«АҲМАД ЗОҲИР БА РОМИТ БА МЕҲМОНӢ ОМАДУ ДИГАР БАРНАГАШТ»
Дараи зебоманзари Ромит. Соҳили рӯди Кофарниҳон. Дар деҳаи Амоншайхӣ Ғаниҷон Мӯминов ном шахсе зиндагӣ мекунад, ки мисли аксари дигар ҳамдеҳагони худ дар пойтахти кишвар-шаҳри зебои Душанбе, ки аз маҳали зисти онҳо чандон дур нест, кор мекунад. Ӯ корманди Кумитаи Марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Вале сокинони деҳа ва аксари дӯстонаш ӯро на ҳамчун корманди ин идора, балки ба ҳайси як мухлис, алоқаманди хеле ашадии садои гирои овозхони нотакрори Машриқзамин, шодравон Аҳмад Зоҳир мешиносанд. Ӯ дар баробари он ки зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир ва эҷодиёти ӯро хеле хуб медонад, бо дигар ҳаводорони таронаҳои ин хунёгари бузурги ҷаҳони асри 20, ки дар дохил ва ҳатто хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, алоқаи наздик барқарор карда, дар ҳамдастӣ бо онҳо дар созмон додану гузаронидани рӯзҳои мавлуд ва маҳфилҳои шеъру суруди Аҳмад Зоҳир саҳми хуб мегузорад. Чунончи маҳфиле, ки соли ҷорӣ ба муносибати солрӯзи Аҳмад Зоҳир дар Душанбе баргузор гардид ва дар он овозхонҳои машҳури кишвар Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Назрӣ, Қурбоналӣ Раҳмонов, Қурбоналӣ Абдуллоев, Сӯҳроби Маҳмуд ва дигарон ширкат доштанд, маҳз бо ибтикор ва талошҳои ӯ сурат гирифт.
Ногуфта намонад, ки бародари Ғаниҷон Сайхӯҷа, ки Донишкадаи ҳунарҳои зебои пойтахтро ҳанӯз дар даврони шӯравӣ хатм кардааст, яке аз тарғибгарони суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳири ҷовидон дар Тоҷикистон мебошад. «Вақте, ки Сайхӯҷа дар Донишкада сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонд, мо бояк завқи беандоза баланд ӯро гӯш мекардем. Зеро ӯ ин сурудҳоро бо тамоми нозукиҳояш мехонд»,- ба ёд меорад собиқ шарикдарсаш, муаллими фанни мусиқӣ Асадуллоҳ Шамсов.
Чанде пеш бародарон гурӯҳе аз дӯстонашон- ҳаводорони созу таронаҳои Аҳмад Зоҳирро ба хонаашон, ба деҳаи Амоншайхӣ ба меҳмонӣ даъват кард. Дӯстон баъди тамошои манзараҳои фараҳафзо ва дилангези соҳили рӯдхонаи Кофарниҳон ба ҳуҷрае даъват шуданд, ки баробари ворид гардидан ба он ҳамаро эҳсосу ҳаяҷони носутуданӣ фаро гирифт. Дар як хонае, ки ҳаҷмаш се бар панҷ метр аст, аксу мусаввара ва дигар ашёе, ки ҳама бо ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳир дар иртибот мебошанд, ба манзари тамошо гузошта шудаанд.
Бархе аз ҳозирин ин ҳуҷраро осорхона номиду иддаи дигар галереяи аксҳои Аҳмад Зоҳир ҳисобид. Вале худи Ғаниҷон мегӯяд, ки ин оғози кор аст. Ӯ агарчи то ин лаҳза корҳоеро анҷом дода бошад ҳам, аммо ният дорад, ки дар оянда, дар ҳақиқат ҳам, корҳои бештареро анҷом бидиҳаду онро дар чаҳорчӯбаи қонунҳои мавҷудаи кишвар ба як осорхонаи хусусӣ мубаддал бисозад. Феълан дар ин макон бештар аксҳо, диску кассетаҳои солҳои мухталиф ба табъ расида, мақолаву китобҳои дар бораи Аҳмад Зоҳир чопшуда, филму видеоклипҳои дар иртибот бо Аҳмад Зоҳир таҳиягардида нигоҳ дошта мешаванд. Аксҳо дар чаҳорчӯбаҳои зебо ба чаҳор мавзӯъ ҷудо шудаанд: «Даврони туфулият ва хонавода», «Даврони наврасӣ», «Дар оғӯши ҳамкасбон», «Анҷом».
