чун чанд фарзанди падари мо низ дар муҳоҷирати иқтисодӣ ба сар мебаранд ва пайи пайдо кардани ризқу рӯзӣ дур аз Ватани азиз саргардон ҳастанд, мо низ аз ин дӯкондор як албоми сарояндаи хушхон, Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон, Қурбоналӣ Раҳмонро харидем. Рости гап, аз тамошои он хеле мутаассир гаштем. Таронае, ки дар услуби сурудҳои халқӣ эҷод шудааст, тез ба дили шунаванда роҳ меёбад. Махсусан агар шунаванда дардеро дошта бошад, ки овозхон аз шиддати он дард фарёди ҷигарсӯз мекашад.
Хуб,меравем ба сӯҳбати Қурбоналӣ Раҳмон ва аз ӯ дар бораи чӣ гуна эҷод шудани ин сурудаш пурсон мешавем.
- Ҳар давру замон нишонаву хусусиятҳои хоси худро дорад, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ бе таъсир буда наметавонанд. Мо, овозхонҳо, аз ҷумлаи он табақаи инсонҳо ҳастем, ки бо мардум аз наздик робита дорем. Аслан бе мардум мо вуҷуд надорем. Агар бихоҳем, ки заррае дар пеши мардум қадр дошта бошем, бояд ки дар ғаму шодии ӯ шарик бошем. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки ҳамеша бо мардум бошам. Ин бошад ба ман кӯмак мекунад, ки аз зиндагии мардум, аз ташвишҳои рӯзгори ӯ бохабар шавам. Суруди «Фарзанди падар» натиҷаи ҳамин мушоҳидаҳо мебошад.
Ман мебинам, ки апа ё ака чӣ гуна додари дар ғурбат будаашро бо ашки шашқатор ёд мекунад. Ман гуфтанӣ нестам, ки муҳоҷирати иқтисодӣ бад аст ё хуб аст. Дар гузаштаҳои дур ҳам мардум ба мардикорӣ мерафтанд. Ин падидаи нав нест. Ҳадафи ман бо ин суруд каме ҳам бошад ба дили нафарҳои зиндаҷудошуда таскин бахшидан аст. Суруд зудояндаи ғам аст,- мегӯянд. Албатта ин дуруст аст. Вақте суруди хубро мешунавӣ, мисли он мешавӣ, ки ба касе дарди дилатро гуфтаӣ. Шунидани суруди хуб кам кардани ғами гарон аст. Бо ашк бори андӯҳ сабук мешавад. Вақте, ки бори андӯҳ сабук шуд, умед ба ояндаи нек қавӣ мегардад.
Аз тарафи дигар як писари ман ҳам дар хориҷа ҳаст. Дар Амрико таҳсил мекунад. Акаашро дар ин ҷо вақте мебинам, ки чӣ гуна бо меҳр акси додарашро тамошо мекунад, ё ҳангоми бо телефон бо ӯ гап задан чӣ гуна эҳсосотро пушти сар мекунад, бовар кунед, ман ҳам мутаассир мешавам.
-Хуб, фикри эҷоди чунин як суруд аз дидани зиндагонии мардум пайдо шуд. Онро чӣ гуна амалӣ кардед?
-Аз чӣ бошад ба ёдам шоир Хайрандеш расид. Ӯро ба хона даъвт кардам ва андешаҳоямро пешаш матраҳ намудам. Хоҳиш кардам, ки ҳамин ҳоло шеърро бинависад. Хулоса, тақрибан як шабонарӯз ӯ дар ҳузури ман шеърашро бо ҳамон усули халқӣ навишту ман ба оҳанг даровардам. Фикр кардам, ки суруд агар аз номи марду зан, яъне акаву апа садо диҳад, таъсираш бештар хоҳад шуд. Бинобар ин ба овозхони маъруфи кишвар Муҳаррамахон Шарифова муроҷиат кардам. Ӯ дар хондани чунин сурудҳо беҳамто аст. Муҳаррама розӣ шуду сурудро сабт кардем.
-Ин суруди Шуморо дар шакли видеоклип тамошо кардем. Онро худатон таҳия кардед?
-Не, албатта дар таҳияи видеоклип ҳам мутахассисони касбӣ даст доранд. Дӯстам Раҷабалӣ Назаров, коргардони барномаи машҳури «Лаҳзаҳои гуворо» маслиҳат дод, ки онро дар яке аз деҳаҳои кӯҳистонӣ ба навор бигирем. Ҳамин гуна манзараро мо дар деҳаи Харангон пайдо кардем. Ва дар хонаи яке аз шиносҳоямон видеоклипи мазкурро ба навор гирифтем.
-Вокуниши мухлисонатон ба ин суруд чӣ гуна будааст?
-Дар консерту дар маҳфилҳо ва тӯйҳо аз ман хоҳиш мекунанд, ки ин сурудро бисароям. Дар кӯчаву бозор вақте мухлисонам бо ман дучор меоянд ибрози ташаккурӣ мекунанд, ки гӯё ман аз дили онҳо бохабар будаам ва маҳз барои онҳо ин сурудро хондаам. Хулоса, табъи ман ҳам аз ин суханҳо болида мешавад.
- Муваффақияти бештареро бароятон орзу мекунем.
-Ташаккур.
Султони Ҳамад, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3324-l-r----.html
Шарҳҳо
RSS Обуна