| БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТ |
| Мақолаҳо - Адабиёт ва фарҳанг | |||
| 31.08.2010 00:02 | |||
|
-Манижабону, дирӯз бори нахуст баъди муддати тӯлонӣ хомӯш буданҳо аввалин суруди ба тозагӣ хондаатон аз тариқи радиои «Имрӯз» бо номи «Ай Ватан» садо дод. Табрик, суруди хуб баромадааст.
- Ташаккур, лутф мекунед.
-Воқеан, бархе аз мухлисонатон интизори онро доштанд, ки баъди хомӯшиҳо агар суруд бихонед, он ҳатман суруди шикоят аз зиндагӣ хоҳад буд? Вале шумо аз васфи Ватан оғоз кардед?
-Бале, ман агар ранҷе кашида ва дарде дида бошам, аз ҳамватан дидаам, на аз Ватан. Ватанро чу ҷон дӯст дорам. Барои ҳамин Ватанро васф кардаму васф хоҳам кард. Ватан ҳастии ман ҷаҳони ман аст. Бе Ватан мурғи бепару болам.
-Пас оҳанги ин суруд эҷоди кист ва матни онро кӣ навиштааст?
-Матнро ман аз эҷодиёти даҳанакии халқ гирифтам. Оҳанги онро худам эҷод кардам. Ин сурудро ман ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти Ватан мебахшам.
-Чаро маҳз онро барои пахш кардан ба радиои «Имрӯз» пешкаш кардед, на ба ягон расонаи дигар?
- Бояд қайд кунам, ки радиои «Имрӯз» радиои дӯстдоштаи ман аст.
- Ахиран рӯзномае бо чунин ном таъсис ёфтааст, ки ин сӯҳбати кӯтоҳ бо Шумо дар он дарҷ хоҳад шуд.
-Ташаккур, ифтитоҳ шудани рӯзномае ҳам бо чунин ном, фикр мекунам, падидаи нав аст.Ва иншоаллоҳ муваффақият ҳам ба даст меорад. Ман аз ин рӯзнома умедҳои калон дорам. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар кӯтоҳтарин муддат хонандагони худро пайдо хоҳад кард ва яке аз онҳо банда хоҳад шуд. Ба кормандони ин рӯзномаи навтаъсис бурдбориҳову комёбиҳо ва пешравиҳо хоҳонам. Бошад, ки ҳамеша муваффақу сарбаланду саломат бошанд.
Султони Ҳамад, “ИмрӯзNews”
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3007-2010-08-30-19-04-09.html
|













Назарҳо
Behtarined dar sahnai tojik!
мутахассиси фолклори точик
RSS лентаи назарҳо.