15:13:37 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РӮ СӮИ ИШҚ КУН,КИ ТУРО ФУРСАТ АНДАК АСТ!

Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ, дили доғдори моро,

Ки ҳазор лола пӯшад баъд аз ин мазори моро?

Симини Беҳбаҳонӣ

«Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» (2012) савумин китоби  Султони Ҳамад-яке аз аҳмадзоҳиршиносони машҳури кишвари мо маҳсуб меёбад.Ин китоб аз сарсухан ва бахшҳои «Мусиқии Ғарбро бо мусиқии Шарқ оштӣ додам», «Аксҳо», «Замима» («Таронаҳое, ки оҳангҳояшон эҷоди  Аҳмад зоҳир аст», «Таронаҳое, ки оҳангҳояшон эҷоди Фазлаҳмади Найнавоз аст», «Таронаҳое,ки оҳангҳояшон сохтаи Шоҳавлӣ Валии Таронасоз аст»), «Адабиёт» ва «Барои қайдҳо» иборат мебошад.

/images/stories/2013/01/17_ahmad-zahir-170113.jpgМуаллиф дар сарсухани хеш роҷеъ ба зуҳури Аҳмад Зоҳир, шӯҳрату махбубияти ӯ дар арсаи мусиқию овозхонии форсизабонҳо, сабаб ва ҳадафи нигориши худ, нишон додани таъсири мусиқии Ғарб ва ҳунармандони он суханронӣ мекунад. Гузашта аз ин,вай оид ба таҷрибаи ҳунарӣ, нуфузи сурудаҳои Аҳмад Зоҳир дар соири табақоти иҷтимоъ, аҳамияти эҷоди рисолаву мақолот ва пажӯҳишот перомуни ҳаёту фаъолияти ҳунарию овозхонии Аҳмад зоҳир, судҷӯиву талошҳои борвари ӯ аз пайванд бахшидани мусиқии Ғарбу Шарқ, ба вижа овозхонони варзидаи ғарбӣ, мутрибону оҳангсозони вай ва ғайра низ маълумоти судманд медиҳад.

Дар бахши «Мусиқи Ғарбро бо мусиқии Шарқ оштӣ додам», ки орият аз суханони худи Аҳмад Зоҳир, яъне посухҳои ӯст, нигоранда дар хусуси вуруди мусиқии Ғарб ва Афғонистон, ташкили омотурҳо (гурӯҳҳои мусиқии эстрадӣ), сурудаҳои овозхонони Урупо, аз ҷумла Элвис Пресли, Энрико Массиас ва сарояндагони дигар, пайравии Аҳмад Зоҳир аз онҳо («Шабе зи шабҳо», «Ёди рӯзгори ширин», «Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ», «Зебо нигорам, ба ман нигоҳ кун», «Танҳо шудам,танҳо шудам», «Ай гулузори ман, боғу баҳори ман», «Донам чаро чашмони ту», «Туро афсуни чашмонам»), мутрибону навозандагони вай (Муҳаммад Анвари Навшод, Муҳаммад Исмоили Аъзамӣ, Фақирмуҳаммади Нангиёлай, Муҳаммад Салими Сармаст, Масҳур Ҷамол, Абдулло Эътимодӣ, Муҳаммад Ҳусайни Ормон), оҳангсозони маъруфи Афғонистон (Фазлаҳмади Найнавоз, Шоҳавлӣ Валии Таронасоз), вохӯрии Аҳмад Зоҳир бо Эдита Пиеха (ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ), Шакира, Рустам Ғуломов, ки сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро ба тоҷикиву русӣ мехонад ва пайравони ӯ дар Русияву Қафқозу Осиёи Миёна, аз ҷумла овозхонони ӯзбек, қазоқ, қирғиз,туркман (Сайёра Қозиева, Оразбек Сафаров, Бобомурод Ҳамдамов, Роҳила Ӯсмонова, Шералӣ Ҷӯраев) ва ғайра изҳори назар менамояд.

Муалллифи китоб дар хулосаи ҳамин бахш дар бораи Аҳмад Зоҳир, ки «мусиқии Ғарбро бо мусиқии Шарқ оштӣ додам»1-гуфта буд, ба чунин натиҷа мерасад: «Пеш аз ҳама, ба сабаби он ки ӯ заминаи хуб барои як овозхони маъруф шудан дошт, яъне садои нодир, истеъдоди Худодод, дарки олии мусиқӣ, шеърфаҳмӣ ва муҳимтар аз ҳама, ишқи беандоза қавӣ ба ин ҳунари зебо ва қобилияти  беҳудуд заҳмат кашиданҳо кори ӯро дар масъалаи ба ҳам овардани ин ду мусикӣ хеле осон  карда буд. Як чизи дигарро низ набояд фаромӯш кунем, ки ӯ забони инглисӣ ва забони ҳиндиро,ки барои як овозхони сатҳи ҷаҳонӣ шудан хеле муҳим аст, олӣ медонист. Ҳамин замина боиси он шуд, ки ӯ битавонад беҳтарин сурудҳои овозхонҳои маъруфи ҷаҳонро бо беҳтарин сабки танҳо ба ӯ хос бихонад… Аз тарафи дигар,дар навохтани оҳанги ин таронаҳо Аҳмад Зоҳир,дар баробари истифодаи созҳои мусиқии ғарбӣ, аз созҳои миллии афғонӣ ва умуман, Шарқ хеле моҳирона истифода бурдааст. Аҳмад Зоҳир аз ҷумлаи он овозхонҳои афғонист, ки бештар аз дигарон аз созҳои мусиқии урупоӣ истифода кардааст. Ӯро нахустин овозхони форсигӯе медонанд,ки аз сози барқии мусиқӣ-синтезатор истифода бурдааст…».2

Дар бахши дувуми китоб, ки «Аксҳо» унвон гирифтааст,расмҳои Аҳмад Зоҳир, писараш Рашод, Энрико Масиас,Алла Пугачёва, Дорис Дей,Элвис Пресли, Лучанно Паваротти, Марио Ланса, гурӯҳи «Ореро»,Мери Ҳопкин, Салваторо Адамо, Хулио Инглесиес, Муслим Магомаев, Шералӣ Ҷӯраев, Ҷони Кеш, Шакира, Энрико, Карузо, Аҳмад Валид, Халил Роғиб,Исмоил Аъзамӣ,Фақирмуҳаммади Нангиёлай, Бобомурод Ҳамдамов, Акбар Ромиш, Рустам Ғуломов, устод Қосим Афғон, Найнавоз, Муҳаммад Осифи Чиштӣ, Хонум Жило, Сӯҳроби Маҳмуд ва дигарон ҷой дода шудааст,ки аз ҳар лиҳоз барои мухлисони Аҳмад Зоҳир таваҷҷӯҳбарангезу фоидаманд мебошанд,зеро бархе аз ин аксҳоро хонандагон бори аввал мебинанд ва ба онҳо ошно мешаванд. Аз сӯи дигар,ҷой додани онҳо дар ин рисолаи пурарзиш ба ҳусни он ҳусн зам кардааст.

Нависанда дар бахши «Замимаи китоб»,яъне бахши саввум,матни шеърҳоеро,ки Аҳмад Зоҳир ба онҳо оҳанг бастааст,бо номи муаллифонашон овардааст,ки барои ошноии бештару беҳтари мухлисон хеле муҳим мебошад,зеро хонандагон,алалхусус дӯстдорони овози Аҳмад Зоҳир,бори нахуст имкони ошноӣ бо матни саҳеҳ ва моли кӣ будани шеърҳо ва оҳангҳоеро, ки ҳамвора мешуниданд, аммо соҳибони онҳоро намедонистанд, пайдо менамоянд. Воқеан, дар китобҳое, ки қаблан чоп шуда будаанд (масалан,китоби «Боз омадам»3, ки аз рӯи хондаҳои Аҳмад Зоҳир ва кассетаҳояш гирдоварӣ шудаанд), моли кадом шоир ва оҳангсоз будани онҳо номаълум буд.

Хидмати Султони Ҳамад аз он иборат аст, ки таронаҳоеро,ки оҳангҳояшонро худи Аҳмад Зоҳир сохтааст(50-то) ва шеърҳоеро,ки оҳангҳояшонро Фазлаҳмади Найнавоз ва Шоҳавлӣ Валии Таронасоз сохтааст (50-то),бо номи шоиронаш овардааст. Дигар, матни онҳоро аз рӯи маҷмӯаи шоирон пешкаши мухлисон кардааст. Бинобар ин, дар матни ашъор қариб,ки хатое ба чашм намерасад. Аммо дар китобҳои пешин, аз ҷумла китоби «Боз омадам», хатоҳо хеле зиёда буданд. Ин аз он сабаб рух додааст,ки онҳо шеърҳоро на аз маҷмӯаву девонҳои шоирон,балки аз кассетаҳо шунидаву навишта кардаанд. Лиҳозо, хатоиҳо ворид шудаанд,зеро на ҳамеша талаффуз бо навишт мувофиқат менамояд.

Ба ҳарфи равшантар, на ҳамеша ҳангоми гӯш кардану навиштани шеър асли он бехато рӯи коғаз оварда мешавад, зеро овозхонҳо аксар авқот вожаҳоро мекашанд, ҳарфҳоро меафзоянд ва ё ҳазф менамоянд, тағйир медиҳанд ва ғайра. Аз ҳама бадтар, на ҳамеша сурудаҳо дар кассетаҳо софу шаффоф сабт шудаанд,балки бисёр вақт хираву ғуборолудаанд. Аз ин лиҳоз, наметавон матнро дуруст шунид ва саҳеҳ сабт намуд ва рӯи коғаз овард. Барои ҳамин ҳам қиёси сурудаҳо бо матни аслӣ,ки дар маҷмӯаву девонҳои шоирон мундариҷанд, як кори ҳатмӣ ва зарурист. Хушбахтона,Султони Ҳамад ин корро ба навъи аҳсан анҷом додааст ва матни саҳеҳи сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро тақдими мухлисони бешумори ӯ намудааст ва худро ҳамчун пажӯҳишгари пухтакору воқеъбин ва огоҳ аз шеъру мусиқию оҳангсозӣ муаррифӣ намудааст.

Зимнан бояд арз кард,ки мо то ин дам ба китобҳои дигари ин  аҳмадзоҳирпажӯҳи заҳматкаш, аз ҷумла китобҳои «Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо»(2005), «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ»(2007) ошно шуда будем. Инак, китоби савуми ӯ-«Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» фарочанги мо қарор дорад. Мо ин китобро бо шавқу завқи зиёд мутолиа кардем. Дар воқеъ, хонанда тавассути ин китоб ба ҳунари Аҳмад Зоҳир ва тадриҷан аз доираи мусиқии маҳаллӣ, минтақавӣ ва шарқӣ берун баромадани ӯ маълумоти кофӣ ба каф меоварад.Ҳамзамон,ба заминаҳои ибтикороту ибдоъи вай,ки дар фазои мусиқӣ ва овозхонии форсизабонҳо бесобиқа аст,ворид мешавад ва билохира, мефаҳмад, ки башар,бо вуҷуди гуногунрангии чеҳра, пусту дину оин, забон, нуқтаи назар ва ғайра, як пайкари воҳид аст ва ҳамеша ниёз ба ҳамдигар дорад,аз якдигар баҳрабардорӣ менамояд,аз ҷумла дар қаламрави мусиқию овозхонӣ. Ба қавли Назирии Нишопурӣ:

Як гулем, аммо ба рутбат чун хуму паймонаем,

Мухталиф дар рангу бӯем, арчи аз як донаем.4

Бубинед,агар Аҳмад Зоҳир мусиқии Ғарбро намеомӯхт, аз асбобҳои эшон кор намегирифт ва танҳо бо созу хонданҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва шарқӣ маҳдуд мешуд, ҳеҷ гоҳ сурудаҳояш ба чаҳор рукни гетӣ намерасид, балки берун аз Афғонистон намебаромад. Аммо Аҳмад Зоҳир, ки дорои истеъдоди зотӣ буд  ва ишқу алоқаи зиёд ба мусиқию овозхонӣ дошт, хуб фаҳмида буд, ки бидуни қолабшиканӣ ва ҳамгароӣ бо санъат ва мусиқии ҷаҳонӣ, ба вижа Урупо, ки дастовардҳои беназир дорад, наметавон чеҳрае мондагору ҷовидонӣ шуд.

Аз ин хотир, ба омӯзиш ва кандукови на танҳо мусиқии пешқадами Шарқ, ба вижа Ҳинд, балки Ғарб низ ҳиммат гумошт ва дар натиҷаи ба ҳам овардану омезиш додани онҳо аз худ симое беназир дар олами мусиқию овозхонии форсизабонҳо падид овард, ки аз замони Борбад то имрӯз назираш наёмада буд. Аз ин назар,банда бо камоли ҷуръат ва боварӣ мегӯям,ки Аҳмад Зоҳир аъҷуба аст, аъҷубаи олами мусиқию овозхонӣ. Аз бозе ки ҳунари мусиқию овозхонӣ ба вуҷуд омадааст назираш наёмадааст ва нахоҳад омад. Дар ҳакиқат, мо ҳанӯз ӯро дуруст нашинохтаем.

Корҳое, ки дар ин самт карда шудаанд, корҳои ибтидоианд ва қатаре аз баҳр ба ҳисоб мераванд. Аз ин нуқтаи  назар, донишмандон, аҳли завқу адаб, ба вижа мусиқишиносон ва наққодони ҳунару овозхонӣ бояд барои кушодани сирру асрори ҳунари овозхонии Аҳмад Зоҳир миёнро мӯҳкам бибанданд ва даст ба ковиши ҷиддӣ ва ҳамаҷониба бизананд. Ба сухани дигар, масъулони ҳунару мусиқӣ, нақди мусиқӣ дар пеши ин ҳайкали бузурги мусиқию овозхонии форсизабонҳо қарздоранд, зеро ҳанӯз ба таври бояду шояд ҳунари фавқулодаи ӯро баррасию кашф накардаанд ва ба осори мондагораш баҳои ҳаққонӣ надодаанд. Бинобар ин, бори дигар мегӯем, ки мисли Аҳмад Зоҳир наёмадаву дигар нахоҳад омад. Ин байт забони ҳоли ӯст,ки ба мо ҳушдор медиҳад:

Ҳазорон ҳамчу булбул ҳар баҳоре мешавад пайдо,

Навосанҷе чу ман дар рӯзгоре мешавад пайдо.5

Албатта, ҳар ҷо, ки кор аст, навоқис ҳам ҳаст. Бинобар ин, китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» низ дорои кӯтоҳиҳое мебошад, ки зикри онҳо мӯҷиби такмили он дар оянда ҳоҳад шуд. Аввалан, сарсухани китоб каме ноқис аст, тафсил мехоҳад, зеро маълумоти зиёд ва арзишманде, ки дар китоб гунҷонида шудааст, инро тақозо менамояд. Дигар, гоҳ-гоҳ андешаву муҳокимаҳои таассубомез ва ғалат,аз ҷумла ғарбситезӣ, шӯрависитезӣ, ки баъди пош хӯрдани он муд шудааст (с.6-11), дар рисола ба чашм мерасад, ки боиста ва шоистаи ин китоби хубу хонданӣ нест, зеро воқеъият таҳриф мешавад.

Худ қазоват кунед, агар Аҳмад Зоҳир мусиқии «ишғолгарон» (с.7), яъне урупоиёнро намеомӯхт, аз асбобу анҷоми онҳо истифода наменамуд, оё ба ин дараҷаи шӯҳрату маҳбубият мерасид? Албатта, не! Агар Иқбол дар Урупо таҳсил намекард («Хирад афзуд маро дарси ҳакимони Фаранг»), метавонист, ки дар Шарқ инқилоби фикриву амалӣ бинамояд ва кишваре ба номи Покистон қад алам кунад? Албатта, не! Аз ин хотир, мо бояд аз рӯи эҳсос ва таассубу ғаразҳои иҷтимоиву сиёсӣ, ки ҳар замон тағйир мепазиранд ва буқаламунгунаанд, қаламфарсоӣ накунем, теша бар решаи тараққиву такомули худ назанем, балки аз воқеъият кор бигирем, ҳақиқатро бигӯем.

