12:23:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

ЁДЕ АЗ ОВОЗХОНҲОИ ФАҚИД: ЗАФАРИ САҲНАИ ДИЛҲО

Хушбахтона, дар замони мо як зумра истеъдодҳое ҳастанд, ки бо мо дар як обу ҳаво ҳаёт ба сар мебаранд. Ин гурӯҳ ҳунармандон барои зебову дилнишин гардонидани ҳаёти мардум рисолат ёфтаанд. Яке рассом аст, дигаре ҳайкалтарошу саввумӣ оҳангсоз. Дар байни ҳунармандон шахсоне ҳастанд, ки Худованд ба онҳо овози фораму дилнишин ато фармуда аст. Ин дорандагони ҳанҷараи ҷонбахшро боз бо ҷавҳари эҷодкорӣ, ҷӯяндагиву ёбандагӣ низ арзонӣ доштааст.

zafar-nozimov6456465.jpgЯке аз ин гуна чеҳраҳои ҳунарӣ устод Зафар Нозимов мебошад. Давраи наврасии мо ба солҳои аввали ба саҳнаи баланди ҳунар қадам мондани ин ҳунарманди бесобиқа рост омада буд. Пас аз ҳар ҳунарнамоиҳои аввалини ӯ овозаи ҷавоне, ки бо савти дилнишину оҳангҳои дилрабо суруд мехонад, дар акнофу атроф паҳн мегардид. Сафи мухлисонаш рӯз аз рӯз меафзуд. Мардум-хусусан, ҷавонон сурудаҳои ӯро, ки бо услуби хос иҷро мешуданд, дар роҳу рӯ такрори бе такрор  месуруданд. Ҳар яке дар орзӯи барпо гардидани консертҳое буданд, ки дар он ин овозхони  умедбахш бояд ҳунарнамоӣ мекард.

Борҳо шоҳид будам, ки ҳангоми садо додани суруди ӯ аз карнаи радио мардум сару по гӯш мешуданд. Агар роҳравон буданд боз меистоданд ва агар дар ҷамъияте буданд ба якдигар ишорат мекарданд, ки касе сухани беҳуда нагӯяд. Ӯ рӯз то рӯз пеш мерафт. Ҳунарашро такмил медод ва сафи мухлисонаш низ афзун мегаштанд. Пайдо шудани аввалин магнитофону могнитолаҳо шабеҳи пайдоиши зарфҳои поку бузурге буданд, ки тайёр буданд, аз ин чашмаи ҷонбахши маънавӣ зарфияти худро пур кунанд ва ба ташнагони савту суруди Зафар бирасонанд.

Савту суруди ӯ ба ҳама хуш меомад. Боре Луқмон ном як нафар дӯстам аз хизмати ҳарбӣ баргашт. Ӯ ҷаҳонгашта шуда дар чанд ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намуда буд. Пас аз ба Душанбе баргаштан, сари ҳар вақт бо таассуф мегуфт, ки ҷумҳурии мо ягон заводи пуриқтидори техникӣ, ба мисли мошинсозӣ ё самолётсозӣ надорад. Дар ҳоле, ки Ӯзбекистону Қазоқистон ва Руссияву ҷумҳуриҳои шаҳрҳои назди Балтика аз мавҷудияти чандин заводҳои номбардор бархӯрдор мебошанд ва мутаносибан аз кадрҳои маҳаллӣ ҳам дар ин заводҳо кор мекарданд. Вале мо тоҷикон ба ғайр аз ифтихор аз гузаштагон, ки он ҳам дар шакли китоб (сухан) боқӣ мондааст, дигар чизе надорем. Бояд иқрор шуд, ки ин дӯсти мо табиатан каломи бадеъ, санъат, кино ва хуши осори санъати нафисаро тамошо кардан надошт ва ин ҳирфаҳоро дар рушди ҷумҳурӣ омили муҳим ҳисоб намекард.

Ман ҳам боре дар ҷавоб «Ҳар кас ва ҳар миллатро барои коре зодаанд» гуфтам ва илова намудам, ки баъди чанд рӯз консерти ҳунарпешаи номӣ – Зафар Нозимов барпо мегардад. Барои шумо ва Сайдалӣ низ билет гирифтам ва рафтани шумо ҳам шарт аст. То имрӯз нишунидам,ки сурудҳои Зафар ба касе маъқул нашуда бошад, агар ба ту писанд наояд, пас туро ба ягон табиб нишон додан лозим меояд. Ин таклифи ман ба вай писанд наомада бошад ҳам, лек розӣ шуд. Мо рӯзи муқарраргардида ба театри тобистона омадем. Тамоми саҳни театр аз тамошобин пур буд.

Консерт оғоз шуд ва ман гоҳ – гоҳ баҳси қаблан баргузоршударо ба хотир оварда дуздида ба ӯ нигоҳ мекардам. Ба назарам чунин менамуд, ки ӯ зоҳиран аз ҳунарнамоии Зафар қаноатманд аст. Вале ману Сайдалӣ бо тамоми   ҳастӣ ғарқи олами афсонавии сурудҳои Зафар будем. Нохост, Луқмон бо оринҷаш ба банди дастам задан гирифт. «Ҳамин қадар тоқат кард», аз дил гузаронидам ман ва тарафи ӯ нигоҳ кардам.

