14:26:05 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

ТАЪХИР ДАР ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲОИ “ТОҶИК ЭЙР” Иҷтимоъ 09.02.2012 16:07 1125
Дар чанд рӯзи ахир парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” бо таъхири беш аз даҳсоъатӣ анҷом мешаванд. Тибқи иттилоъи манобеъи фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, феълан панҷ парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба таъхир aфтодааст.
САРМУРАББИИ НАВУ ХОРИҶИИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ТОҶИК Хабар 09.02.2012 16:05 985
Кемал Алиспахичи босниягӣ сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора ба мо Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, ин мутахассиси 46-солаи босниягӣ муҷаввизи мураббии дараҷаи PRO дорад.
ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ 150 МУСОФИРБАР МЕХАРАД Хабар 09.02.2012 16:04 936
Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои харидории 150 микроавтобус музояда ё тендер эълон кардааст. Бино ба иттилои торнамои расмии шаҳрдорӣ, ин микроавтобусҳо бояд на камтар аз 12 ҷойи нишаст дошта, бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат кунанд. Илова бар ин, “стандарти экологии онҳо на камтар аз "Евро-3" буда, ба иқлими Тоҷикистон ҳам мувофиқ бошад."
САРФАҶӮӢ АЗ ПАРДОХТИ НАФАҚА БА МАЪЮБОН Иҷтимоъ 09.02.2012 11:33 1198
МН бо ислоҳи Қонун дар бораи нафақаи бознишастагии шаҳрвандони маълул, маҳдудиятҳоеро ҷорӣ кардааст. Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки тарҳи иловаҳо ба қонуни мазкурро дар Маҷлиси Намояндагон шарҳ медод ...
АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛИИ РУСИЯ - ҲОМИЁНИ ПУТИН? Равзана ба ҷахон 09.02.2012 11:28 1002
Cиёсатмадорон мегӯянд, аксар намояндагони ақаллиятҳои миллии Русия ба ҷонибдорӣ аз Путин овоз хоҳанд дод. Арманиҳо, озариҳо, чечену тоторҳои муқими Русия ва қирғизҳову тоҷикҳое, ки шаҳрвандии ин кишварро қабул кардаанд, ба бовари сиёсатшиносон ...
ТОШКАНД НЕРӮҲОИ ФАРОНСАРО "ГАРАВГОН" МЕГИРАД Равзана ба ҷахон 09.02.2012 11:24 1046
Узбакистон барои убури нерӯҳои НАТО ба воситаи қаламраваш "пардохтҳои бениҳоят зиёд" талаб кардааст. Вазири умури хориҷии Фаронса Жирар Лонге рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми феврал изҳор дошт, ки мавқеъгирии Узбакистон гуфтушуниди марбут ба хуруҷи ...
ТОҶИКИСТОН "ЧАҲОРУМИН КИШВАРИ ҶАЗЗОБ" БАРОИ ҶАҲОНГАРДОН Иҷтимоъ 09.02.2012 11:21 1129
Маҷаллаи ҷаҳонгардии “Вондерлост”, чопи Бритониё, Тоҷикистонро дар миёни панҷ кишвари нахустин дар феҳристи “беҳтарин кишварҳои навзуҳур” дар арсаи ҷаҳонгардӣ ҷо додааст. Тоҷикистон дар ин феҳрист пас аз Судон, Гринланд ва Муғулистон ба унвони чаҳорумин ...
“РӮЗИ СУКУТ” БА ХОТИРИ ПАРВИЗ ДАВЛАТБЕКОВ Иҷтимоъ 09.02.2012 11:15 1137
Бархе аз корбарони Фейсбук рӯзи 10-уми февралро ба хотири Парвиз Давлатбеков "рӯзи сукут" эълон кардаанд. Онҳо мегӯянд, рӯзи 10-уми феврал аз фоҷиаи кушта шудани Парвиз Давлатбеков, ки дар тан либоси Бобои барфӣ дошт, чиҳил рӯз сипарӣ мегардад.
ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ ГӮШАНИШИН ОЛИМ БОБОЕВ Иҷтимоъ 09.02.2012 10:49 1106
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Олими Искандарӣ (Олим Бобоев) дар синни 52-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон гузашт. Пизишкон мегӯянд, вай аз бемории ҷигар ранҷ мебурдааст ва ин сабаби фавти ӯ шудааст. Ҷанозаи ӯро рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми феврал ...