07:02:34 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ Хабар 15.08.2011 23:00 1271
Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд. Дар машварат Сарвазири малакат Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
БОЗДОШТИ ЯК ҚОЧОҚЧИИ АФҒОН ДАР ТОҶИКИСТОН Хабар 15.08.2011 22:59 1302
Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон мегӯянд як қочоқчии афғонро боздошт ва аз ӯ миқдори зиёди маводди мухаддирро мусодира карданд.
НАТО БОЗ ҲАМ БАР АМАЛИЁТИ ШАБОНА ДАР АФҒОНИСТОН ТАЪКИД НАМУДААСТ Равзана ба ҷахон 15.08.2011 16:34 1194
Бо вуҷуди мухолифатҳои президенти Афғонистон Ҳомид Карзай, ба амалиёти шабонаи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон, нерӯҳои Нато якбори дигар бар ин гуна амалиётҳо таъкид намудааст. Дар ин бора хабаргузории «Садои афғон» хабар додааст.
ТАСЛИМИ ДОВТАЛАБОНАИ АСЛИҲА ДАР БАДАХШОН Хабар 15.08.2011 16:32 1349
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таслими довталабонаи аслиҳа дар вилояти Бадахшони ин кишвар хабар додааст. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазоратхона, мақомоти зарабти ин вилоят то ҳол беш аз 30 адад силоҳро аз сокинон ҷамъоварӣ кардаанд. Ниҳодҳои интизомии шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, ки аз ин миқдор аслиҳа 11 худкори ....
ПИСАРИ ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР БҶ ВА СБП ТАЪЙИН ШУД Иқтисод 15.08.2011 12:46 1930
Амирҷон Убайдуллоев, писари шаҳрдори Душанбе, ба симати намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул интисоб шудааст. Манобеъи Бонки Миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки Амирҷон Убайдуллоев дар ин симат Завқӣ Завқиевро ...
ҶУМҲУРИХОҲОН: “КОХИ САФЕДРО БА ДАСТ МЕОРЕМ!” Равзана ба ҷахон 15.08.2011 12:43 1066
Дар нахустин назарсанҷии интихоботӣ Мишел Бекман бо 29 дарсади раъй дар мақоми аввал қарор гирифт. Ин назарсанҷӣ дар робита ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 дар Амрико доир шуд. Хонум Бекмани 55-сола пас аз эълони натоиҷи назарсанҷӣ...
РАИСОН КОРХОНАҲОРО ХУСУСӢ КАРДААНД? Иҷтимоъ 15.08.2011 12:41 1299
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран аз фаъол набудани корхонаҳои хусусишуда дар бархе аз манотиқи кишвар интиқод кард ва ба соҳибони ин корхонаҳо ҳушдор дод, ки дар сурати мавриди истифода қарор надодан, ин корхонаҳо дубора аз сӯи давлат пас гирифта хоҳанд шуд.
МАРГИ ДУ НАФАР БАР АСАРИ ҒАРҚШАВӢ Хабар 15.08.2011 12:40 1273
Дар чор рӯзи ахир дар Тоҷикистон ду нафар дар рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 13 август, Сайвалӣ Шералиев, сарбози Вазорати дифоъи ин кишвар дар рӯдхонаи Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон ғарқ шудааст.
ВАЗИРИ КИШВАРИ ПОКИСТОН: МУНОҚИШАИ КАРОЧӢ МАНШАЪИ ҚАВМӢ ВА СИЁСӢ ДОРАД Хабар 15.08.2011 11:45 1396
Вазири кишвари Покистон, бо таъкид бар ин, ки мушкилоти Карочӣ маншаъи қавмӣ ва сиёсӣ дорад, гуфт: «Як кумитаи муташаккил аз намояндагони порлумон ва давлат ба зудӣ барои ҳалу фасли мушкилоти ин шаҳр ташкил хоҳад шуд».