Луқмон дар ҳолате, ки ҳиқ – ҳиқ механдид, ба қатори боло ишорат кард. Вақте ки ба қафо нигаристам, дидам, ки се нафар ҷавонписари зоҳиран ба ӯзбек монанд моту маҳбути сурудҳои ӯ буданд ва дар баҳри маъниҳои ошиқона ғутавор. Зоҳиран ягон кори дигар диққати онҳоро ба худ намекашид. Як нафаре, ки дар миёна менишаст комилан ба сурудхонӣ дода шуда баробари сароянда лабонашро бесадо ба ҳаракат дароварда лаззат мебурд ва зери лаб матни онро такрор мекард. Маълум, ки пеш аз ҳама шефтагии ҳамин писар диққати Луқмонро ҷалб карда бад.

Ман ба Луқмон баргашта гуфтам:

Ором шав! Одобро риоя кун!

Луқмон сокит шуд, мо боз ба олами рӯҳбахши мусиқиву суруд фурӯ рафтем. Тақрибан баъд аз соате танаффус эълон шуд, ҳангоми ба роҳрав баромадан, бо ҳамон ҷавонони ӯзбек вохӯрдем, мисли он, ки шиносҳои дерина бошем, вохурдӣ намудем, онҳо таассуроти беандозаи худро баён намуда гуфтанд, ки аз роҳи дур – аз маркази ноҳияи Регар (Ҳозира Турсунзода) омадаанд ва ин дафъаи сеюм аст. Дар миёнаи солҳои 60 – уми асри гузашта бо вуҷуди фаровонии техника ба ноҳияҳои дурдаст шабона сафар намудан хеле мушкил ва гаронбаҳо буд ва он ҳам на ҳамеша муяссар мешуд.

Мо ин се ҷавонро ба хонаи худ,ки дар ҳамсоягии Политехникум мансуб ба ноҳияи Рӯдакӣ (ҳамонвақта Ленин) буд, даъват намудем. Онҳо миннатдорӣ изҳор намуда гуфтанд, ки волидайнашон онҳоро ба шарте иҷозат додаанд, ки дар кадом ҳолате,ки набошад бояд то саҳар ба хона расида биёянд. Бори аввал  суханашро давом дода гуфт- ҷавон, соати сеи шаб ва бори дуввум наздики соати панҷи саҳар ба хона расидем. Ба ивази ин, волидайнамон то саҳар мижа таҳ накарда, баргаштани моро интизорӣ кашиданд. Агар ин шаб то саҳар рафта нарасем,  дафъаи дигар барои ба консерт омадан иҷозат намедиҳанд.

Баъди танаффус, мо ба ҷойҳои нишасти худ баргаштем. Дидем,ки мардуми тамошобин ба берун аз девори театр нигариста бо ҳам чизе мегуфтанд. Луқмони кунҷков ба дарахтони пушти девори театр ишора намуда гуфт: Нигоҳ кун! Ба мардуме, ки билет нарасидааст, ба дарахтон баромада тамошо карда истодаанд. Дар ҳар дарахт, то ҳади имкон чанд нафарӣ тамошобин баромада нишаста буданд. Аҷибаш ин буд, ки дар байни наврасону ҷавонон, чанд марди солоре  ҳам ба болои дарахт баромада аз саҳна чашм намеканданд. Онҳо аз ин амалашон хиҷолат намекашиданд ва ҳар мулоҳизае, ки ба сарашон меомад онро ба лаззате, ки аз ҳанҷараи хуши Зафар Нозим бояд ба гӯшашон мерасид, бартараф мекарданд.

Рафиқи дигари мо Сайдалӣ аз ин дилбастагии мардум ба ваҷд омада ба Луқмон гуфт:

- Дидӣ бародари азиз, савти Зафар ҷавонони ӯзбекро аз роҳи дур, ки зиёда аз 60 километрро ташкил медиҳад, шабона ва пиёда ба ин ҷо овард. Ана вай мардака бин, аз галстуку шляпа доштанаш ибо накарда болои дарахт баромада суруди Зафарро гӯш мекунад. Ту бошӣ мегӯӣ, ки дилдодаи ягон хел санъат нестӣ. Луқмон аз ин суханони Сайдалӣ ба риққат омада гуфт:

- Ба ростӣ, ман ҳам мутаассир шидам ва то ин дараҷа ҷозиба доштани савти ӯро тасаввур намекардам.

- Рости гап, шояд таъсири истиқболи шунавандагон ва пазироии онҳо бошад,ки имшаб овози ӯ аз он овозе, ки дирӯз аз радио шунида будам –ҷавҳардортар аст.

- Албатта, гуфтам ман сурудҳои ту гӯш кардагӣ, на дар назди тамошобин, балки дар назди микрофони беҳис сабт гардидааст, ки ба сарояндаи ҳассосе ба мисли Зафар бетаъсир намемонад. Вале ин ҷо, дар рӯ ба рӯи тамошобин гӯё, боз як сӯҳбати рӯ ба рӯе воқеъ мешавад, ки сароянда онҳоро мебинад ва натиҷаи он ба эҳсосоти ӯ бетаъсир намемонад. Ин мисли муколамаи бе такаллум, вале рӯҳбахш аст.

Мо аз консерт бо як олам таассурот баргаштем, рӯзи дигар шунидам, ки Луқмон аз Универмаги марказӣ рубобе харидааст. Тақрибан, пас аз ду рӯз ба хонаи онҳо меҳмон шудам. Ҳанӯз аз дар надаромада садои тинг – тинги рубобро шунидам. Ҳарчанд садои рубоб шогирдона ва берабт буд, вале Луқмон гӯё дар назди як аудиторияи анбӯҳи тамошобинон баромад мекарда бошад, бо як ҷиддият чанд байтеро аз эҷодиёти Ҳилолӣ, вале дар пайравӣ ба тарзи хониши ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Абдулло Назриев адо мекард.

Ман ба хона ворид шуда, пас аз салому алейк ӯро бо ин ташаббуси наҷибаш табрик гуфтам ва бо изҳори ҳайрат афзудам:

-Хаёл кардам, ки баъд аз консерти Зафар Нозим ту дигар фақат аз ӯ ёд мекунӣ: ҳоло аз чӣ бошад, ки ба дигар сароянда пайравӣ мекунӣ. Луқмон ба ҳайрат омада:

- Ҳай – ҳай, чӣ гуфта истодаӣ. Зафар Нозим як ҳунарманди нобиға аст, ман куҷову вай куҷо. Аввал рубобнавозиро ёд гирам, баъд дар пайравии дигарон суруд хонда, овозама ба тартиб биёрам, - баъд кӯшиш мекунам, ки ягон суруди Зафарро пайравӣ кунам.

Луқмон пас аз андаке машқ карданҳо ба хулосаи ҷиддие омад,ки  сарояндагӣ ҳам ҳунари ҳар кас нест ва ӯ то имрӯз ҳикматеро такрор мекунад ва мегӯяд: То сарояндаи бад шудана шунавандаи хуб бошӣ беҳтар аст.

Чуноне ки дар боло ёд кардем, вақте, ки  дар шаҳри Душанбе консерти Зафар  Нозимов барпо мегашт, дар рӯзи барпо шудани консерт ба касса наздик шудан имкон надошт. Мардум ҳар як суруди тозаи Зафарро, ҳамчун бозёфти шахсӣ истиқбол мекарданд. Номи ӯ ва суруди ӯ вирди забонҳо буд ва  ҳаст. Ҳатто як муаллими мактаби миёна, ки Убайдулло ном дорад ва дар ҳамсоягии мо  зиндагӣ мекунад, ӯро пайравӣ намуда сурудҳояшро  дар ҷашну маъракаҳо такрор ба такрор месарояд. Убайдулло ду писар дорад, ба хотири сарояндаи дӯстдоштааш Зафар Нозим якеро Зафар ва дигареро ба хотири падари бузургвори сарояндаи дӯстдоштааш Нозим ном ниҳодааст. Қариб хонае нест, ки дар он Зафарро нашиносанд ва ё нишонае аз осори мусиқии ӯ надошта бошанд.

Пас аз навиштани сатрҳои боло ба хотирам рӯзҳои донишҷӯиям расид. Ман соли 1967 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар он вақт Университети давлатии Тоҷикистон ном дошт, дохил шудам. Ҳамчунон ки дар он рӯзгор маъмул буд, моро дар охири моҳи сентябр ба пахтачинӣ сафарбар намуданд. Раиси колхози ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритус Талбак Садриддинов: «Ба ман фақат факултети филология лозим аст» гӯён моро то хоҷагии худ роҳнамоӣ намуд.

Он ҷо моро хуб истиқбол карданд. Ман ки се сол дар омӯзишгоҳи касбӣ – техникӣ таҳсил намуда каме ҳам бошад, ба рӯзгори донишҷӯёни айёми пахтачинӣ ошно шуда будам, дурӣ аз хона ва надоштани фароғати назди радиёву телевизорро бо тоқати муайян таҳаммул мекардам. Вале донишҷӯёне, ки бори аввал аз хонаи падару модар ҷудо шуда, ба як ноҳияи дур ба пахтачинӣ сафарбар шуда буданд, ин рӯзҳоро бо мушкилӣ паси сар мекарданд.

Хусусан, набудани радиёву телевизор як халои иттилоотиро ба вуҷуд оварда рӯз то рӯз пазмонии донишҷӯёнро нисбат ба хона, дидори ёру ошно ва воситаҳои истироҳатию фароғатӣ зиёд менамуд. Як нафар аз ҳамкоронамон, ки Абдурашид Хӯҷамқулов ном дошт, баъдтар дар Кумитаи радио ва телевизион ба сифати наттоқ кор карда то ба вазифаи ҷонишини раиси комитет ҳам сабзида расид, бо худаш як радиои дастӣ оварда буд. Ҳамин радио, то андозае ғамбардори бачаҳо ба ҳисоб мерафт. Хусусан, вақте ки овозхонҳо суруд мехонданд, хеле лаҳзаи ҳаяҷонбахш буд.

Дар хотир дорам, вақте ки бори аввал аз ин радио суруди Зафар садо дода буд, ҳамкурси дигарамон Асадулло Шоҳмуҳаммадов пешниҳод намуд, ки дар мавриди сурудхонии Зафар ҳама комилан хомӯш нишинанд.  Донишҷӯи дигаре ҳам ҳамин гуна таклиф пешниҳод намуда як нафар ҳофизи ҷавони дар ҳамон рӯзҳо нав шӯҳрат пайдонамудаистодаро номбар кард. Баъд аз ин, байни донишҷӯён баҳсу андешаву пешниҳодоти зиёде пайдо шуда, то ба хулосаҳое рафта расид, ки донишҷӯён баъд аз ба шаҳри Душанбе баргаштан, аз ду ҷониб намоянда ихтиёр намоянд, то якҷоя дар консертҳои ин овозхонҳои шӯҳратдор иштирок кунанд ва ба он соҳибназарона баҳо диҳанд. Ин маслиҳатро ҳама маъқул донистанд.

Хуллас, баъд аз мавсими пахтачинӣ ин намояндаҳо, ки аз ҳар ҷонибе дунафариро ташкил медоданд якҷо омада корро сар карданд. Консерти гурӯҳи муқобил ду – се рӯз пештар баргузор гардид. Онҳо мувофиқи ваъда барои чаҳор нафар билет харидорӣ намуданд. Мо дар вақти бегоҳирӯзӣ тақрибан наздикиҳои соати 7 дар назди бинои «Кохи кино» (Дом кино) бо ҳам вохӯрдем. Дар назди касса ду – се нафар билет харидорӣ кардан мехостанд. Билетфурӯш «билет тамом шуд, ҷои холӣ нест» - гӯён онҳоро ба назди дарбон фиристод. Дарбон бошад, ба  ин тарафу он тараф нигоҳ карда гуфт: Агар розӣ бошед аз дӯкони рӯзномафӯрӯшӣ рӯзнома харидорӣ карда биёед. Метавонед рӯи фарш паҳн намуда шинед. Фарш тоза, рӯбучин карда шудааст.

Вақте ки мо ба толор ворид шудем, толор аз тамошобин пур шуда, мардум, чуноне ки назоратчӣ қаблан огоҳ намуда буд, дар роҳравҳо рӯзномарҳоро паҳн намуда болои он менишастанд. Баъд аз фурсате консерт оғоз шуд ва дар шахси сарояндаи ҷавон, ки мо қасдан ӯро ном намебарем, як овозхони умедбахшеро дучор омадем ва аз консерт бо рӯҳи болида ба хонаҳо баргаштем. Пеш аз хайру хуш, мо ҳам одоби маслиҳатро баҷо оварданӣ шуда онҳоро ба консерти Зафар даъват намудем.

Рӯзи консерти Зафар, пеш аз соати мӯқарраршуда, мо ба сифати мизбон дар назди «Кинотеатри Ҷомӣ» ҳозир шудем. Аз назди кинотеатри Ҷомӣ то назди ҳайкали Ленин (ҳозир мӯҷассамаи Исмоили Сомонӣ) пур аз мардуми тамошобин - ҳаводорону мухлисони  Зафар Нозим ҷамъ омада буданд. Ҳарчанд соати оғози консерт фаро расида бошад ҳам, аз дӯстони мо дарак набуд. Консерт тақрибан 20 – 25 дақиқа дертар оғоз шуд. Асадулло дар толор дар ҷои муқаррашуда нишаста, намегузошт, ки касе ба ҷои мо нишинад. «Ин ҷо ҷои меҳмонҳо» гӯён ҳар гуна таклифҳоро рад мекард.

Ман ба нозирони даромадгоҳ асли воқеаро фаҳмонида бори охирин ба берун баромада ба ҷустуҷӯи дӯстонамон шудам. Атрофи кинотеатр пур аз мухлисону ҳаводорони консерти мутриби  дӯстдошта буд. Кассаи кинотеатр, ки дар он баъзан, як миқдор билет барои меҳмонони пешбининашуда нигоҳдорӣ мешуд, ба қалъаи дастнорас табдил ёфта буд ва ба қавле ба он наздик рафтан намешуд. Ман аз байни анбӯҳи ҳаводорон - дӯстони санъатдӯсту баҳсангези худро ҷустуҷӯ менамудам, мутаассифона аз онҳо дарак набуд.

Қаблан маслиҳат шуда буд, ки агар дӯстонамонро пайдо карда натавонем, билетҳои онҳоро ба ягон ҷуфти дилдодаи ҷавон тӯҳфа хоҳем кард. Ҳайфҳо, ки дар ин шаби ғазалхониву масаррату  муғозалат дар наздикӣ чунин ҷуфте пайдо нашуд. Ғайри чашмдошт ба ман ду нафар духтари ҷавон, ки бо назари илтиҷову зорӣ нигоҳ мекарданд, дучор омаданд. Онҳо «бародарҷон билетҳоятонро бо кадом нархе, ки хоҳед фурӯшед» гӯён илтиҷо мекарданд. Ман ҳам ба онҳо «агар шумоён ин қадар мухлиси ашаддӣ бошед ин ду билетро ба шумо ҳадя мекунам» гуфта онҳоро ҳамроҳи худ ба толор бурдам.

Консерт хеле бошукӯҳ ва диданӣ барпо шуд. Зафари саҳнаи тоҷик мисли ҳарвақта бо лаҳни марғубу ҳанҷараи дилкаш ва матнҳои гуногунмазмун, ки мавзӯи аксари онҳо мавзӯи намиранда – ИШҚ буд, ба саҳна баромад. Соати тантанаи ҳаловати дилҳо оғоз шуд. Зафар оҳиста – оҳиста аз оҳангҳои нисбатан гарон ба оҳангҳои шӯх мегузашт. Баъзе тамошобинон, ҳамагуна тамкину виқорро аз даст дода, бо нидои Аҳсан, «Кам нашав; зинда бош», эҳсосоти худро баён менамуданд. Саҳна гул борон шуда, баъзе тамошобинон ду – ду, се – се сабадҳои гулро ба саҳна мебароварданд. Ин даъфа гулу гулдастаҳо ба назди булбул сари таъзим фуруд меоварданд. Саҳна гулборон шуд. Чанд нафар аз ходимони толор ва ҳамроҳони Зафар дар канори саҳна ду ва ё се мизро паҳлӯи ҳам гузошта, гулҳои болои ҳам чидаро, ки баъзе аз онҳо ғелида поин мефуромаданд, ҷамъоварӣ мекарданд ва болои миз паҳлӯи ҳам мечиданд.

Хуллас, консерт бо як шукӯҳу шаҳомати идона хотима ёфт. Мардум бо як олам таассуроти нек дилхушии оншабаро ба хонаҳояшон бурданд. Ману Асадулло чандин маротиба дӯстони худро ёдовар шуда афсӯс мехӯрдем, ки онҳо дар ин хурсандӣ бо мо набуданд ва аз ин фараҳу шодӣ баҳраманд нашуданд. Чанд рӯз пас мо бо дӯстони ғайбзадаамон рӯ ба рӯ шудем. Онҳо сабаб пеш оварданд, ки дар хона меҳмон доштанд, аз ин рӯ натавонистанд ба консерт ҳозир шаванд. Ба ҳар ҳол, аз ваҷоҳат ва рафтори онҳо маълум буд, ки чизеро пинҳон дошта истодаанд. Тақрибан, баъд аз шаш моҳ дар мавриде, ки сӯҳбат ба ҳамин мавзӯъ вобаста буд, асрори наомадани онҳоро боз пурсон шудам. Яке аз онҳо, ки  нисбатан соҳибназар буд, гуфт: Агар ҳақиқатро гӯем, мо омада будем, вале аз истгоҳи троллейбус, ки дар наздикии боғи шаҳр воқеъ аст, фаромадан замон дар ҳайрат мондем. Чунки мардум аз ҷониби боғи истироҳату фароғатии Ленин ба ҷониби майдони Ленин равона буданд.

zafar-mukofot2166.jpgМо фикр кардем, ки шояд ягон чорабини дигар низ ҳаст ва мардум дар назди ҳайкали Ленин ҷамъ шуда истодаанд. Маълум шуд, ки фавҷи мардум ба ҷониби «Кинотеатри Ҷомӣ» равона буданд ва аксари мардум бо умеди дарёфти билет он ҷо ҳозир шуда буданд. Вақте ки мо аз ҳақиқати ҳол огоҳ шудем, маро хиҷолат пахш кард ва дигар ёрои пеш рафтан наёфтем. Шармзада шудем ва нахостем, ки шумо моро дар ин ҳолат бинед. Баъд аз каме ба худ омадан, қарор додем, ки ба хонаи иҷора гирифтаамон баргардем. Он баҳонаеро , ки ҳамон вақт пеш овардем, аз натиҷаи ҳамон қарор буд. Аз он замон то имрӯз номи Зафар Нозимро бо эҳтироми хоса ёдоварӣ мекунем. Ин ҳақиқатест, ки ҳеҷ шарҳи дигар наметалабад.

Ман ҳам пас аз  ифшои ин роз чӣ гуфтанамро надониста мондам. Баъд, ба худ омада гуфтам, ки мо шуморо барои гумони дигар доштанатон товон гирифтанӣ набудем. Ин тадбир ҳам барои он буд, ки шумо аз ҳақиқати ҳол огоҳ шавед ва ҳам аз консерти он шаба, ки дар ҳақиқат ҳам тантанаи ҳунарнамоии ҳунарманди асил буд, лаззат баред ва истироҳат кунед. Вале шумо инро ба таври худ ҷиддӣ қабул карда боз қарори ғайри чашмдошт қабул кардед. Ҳам моро ва ҳам худатонро дар ҳолати ногувор мондед.

Барои тасдиқи маҳбубияти Зафар Нозим дар назди тамошобин,  боз далели дигареро ҳам ёдовар шуданиям, ки дар омӯхтани ҳаёти ин ҳунарманди бесобиқа шояд лозим шавад. Боре тақрибан, тирамоҳи соли 1968 дар назди театри Лоҳутӣ эълонеро овехта дидем, ки он аз хусуси барпо шудани консерте бо иштироки артистони номии кишвар дарак медод. Дар эълон номи артисти халқии Ҷумҳурӣ Зафар Нозимов ҳам сабт шуда буд. Номи ӯ баъд аз се ё чаҳор санъткор ки унвони Артисти Халқии СССР – ро доштанд, сабт шуда буд. Консерт оғоз шуд, маълум шуд, ки дар консерт меҳмонону рӯзноманигорони зиёди хориҷӣ низ ҳузур доштанд. Дар қатори аввал дипломатҳои хориҷӣ ва меҳмонон аз республикаҳои Иттифоқӣ ва аз Маскав нишаста буданд. Боқӣ меҳмони дохилӣ ва аҳли ҳукумати Тоҷикистон буданд. Касоне, ки ба ин консерт билет харида буданд, ҳамаро ба балкони театр фиристоданд.             

Консерт оғоз шуд ва аз рӯи барнома мунтазам идома ёфт. Аз рӯи навбате, ки дар рӯйхати эълон омада буд, бояд Зафар Нозимов суруд мехонд, навбат гузашт, вале Зафар суруд нахонд. Мардуми балкон безобита шуда боз як навбатро интизорӣ кашиданд, вале ҳеҷ не, ки артисти дӯстдоштаашон ба саҳна барояд. Азбаски қисми зиёди мардум ба хотири суруди Зафар Нозимов билетҳоро харидорӣ карда буданд, аз ҷои бархестанд  бо нидои эътироз «Зафар!» Зафар! гӯён ҳаёҳу бардоштанд, то рафт ин садо баландтар шуда хотири меҳмононро мушавваш сохт. Сафи якуму дуюми тамошобинон, ки аксаран меҳмонони хориҷӣ буданд  ба қафо, ба балкон бо таҳайюр нигоҳ мекарданд. Меҳмонони дигар низ аз ҷой бархостанд ва ҳар кадоме мехост бидонад, ки сабаби ин ҳаёҳӯй дар чист. Баъд аз чанд дақиқа тамоми мардуми балкон бо нишони эътироз аз боло поин фаромада баромада рафтанд.

Азбаски қисми муайяни меҳмононро дипломатҳо ва журналистони хориҷӣ ташкил медоданд, ҳамон бегоҳ расонаҳои хабарии хориҷӣ ин мағалу ҳайҳӯйро ба тарзи худ шарҳ дода, чунин иддао намуданд, ки гурӯҳи ҷавонони кишвар норозигии худро аз сиёсати давлат, дар назди меҳмонони хориҷӣ бо ҳамин усул изҳор намудаанд.

Рӯзи дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо органҳои дахлдор ҳайате ташкил намуда ба донишгоҳҳои шаҳр омаданд, то бидонанд, ки он ҳодиса аз чӣ сабаб рух дод. Аз ҷумла онҳо ба Университети давлатиии ба номи Ленин, ки банда дар факултети филологияи он таҳсил доштам, низ ташриф оварданд. Факултети мо дар он рӯзгор дар биное, ки ҳоло дар наздикии бинои «Садбарг» воқеъ аст, ҷойгир буд ва мо дар басти дуюм таҳсил мекардем. Дарси «Таърихи КПСС» ном фан буда онро профессори машҳур устод Мулло Эркаев мегузаштанд. Тақрибан, баъд аз понздаҳ дақиқа ба толор пешопеш намояндаи факултет, намояндаи ректорати донишгоҳ ва боз чанд нафар намояндаи ҳукумат ба аудитория ворид шуданд.

Як нафар аз намояндагони ҳукумат аз паст шудани сатҳи одоби ҷавонон сухан оғоз намуда, якбора ба аҳли аудитория муроҷиат намуда суол дод: «кӣ дар консерте, ки дирӯз дар театри Лоҳутӣ баргузор гардида буд, иштирок кардааст» ? Дақиқае сукут ҳукумфармо гардид. Касе аз донишҷӯён даст набардошт. Ман низ ба мулоҳиза рафтам ва аз даст бардоштану «ман ҳам иштирок карда будам» гуфтан худдорӣ кардам. Намоянда ба асли матлаб гузашта ҳодисаи дирӯзаро ёдоварӣ намуд ва гуфт, ки ҷавонони ба беодобӣ роҳ дода шӯру мағал бардошта рафти консертро халалдор намудаанд. Дар толор меҳмонону журналистони хориҷа иштирок доштанд. Онҳо инро аз норозӣ будани ҷавонон аз сохти сотсиалистӣ маънидод намуданд, ки ин  ба шаъни камсомолону ҷавонони советӣ иснод меорад. Намоянда дар охир боодоб будан ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, намунаи даврон шуданро таманно намуда аз аудитория берун шуданд.

Ман ҳоло ҳам намедонам, ки ин намояндагони ҳукуматӣ аз асли воқеа огоҳ шудаанд ё не. Ба ҳар ҳол, бояд эътироф кард, ки шояд ин ҳодиса ба пешрафти эҷодии ин ҳунарманди мардумӣ бенатиҷа намонда бошад. Шояд баъд аз ин ҳодиса, ба ҷои қадрдонии соҳибистеъдод, баръакс, воқеаи дар консерт иштирок накардани ҳунармандро баҳона карда, барои камтар ба саҳна баромадани ӯ мусоидат карда бошанд. Аҷаб нест, ки роҳбарони аввали онрӯзаи кишвар, дар баъзе аз ҷаласаҳои сатҳи ҳукумати онрӯза мавриди муҳокима ва танбеҳ низ қарор гирифта бошанд. Ба ҳар ҳол, чуноне ки худи Зафар Нозимов дар як баромади телевизиониаш қайд намуда буд. Роҳбарони онрӯзаи ҷумҳурӣ як «камбудии» ночизеро, яъне ба тамошобинон салом доданро, ки яке аз рукнҳои асосии одоби инсонӣ ба ҳисоб меравад, баҳона намуда, ӯро муддати 15 сол аз консертҳои ҳукуматӣ дур намуданд.

Ҳеҷ гумон намекунам, ки дар ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ касоне набуданд,ки савти Зафарро написанданд ва аз лаҳни диловези ӯ дил хуш накарда бошанд. Лекин ҳақиқатро инкор карда намешавад. Дар он рӯзгор ашхоси манқурттабиате ба хотири истиқрори курсиашон ҳама гуна истеъдодро паси по мезаданд, кам набуданд. Таърихи ҳунарҳои асил собит мекунанд, ки ҳунарманди Худодод  ҳамвор ва бемонеа ба қуллаи мурод рафта намерасад, агар баъзе аз ин монеаҳо бандҳои табии бошанд, қисми дигареро мардуми нотавонбину беҳунар ба тариқи сунъӣ эҷод мекунанд. Аз ҳама муҳим ин буд, ки ӯро мардум дӯст медошт ва дӯст медорад ва ҳунари волои сурудхониашро меписандид. Аз ин ҷост, ки фитаву дискҳои сабти овозаш ҳамеша дар фурӯшу ҳамвора дар гӯшанд.

Банда ҳаёти гузаштаи худро мадди назар меорам ва аз амалӣ нагаштани се чиз дар овони ҷавонӣ изҳори таассуф мекунам. Аввал ин, ки монеаҳои зиёде вуҷуд доштанд, ки  натавонистам китоби Худованд – Қуръони азимушшаънро ба тарзе, ки имкони комил даст медиҳад, аз бар кунам. Дуввум қудрати санъати тасвирофариние надоштам, ки духтари зеботаринеро, ки дар рӯзгори ҷавоним дӯчор омада будам, бо он сатвату, дилнишиние, ки аз рӯи нишонаҳои ҳусн, ки дар Шарқ дер боз меъёри зебоӣ эътироф шуда буд, тасвир намоям. – Ҳарчанд аз рӯи талаботи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат орзуи дуввум гӯё ба аввали мухолифат дорад, лекин бояд инро ҳам бигӯям, ки дар ягон ҷои Китоби Худованд ишорате нарафтааст, ки тасвирофаринӣ гуноҳ аст.

Магар дар аҳодиси набавӣ. Аз ҷониби дигар ишқи заминиро зинаи аввали худшиносӣ ва Худошиносӣ меҳисобидам. Муғозалатро (гуфтугӯи ошиқонаро) дар сарояндагӣ ва ғазалхонӣ ва риояи санооти сухан ва савту  ғиноро мӯъҷизаи Худовандӣ медонам. Ва аммо орзуи саввумам ин буд, ки орзуи доштани дастгоҳеро мекардам, ки бо он як ё як чанд консерти ҳунарманди бемисл Зафар Нозимро аз толор, ки дар ҳузури мардум воқеъ шуда бошад, сабт намоям. Боз ин дастгоҳ бояд дар фита ва дискҳое сабт мешуд,ки бо мурури замон нигоҳ накарда, таровату ранг ва зарофати он рӯзгорро комилан нигоҳ медошт. Таъкиди он , ки консерт бояд аз толор сабт шавад беҳуда нест.

Боре, бародарам Маҳмадҷон баъди хатми синфи 8 маро ба консерти Зафар Нозим бурд. Дар байни мардум миш – мише паҳн мешуд, ки гӯё дар консерти оншаба духтаре, ки Зафар онро дӯст медоштааст, низ  ба тамошо омада будааст. Тамоми консертҳое, ки дар он Зафар Нозим иштирок кардааст ва мекунад, барои ман азиз аст. Вале консерти оншаба такрор нашаванда буд. Барномаи консертӣ ба усули нисбатан завқбахш танзим ёфта буд. Он шаб асосан, шаби хониши ғазалҳои ошиқона буд.

Ҳарчанд мутриб, баъзан мавзӯъҳои дигарро низ дахл мекард, вале руҷӯъ боз ба ҳамин мавзӯъ буд. Лаҳну ҳанҷараи ӯ гӯё ҷавҳари тозатар пайдо карда ба дилу ҷони шунаванда асар мекард. Он ҷое, ки таассуф кардам асосан,  дар заминаи консерти ҳамоншаба  ва ҳамин гуна консертҳо пайдо шуда  буд. Дар ҳақиқат ҳам касе консерти ҳамоншабаро тамошо карда бошад, якумр онро фаромуш нахоҳад кард. Банда ҳам, ки сарояндагони зиёди кишвару билоди мухталифро борҳо гӯш кардаам, касеро ба дараҷаи сарояндагии ӯ намедонам. Мутаассифона, он рӯзгорон паси сар шуда ва акнун ба қавли худи устод Зафар Нозим шунавандагони ӯ  хонашинанд.

Устод Зафар Нозим ба он, ки худ эҷодкори мумтоз аст, боз баъзе аз сурудҳои мутрибони дигарро ҳам дар барномаи худ ҷо дода месарояд. Бояд эътироф кард, ки  аксари ин сурудаҳо дар хониши ӯ танини тоза пайдо мекунад, дилкаштару завқбахштар садо медиҳанд. Гӯмон мекунам, ки суруд ва матни шеъри «Эй зӯҳра», ки ба шоир ва сарояндаи мумтози афғон Зиё Қоризода тааллуқ дорад, аз ҷониби ӯ хеле дилкашу роғиб садо медиҳад. Сурудҳои «Эй сорбон», «Бана – бана гел» (Биё - биё ба наздам - туркӣ), Сӯйла ҷоним (Гӯш кун ҷоно - ӯзбекӣ), бархе аз ҳамин сурудаҳо мебошанд.

Аз хусуси он, ки устод Зафар Нозим марди босаховат ва меҳрубону ғамхор аст, гоҳ – гоҳ хабарҳое ҳам мешунидам, ки яке аз онҳо сазовори ёдоварӣ аст. Боре марде аз хусуси ҳунарнамоии ӯ дар ҷашни арӯсии ҷавоне ҳикоят намуд, ки чандон сармоядор набуд, вале дурахши ситораи санъат ҷашни оншабаи арӯсиро тафзили шаҳомат бахшид аст ва бар гирду атроф овозаи он паҳн шудааст. Вақте ки аз падари домод, чӣ гуна ба базми ҷашн овардани ҳофизи номиро пурсон шуданд, мард гуфтааст, ки қабл аз рӯзи таъиншудаи арӯсӣ назди Зафар рафта, аз хусуси хонадор шудани фарзанди ягонааш ба ӯ арз кардааст ва илова намудааст, ки орзуи ӯ ҳамин будааст, ки дар ин ҷашни домодию арӯсӣ Зафар Нозим мутрибӣ кунад. Устод Зафар розӣ мешавад ва дар ин шаби хурсандӣ бо камоли истеъдод ҳунарнамоӣ мекунад. Соҳиби тӯй бо вуҷуди камсармоягӣ маблағи лозимаро омода мекунад ва чуноне, ки дар он рӯзгор маълум буд, пеш аз хайру хуш  бо дастархони тӯёна назди Зафар мегузорад. Зафар шароити рӯзгор ва баландҳимматии мардро дида, ба болои маблағ тамоми пули аз базм ҷамомадаро илова мекунад ва ба мард «Ин тӯҳфа аз номи ман» - гӯён бармегардонад.

Ман намедонам, ки ин гуфтаҳо чӣ қадар ба ҳақиқат наздик аст. Вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки аз фитрати ӯ чунин нишонаҳои ҷавонмардӣ  на як бору ду бор, балки даҳҳо бор зоҳир шудаанд. Ҷавонмардӣ ҳам истеъдод аст.

Хулоса, дар бораи мутриби дӯстдошта суханҳои гуфтанӣ бисёр аст. Вале бо иқтизои фурсат бо ҳамин суханамро кӯтоҳ мекунам. Дар охир ба устодон ва мухлисоне, ки дар бораи устод Зафар Нозим мақолаҳо навишта буданд ва маро аз паҳлӯҳои эҷодӣ ва зиндагии ӯ аз наздик шинос намуда буданд, ҳамчун мухлис изҳори миннатдорӣ менамоям. Шояд теъдоди онҳо зиёд бошад, вале дар ин маврид он мақола ва гуфторҳоеро дар назар дорам, ки аз назари банда гузаштаанд. Инҳо мақолаҳои наттоқони номдори ҷумҳурӣ Абдурашид Хуҷамқулов ва Ортиқ Қодиров, сарояндаи хушилҳом  Афзалшоҳ Шодиев ва рӯзноманигори пуркору хушкор Шаҳлои Наҷмиддин  мебошанд. Инчунин иловатан, он дастандаркоронеро қайд кардан мехоҳам, ки дар телевизиони ҷумҳурӣ аз хусуси ҳаёт ва фаъолияти устод  намоишҳо таҳия намуда буданд.

Азбаски банда шеърҳое ҳам  эҷод мекунам, ки қисме аз онҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд, гоҳе шудааст, ки дар баъзе маврид дар шеъре ё байте аз ин сарояндаи мумтоз ёд кардаам. Дар ин фурсати мусоид, мехоҳам, шеъреро ба ёд орам, ки панҷ сол қабл иншо шуда буд:

Шунидам нафхи поки нури Яздон,

Расонид аз само рӯҳи Исоро.

Чунон ки ҳотифи лутфи Худованд,

Баре андар замин овард моро.


Басо мӯъҷизаҳо дидам айёнӣ,

Яке нохуш, дигар дилбанду форам.

Зафар Нозим суруде тоза андохт,

Ки шуд ҷони гиромӣ тоза аз ғам.

Шигифт аз савт дорам бо нафосат,

Чу Исо медамад ҷоне бар одам.     

*************

Нерӯи Шариф

Дар вафоти сарояндаи мумтоз Зафар Нозим

Куҷо шуд он ки лаҳнаш дилнишин буд,

Виқору хислаташ орӣ зи кин буд.

Зафар Нозим, ки савташ ҳамчу булбул,

Танинандоз дар чархи барин буд.

Зи сабти савти ӯ булбул навогир,

Киро завқе варо хилватнишин буд.

Ҳазорон аз навои ӯ садогир,

Ҳазорон боғбанду хӯшачин буд.

Ҳаводорон ҳаво гуфтанду афсус,

Намеомад аз ӯ ҳарфе яқин буд.

Бидидам Товосуш сарду фусурда,

Қаландар зору Ҷовидон чунин буд.

Ҳамон торе, ки рӯзу шаб бараш буд,

Зи мех афтода дар рӯи замин буд.

Ба Нерӯ гуфтам аз асрори маргаш,

Ҷигар пурхуну қалбаш ҳам ҳазин буд.

Вафоташро нагӯ чун ҷовидон аст,

Ки зеру бам ба тораш дар танин буд.

Ба таърихи вафоташ тибқи мелод,

Ҳазор омад дуву даҳ бар ҷабин буд.

Маҳмадёри Шариф, барои «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 22.05.2011 23:37
БУЛБУЛИ ГУЙЁИ КУХИСТОН ЗАФАР НОЗИМОВ. Укоби баландпарвози боги санъати точик буд Зафар Нозим.Сад афсус,ки аз байни мо рафт... Устоди бузузурги санъати точик Зафар Нозим тараннумгари ормонхои чандин насли точиконанд ва шахсутуни санъати миллии точик ки дар дилу дидаи мардум чой дошт аз байни мо даргузашт.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi