19:56:06 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Пешниҳоди боз як даҳсолаи об аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон Сиёсат 13.04.2015 23:47 1229
​Дар ҳоле ки ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, боз як даҳсолаи байнулмилалии об эълон шавад.
Саймӯъмин Ятимов: "Дар Сурия фарзанди мансабдорон низ ҳастанд" Сиёсат 13.04.2015 23:46 1182
Саймӯъмин Ятимов дар сӯҳбаташ бо донишҷӯёни донишгоҳи Кӯлоб аз ҳузури фарзанди баъзе мансабдорон дар ҷангҳои Сурия хабар дода, аз бархеи онҳо ном гирифт, аммо гуфт, "ин барои берун нест".
Кумитаи дин: Манъи ҳаҷҷи то 35-солаҳо сабаби воҷиб дорад Иҷтимоъ 13.04.2015 23:44 894
Кумитаи дин мегӯяд, маҳрум шудани то 35-солаҳои Тоҷикистон аз сафари ҳаҷ танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки тавони адои зиёрати хонаи Худоро доранд.
Қурби доллар ба қарзҳои бонкӣ вазни кӯҳро медиҳад Иқтисод 13.04.2015 23:43 1358
Онҳое, ки аз бонкҳо бо доллар қарз гирифтаанд, мегӯянд, коҳиши қурби сомонӣ дар нисбати доллар баргардондани вомҳоро барои душвор кардааст ва бонкҳо бояд ба онҳо бояд гузашт кунанд.
Талоши дувуми Ҳ.Клинтон барои дарёфти курсии президентӣ Равзана ба ҷахон 13.04.2015 23:41 1052
Вазири пешини умури хориҷии Амрико худро расман номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016 дар Амрико эълон кард. Дар сурати пирӯзӣӯ нахустин зан-президенти Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.
Толибон 18 сарбози афғонро куштанд, бархеро сар буриданд Равзана ба ҷахон 13.04.2015 23:40 1050
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар чанд задухӯрди рӯзҳои охир дар шимоли ин кишвар ҷангиёни Толибон дасти кам 18 сарбози артиши Афғонистонро кушта, сари баъзе ҷасадҳоро аз тан ҷудо карданд.
Тарҳе зидди номҳои нолоиқ ва "тура"-ву "мулло"-ю "хӯҷа" Иҷтимоъ 13.04.2015 23:39 1023
Вазорати адлия пешниҳод кардааст, ки гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин номҳое, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд, манъ шавад.
Раис на танҳо дар куштори ятим, балки "дузанагӣ" низ айбдор мешавад Иҷтимоъ 13.04.2015 23:37 938
Алайҳи Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки пештар танҳо дар куштори Зиёдбеки 16-сола ва латту кӯби дӯсти ӯ муттаҳам мешуд, иттиҳоми "дузанагӣ" эълон гардид.
Парвиз аз марзи Сурия баргашт ва аз ҷазо озод шуд Иҷтимоъ 13.04.2015 23:36 1018
Парвиз Набиев мегӯяд, ҷавонони тоҷикро тавассути намоиш додани наворