16:06:04 11-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Стратегияи нави Аврупо барои Осиёи Марказӣ: Авлавият ба ҳамкориҳои дуҷониба Сиёсат 02.07.2015 00:20 1227
Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои минтақа бо ҳазинаи беш аз 1 миллиард евро, ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои минтақаро дар авлавият қарор додааст. Қаблан сиёсати Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо иҷрои стратегия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) бештар ҳамкориҳои минтақавӣ, яъне муштарак бо ҳама кишварҳоро дар назар дошт.
Дахолати генерал Шералӣ Мирзо ба қазияи марги як сарбози қаторӣ Иҷтимоъ 02.07.2015 00:18 1253
Вазири дифои Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Суғд фармондеҳони қисми низомии 04080 дар ноҳияи Конибодомро иваз кардааст. Як моҳ пеш дар ин қисми низомӣ як сарбоз бар асари латукӯби ҳамхидматонаш ҳалок шуда буд.
Тақозои 18 соли зиндон барои "Шайх Темур" Иҷтимоъ 02.07.2015 00:16 1058
Айбдоркунандаи давлатӣ ва ё додситони парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба Шайх Темур аз додгоҳ хостааст, ин рӯҳониро бо гуноҳи тамаъҷӯӣ ба 18 соли зиндон маҳкум кунад.
Чаро Бонки миллӣ аз 200 кормандаш даст мекашад? Иқтисод 02.07.2015 00:15 1424
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷаласаи рӯзи 25 июни раёсати ин бонк, сохтори нав қабул гардид, ки ихтисори 197 нафарро дар назар дорад. Сохтори таҷдидшудаи Бонки миллӣ аз 1 сентябри соли равон бо 492 корманд дар дастгоҳи марказӣ ва 306 корманд дар шӯъбаҳои минтақавӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард.
Ҷанги ду авлод дар Қумсангир: як куштаву се захмӣ Иҷтимоъ 02.07.2015 00:12 1077
Дар пайи ҷанги ду хонавода дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти "Ваҳдати миллӣ"-и ноҳияи Қумсангир дар ҷануби Тоҷикистон, як нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.
Дар Тоҷикистон пардохти электронии андоз ҳатмӣ шуд Иқтисод 02.07.2015 00:10 1659
Сар аз рӯзи чоршанбеи 1-уми июл ширкатҳо дар Тоҷикистон муваззаф шуданд, танҳо тариқи электронӣ ба Кумитаи андоз дар мавриди падохти молиёт аз арзиши иловашуда ва ё НДС гузориш бидиҳанд.
Н.Қосим: "Дар 5 сол назму насри назаррас надидам" Адабиёт ва фарҳанг 30.06.2015 23:28 1522
Насли нави нависандагони Тоҷикистон аз Низом Қосим ислоҳоте дар фаъолияти Иттиҳоди нависандагон - ин ниҳоди маъруф ба "созмони кӯҳансолон” интизоранд.
Ҳукми "Шайх Умеди Салафӣ" ва сирри пулҳои салафиҳои тоҷик Иҷтимоъ 30.06.2015 23:26 1479
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Умед Ҷабборов, маъруф ба “Шайх Умеди Салафӣ”-ро бо ҷурми барангехтани кинаю адовати мазҳабӣ ба панҷуним соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.
Ғуломризоӣ бо пулҳои масҷиди калонтарини Тоҷикистон фирор кардааст Иҷтимоъ 30.06.2015 23:24 1261
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шоиста Ғуломризоӣ, шаҳрванди Эрон ва раиси ширкати "СОБ"-ро, ки сохтмони манораҳои масҷиди бузургтарини Тоҷикистон ба ӯҳдааш буд, таҳти пайгард қарор додааст.
Аршавин: Агар "чап" гирем, бисёр овозхонҳои тоҷик ба додгоҳ мераванд Иҷтимоъ 30.06.2015 23:22 1234
Аршавин, сарояндаи эронӣ, барои бозхонии таронаи "Дар оғӯши ту мемирам" аз Нигина Амонқулова узрхоҳӣ кард. Қаблан Нигина ва Тобиш, муаллифони тарона гуфта буданд, ӯро ба додгоҳ мекашанд.