Савум, китоб таҳрири бисёр ҷиддӣ мехоҳад (ҳам аз нигоҳи забон ва ҳам баён). Албатта,мо хатоиҳои зиёди техникиро, ки дар китоб вомехӯранд, дар назар надорем. Чаҳорум, дар шеъри «Донам чаро чашмони ту» (с.75) мисраи «Ки манам басти? Нотавон» маънӣ намедиҳад. Онро дар чопи оянда ислоҳ бояд кард. Дар саҳ.78 ба ҷои «чаро»-«чиро» омадааст,ки саҳеҳ нест. Онро «чаро» бояд навишт,зеро «чиро» маънои дигар медиҳад. Ба ҳарфи дигар, вожаҳоро на аз рӯи талаффуз (гуфтор), балки аз рӯи матн (навиштор) бояд овард.

Ҳамин ҳолат дар шеъри «Тавба», аз шаби ҳиҷрон,тавба» (с.103) низ рух додааст. Муаллиф онро дар шакли талаффуз (лаҳҷа) овардааст, аммо боз ҳам нодуруст («тувба»), зеро он дар талаффузу лаҳҷа низ «тувба» нест, балки «туба» аст (албатта, дар Афғонистон), аммо дар Тоҷикистон «тоба» мебошад. Ба ҳарфи дигар, «тувба», «туба» ғалат аст, шакли саҳеҳ ва китобии он «тавба» аст. Дар саҳ 85 ба ҷои «Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам»-«Шаб ки? дар бастаму маст…» омадааст,ки ғалат аст.

Дар саҳ 116 ба тазоди фикр рӯ ба рӯ мешавем. Муаллиф мегӯяд: «Ҳамин тариқ, мерасем сари натиҷагирӣ ба саволи Аҳмад Зоҳир чӣ гуна мусиқии Ғарбро бо мусиқии Шарқ оштӣ дод?». Ин суоли Аҳмад Зоҳир нест,ин посух ва гуфтори ӯст,яъне посух ва ҷавоби ӯст,ки мегӯяд: «Ман мусиқии Ғарбро бо Шарқ оштӣ додам». Дар саҳ 119 ибораи «сайёраи замин» саҳеҳ нест,зеро ҳадафи муаллиф «тамоми рӯи замин аст». Дар  саҳ.155 мисраи аввали шеъри Симин «Вой ман беҳудаам,беҳудаам дар корҳо» ба шакли «Вой ман беҳудаам,беҳуда? дар корҳо» омадааст.

Ҳамзамон,дар мисраи чаҳорум, ба ҷои «Эй шумо аз зиндагӣ лабрезҳо,саршорҳо»-«Айши мо? аз зиндагӣ…» омадааст, ки ба маънии шеър халал ворид кардааст. Дар саҳ.165 номи шоир «Фурӯғии Бастомӣ» ба шакли «Фурӯғи? Бастомӣ» омадааст. Дар саҳ.172 мисраи аввали шеъри Аҳмад Гулчини Маонӣ-«Моҳам зи раҳ расид,вале норасида рафт» дар шакли «Моҳам зи раҳ расиду? вале норасида рафт» омадааст.

Дар саҳ 179 ба ҷои «баланд шудӣ»-«буланд шудӣ», дар саҳ.210 ба ҷои «ҷои ман»-«ҷози ман» омадааст ва  ғайра. Аммо, бо ин ҳама, китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии  Ғарб» марҳалаи тоза ва гоми ҷадидест дар аҳмадзоҳиршиносии тоҷик, ки ба дасти пажӯҳишгари пуркору пурдон-Султони Ҳамад сомон пазируфтааст. Умед дорем, ки ин ягона пажӯҳандаи муваффақи Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон ба кори худ идома медиҳад ва бо рисолаҳои нави хеш дар ин замина моро  боз ҳам бештар шоду масҳур месозад. Ба қавли Ҳофиз:

Мутриби хушнаво, бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав,

Бодаи дилкушо биҷӯ, тоза ба тоза, нав ба нав! 6

ПАЙНАВИШТҲО:

1. Султони Ҳамад. Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб. Душанбе, Бухоро, 2012, с.6.

2. Ҳамон ҷо, с.116-118.

3. Боз омадам. Душанбе, 1992,-135с.

4. Девони Назирии Нишопурӣ. Теҳрон, 1379, с.260.

5. Соиб. Мунтахабот. Душанбе, Ирфон, 1980,с.194.

6. Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. Душанбе, Ирфон, 1983,с.492.

ҶАМОЛИДДИН  САИДЗОДА

Бознашр аз ҳафтаномаи «Озодагон», 16-уми январи соли 2013.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi