09:49:05 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

"Ҷангҳои" фарҳангии буҳрони Украинаву Русия Хабар 27.03.2014 22:13 908
Яке аз шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии Русия, ҳунарманди арманиву рус Армен Ҷигарханян аз амалкарди президенти Русия Владимир Путин шадидан интиқод кард ва гуфт ҳаргиз зери номае, ки таҷовузи Русия ба қаламрави Украинаро ҷонибдорӣ мекунад, имзо нахоҳад гузошт. Вай мақоли машҳури арманиро овардааст, ки гуфта мешавад ...
"Тоҷикон дар оинаи таърих"-ро дар Парлумони Аврупо муаррифӣ карданд Хабар 27.03.2014 22:10 1008
Дар арафаи иди Наврӯз дар Парламони Аврупо, дар шаҳри Брюсел тарҷумаи фаронсавии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" муаррифӣ шуд. Вазорати умумри хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд китоби Сардори давлат бори аввал бо забони фаронсавӣ тарҷума ва дар ду ҷилд 10 марти соли равон нашр шуда буд.
14 миллион еврои Олмон барои ҳифзи саломатии модар ба Тоҷикистон Хабар 27.03.2014 22:08 872
Ҳукумати Олмон барои Тоҷикистон барои татбиқи марҳилаи чоруми лоиҳаи "Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак ва кӯмаки бетаъхири тиббӣ" 14 миллион евро ҷудо мекунад. Ҳуҷҷати расмии ин тасмимро 20 марти соли равон вазири рушди иқтисод ва тиҷорати кишвар Шариф Раҳимзода ва намояндаи Бонки олмонии рушд (KfW) Кристина Лаабс имзо карданд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт Хабар 27.03.2014 22:06 909
Дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай бо ширкати Президент дар маркази пойтахт бинои мактаби рақами 8 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тавре аён гардид, бинои нави ин мактаб бо тарҳи хеле зебои замонавӣ ва беҳтарин шароити таълимӣ барои 2700 хонанда дар 2 баст бо харҷи 29 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст.
Суханронии Раҳмону Рӯҳонӣ ва Мамнун дар "Наврӯзи президентҳо" дар Кобул Сиёсат 27.03.2014 18:37 1036
Маросими Наврӯзи байналмилалӣ, ки бо номи "Наврӯзи президентҳо" ҳам маъруф аст, рӯзи 27 март дар Кобул дар Арки раёсати ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва дар он президентҳои Афғонистону Эрон ва Тоҷикистону Покистон Ҳомид Карзай, Ҳасан Рӯҳонӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусайн суханронӣ карданд.
Лимити шадиди барқ дар ноҳияҳо. Ҳамагӣ ним соат дар шабонарӯз Иҷтимоъ 27.03.2014 18:34 886
Ширкати "Барқи тоҷик" бо дарназардошти камобӣ дар обанбори Норак додани барқ ба аҳолиро дар шабонарӯз то ба 1 соат ва дар баъзе навоҳӣ ба нимсоат расонидааст. Вазъи мазкур мардуми деҳоти атроф ва навоҳии дурдастро ба мушкил ру ба рӯ кардааст.
Исломи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ. Тарс ё хатар? Сиёсат 27.03.2014 18:32 886
Дар гузориши ахири ин гурӯҳ омадааст, ки баъди беш аз ҳафтод соли ҳукмронии атеизм дар Иттиҳоди Шӯравӣ сокинони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон истиқлоли кишварҳояшонро чун имкони ошноии дубора бо дини Ислом ...
Нигаронии Хайруллоеви хурдӣ аз "ҷангҳои иттилоотӣ" Хабар 27.03.2014 18:29 850
Тоҳир Хайруллоев, муовини сардори ситоди кулли вазорати дифои Тоҷикистон ва писари вазири собиқи дифоъ Шералӣ Хайруллоев дар анҷумани «Мушкилоти амнияти кишварҳои Авро-Осиёи Марказӣ дар шароити сохтори нави ҷаҳон», ки 27-уми март дар Душанбе оғоз ёфт, гуфт ...
Нолиши пулиси Маскав аз "ҷинояткорӣ"-и тоҷикону узбакҳо Иҷтимоъ 27.03.2014 18:27 808
Михаил Гусаков, муовини раҳбари идораи ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Маскав ва масъули мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноии қавмӣ рӯзи 26 март дар як нишасти хабарии бахшида ба роҳҳои муқобила бо ҷинояткориҳои этникӣ гуфт, агар дар соли 1998 ҳамагӣ 9-10 дарсади ҷиноятҳо дар Маскав ...
Умедаро барои ҳамагӣ 100 доллар куштаанд Хабар 24.03.2014 16:43 903
Дар пайи таҳқиқ ва боздошти ду ҷавоне, ки Умеда Раҳимова, хонандаи синфи 11 ва сокини маҳаллаи 33-и шаҳри Душанберо ба қатл расониданд, маълум гардид, қотилон ин ҷиноятро бо ҳадафи ғоратгарӣ содир кардаанд.