«Талош мекунам, ки бо наздикони Аҳмад Зоҳир алоқа барқарор карда ёдгориву осоре аз ӯ ба даст биёрам. Бисёр мехостам, ки яке аз созҳои мусиқии ӯро дошта бошам. Хулоса то он ҷое, ки тавонам мерасад, кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки кулбаи фақиронаи мо ҳарчи бештар ёдеву накҳате аз Аҳмад Зоҳири нотакрор бидиҳад»,- мегӯяд Ғаниҷон. Ва аммо меҳмонон-алоқамандони Аҳмад Зоҳир аз дидани ин хонаи барои як деҳаи кӯҳистонӣ ғайриоддӣ чӣ таассуроте бардоштанд?
Ҳотами Равшан, овозхони маъруф: «Агар касе ба ман суол кунад, ки оё ба ҳунари ҳунарманде ишқ варзидан мумкин аст, ба ӯ пешниҳод хоҳам кард, ки аз ҳамин осорхона дидан намояд ва ба чашми хеш ин тарзи ишқварзиро бубинад».
Исматуллоҳи Саид, файласуф, ходими давлатӣ: «Ман аз овони наврасиям мухлиси таронаҳои Аҳмад Зоҳирам. Алоқамандони зиёди таронаҳои Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешиносам. Аммо бори аввал мебинам, ки як мухлиси сурудҳои Аҳмад Зоҳир ба ман албомҳоеро намоиш медиҳад, ки тақрибан чил сол муқаддам онро ҳангоми хонданаш дар синфи нӯҳум бо як меҳру муҳаббати беандоза тартиб додааст».
Назри Яздонӣ, шоир, файласуф, рӯзноманигор: «Чизи аввале, ки ба хотири ҳар як меҳмони ин хонаи кӯчаки бузург мерасад, ин аст, ки ҳақиқатан дили инсон як сарои пурвусъат аст, ки бузургтарин ишқҳоро дар худ ҷой дода метавонад. Ишқе, ки бародари мо Абдуғаниҷон варзидаанд ба ҳунар ва зуҳури ҳунар дар симои Аҳмад Зоҳир, ҳақиқатан, аҳсант гуфтанист. Бубинед, ки мо дар албомҳо зерматнҳоеро мебинем, ки бо дасти хонандаи синфи нӯҳум навишта шудаанд. Маълум мешавад, ки воқеан барои касе, ки ҷӯянда аст ва ба монанди Аҳмад Зоҳир хона ба хона, кӯҳ ба кӯҳ, ҷӯ ба ҷӯ меҷӯяд, садде вуҷуд надорад. Ишқ худ ба худ раҳнамои ошиқ аст. Чароғе ҳаст, ки кӯчактарин, ториктарин зовияро барои одам равшан карда метавонад. Мисолашро мо дар хонаи бародари азизамон Абдулғаниҷон мебинем. Барои ман бисёр хушоянд ҳаст, ки ин ҳама дар канори рӯди барои мо азизи Кофарниҳон аст. Ҷои хуш обу ҳавое ҳаст. Ва ба назарам чунон мерасад, ки Аҳмад Зоҳир меҳмон шудаасту ин ҷо ба ӯ хуш омадаву дигар аз ин хона рафтан намехоҳад…».
Султони Ҳамад ва Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3414-l--------r.html
Шарҳҳо
Худо бувад ёрет
Куръон нигахдорет
Сахи мададгорет...
Зинда боши бародари азиз Ганичон...
Ташаккур ба устоди гироми Султони Хамад, барои чунин захматхояш... Дастатон дардро набинад. Зиндаву поянда бошед...
Бо камоли эхтиром Салмон...
RSS Обуна