Хазина аз
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ОФАТ ДАР ҶОПОН АЗ 9 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ
Хабар
22.03.2011 15:29
2254
Теъдоди қурбониёни заминларза ва тсунамии мудҳиш дар Ҷопон аз марзи нӯҳ ҳазор нафар убур кард. Бар пояи иттилоъи расмӣ, беш аз 12-у ним ҳазор нафар то ҳол беному нишонанд.
ДАР ТАРКИШ ДАР ПОКИСТОН ҲАМА КӮҲКАНҲО КУШТА ШУДАНД
Хабар
22.03.2011 15:26
2090
Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, бар асари таркиш дар кони ангишт ҳамаи 43 кӯҳкан ба ҳалокат расидаанд. Имрӯз охирин ҷасадҳо аз ин кон, ки дар 40 километрии шарқи Кветта ҷойгир аст, берун оварда шуданд. Ифтихор Аҳмад, муфаттиши корҳои кӯҳӣ, эълом дошт, ки амалиёти наҷот дар ҷойи ҳодиса ....
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ЭРОН ИМРӮЗ ОҒОЗ МЕШАВАД
Хабар
22.03.2011 13:32
1876
Имрӯз як ҳайати бузурги фарҳангии Эрон, иборат аз 120 нафар, таҳти раҳбарии вазири фарҳанги он кишвар Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ вориди Душанбе мешавад. Ин ҳайат дар Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, ки имрӯз, 23 март оғоз ёфта, 5 рӯз, то рӯзи 27 март идома хоҳад кард, ширкат мекунад. Тайи 20 соли ахир ....
АЗ НИРӮГОҲИ ФУКУШИМА ДИГАРБОРА ДУД ХЕСТ
Хабар
22.03.2011 13:29
1896
Имрӯз аз реакторҳои тахрибшудаи нирӯгоҳи ҳастаии Фукушимаи Ҷопон дигарбора дуду буғ ба ҳаво баланд шуд. Ҳарчанд вазъ дар ин нирӯгоҳи баъди заминларзаи 11 рӯзи пеш тахрибшуда хеле ҷиддӣ боқӣ мемонад, мудири кулли Ожонси байналмилалии нирӯи ҳастаӣ Юкио Амано гуфт...
"БАРҚИ ТОҶИК" АЗ АҲОЛӢ БАРОИ ЛИМИТИ БАРҚ УЗР ХОСТ
Хабар
22.03.2011 13:26
2023
Ширкати “Барқи Тоҷик” ба ин далел, ки натавонист дар рӯзҳои иди Наврӯз аҳолии кишварро бо нирӯи барқ таъмин кунад, узр хостааст. Дафтари матбуоти ин ширкат дар як баёния изҳори таассуф кард, ки “вобаста ба носозгориҳои табиат дар ин рӯзҳои ид имкони ба таври комил бо барқ таъмин кардани кишварро наёфт.”
ИДОМАИ БАМБОРОНИ ЛИБИЯ
Равзана ба ҷахон
22.03.2011 13:22
1459
Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ барои саввумин рӯз аҳдофе дар Либияро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Шоҳидон дар бораи таркишҳо дар пойгоҳи баҳрии Бусета, воқеъ дар 10-километрии шарқи Троблус, пойтахти Либия хабар дода, телевизиони Либия мегӯяд, чандин минтақа дар дохил ва атрофи пойтахт бамборон шудааст.
АШЪОРИ ШОИРОНИ ТОҶИК ДАР ИҶРОИ ОВОЗХОНҲОИ АФҒОН
Адабиёт ва фарҳанг
21.03.2011 17:01
10456
Албатта ин садои дилангезу марғуладорро шинохтед? Оре, Аҳмад Зоҳири нотакрор аст ва шояд матни таронаи ӯро низ донед, ки моли кадом шоир аст. Бале, ин ҳамон ғазали машҳури шоири ширинкаломи тоҷик Мирзо Турсунзода аст. Вале чӣ гуна он дастраси овозхони маъруф гардидааст ...
ШАҲД ВА ТАЛХКОМИҲОИ МАРДИКОРӢ
Муҳоҷират
21.03.2011 16:09
7425
Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» Аҳмадшоҳи Султон дар ин маводи худ, ки бо усули мултимедиа ё худ чандрасонаӣ омода сохтааст, талош кардааст, ки дар мисоли зиндагонии мардуми як деҳаи Тоҷикистони азиз бурду бохти муҳоҷирати меҳнатиро аз нигоҳи хеш мунъакис намояд.
АШЪОРИ ШОИРОНИ ТОҶИК ДАР ИҶРОИ ОВОЗХОНҲОИ АФҒОН
Чандрасонаӣ
21.03.2011 16:05
5125
ТаронаҲои овозхонҲои афҒони бар ашъори шоирони тоҶик