14:04:47 01-уми Июни 2025 сол

РОБИТАҲОИ ҲУНАРӢ: ИМШАБ ҚАМАР ИН ҶОСТ

Дар таърихи адабиёту фарҳанги тоҷику форс шахсиятҳоест, ки бо ҳунару истеъдод ва бо осори волою арзишманди хеш натанҳо барои ҳамзамонони худ, балки барои наслҳои оянда низ мояи ифтихор мебошанд. Аз замони Борбади Марвазӣ маълум аст, ки шеъру суруд чун ду падидаи сурурангез баробару тавъам амалӣ мегашт ва ин анъанаву суннат то ба имрӯз идомаву густариш меёбад. Агар шеър самимиву пурмазмун гуфта шуда бошад ва мутриб онро бо оҳанги марғубу дилкаш сарояд, таъсиру ҷозибанокиаш бештар зоҳир мегардад, бинобар оҳангро либоси зебои назм ҳам мегӯянд, ки ин сухан аз пайвастагии мувофиқи шеъру оҳанг сар задааст.

 

sahnaМурод аз ин гуфтаҳо он аст, ки дар ашъори шоирони кӯҳансоли садаи бистуми Эрон чун Эраҷ Мирзо, Орифи Қазвинӣ, Маликушшуаро Баҳор, Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр ва дигарон мо бо номи  сарояндаҚамарулмулки Вазирӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки эшон дар ашъорашон ҳунари ӯро тавсифу ситоиш кардаанд. Шоирон натанҳо мафтуни ҳунари волои овозхониаш будаанд, балки эшон ошиқи шайдою волаи рӯи зебову хисоли некӯяш низ гардидаанд.

 

Хонандаи тоҷик аз ҳунар ва бо кадом равиш суруд хондани Қамарулмулки Вазирӣ огоҳӣ надорад, аниқтараш дар бораи ин сарояндаи эронӣ қариб, ки чизе намедонад гӯем ҳам, хато намекунем. Вақти он расидааст, ки мо аз рӯзгор ва осори сарояндагони машҳури олами ШарқАҳмад Зоҳир, хонум Гугуш, Муҳаммадризои Шаҷариён, Саттор, Муин ва дигарон китобҳо нависем, барномаҳо таҳия намоем, то ин шахсиятҳои фарҳангиро бештар шинохта бошем. Бо ин васила мо ба эҷоди эшон беҳтар ошно шуда, аз таронаҳояшон бештар баҳравар мегардем ва бо номи онҳо ҳачун ҳамзабон ифтихор низ хоҳем кард.

 

Инҷониб, ки солҳо боз мафтуну шефтаи ашъори форсиям, ҳар боре ки осори шоирони муосири Эронро мутолиа мекунам, чашмам ба номи Қамарулмулки Вазирӣ меафтад, ки адибон аз ҳусни зебою ҳунари волои ӯ бо як ихлосу эҳтироми зиёд сухан рондаанд ва дар дил қарор додам, ки дар бораи ӯ чизе нависам. Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ин сароянда соли гузашта дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» силсиламақолае ба табъ расида бошад ҳам, хонанда дар бораи баъзе паҳлӯҳои эҷодиёти ин сароянда маълумоти зиёде надорад. Бояд қайд кард, ки номи ӯ натанҳо ба осори адабӣ, балки дар асарҳои илмӣ низ бо некӣ зикр гардидааст.

 

Доктор Ғуломҳусайни Юсуфӣ дар мақолаи бо номи «Шеъри Эронгири Эраҷ Мирзо» навиштааш дар баробари ашъори шоирро мавриди таҳлил қарор додан, аз вижагиҳои шеъри бо номи «Қалби модар»-и ӯ сухан ронда, дар зимн аз Қамарулмулки Вазирӣ чунин ёдрас мешавад: «Қитъаи «Қалби модар»-ро Эраҷ ба манзури ширкат дар  мусобиқае, ки маҷаллаи «Эроншаҳр» (чопи Берлин) матраҳ карда буд, сурудааст. Дар ин маҷалла қитъае аз забони олмонӣ тарҷума шуда ва аз шоирони Эрон хоста шуда буд, ки онро ба шеъри форсӣ дароваранд. Дар ин мусобиқа Эраҷ аз дигар шоирон беҳтар суруд ва қитъаи «Қалби модар»-и вай чандон шӯҳрат ёфт, ки дар сафаҳоти громофон (бо овози Қамарулмулки Вазирӣ) сабт шуд ва ба ҷузъи шоҳкориҳои адабӣ даромад»Сафина» № 1, 2006).

 

Бояд хотиррасон намуд, ки шеъри мазкур дар «Осори мунтахаб»-и Эраҷ Мирзо (Душанбе, 1963) бо номи «Дили модар» ба нашр расидаву он аз ҷониби ҳунарманди нотакрор шодравон Маҳмуд Воҳидов ва нотиқи радиои ҷумҳурӣ Абдурашид Ҳоҷамқулов борҳо пешкаши сомеон гардидааст.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854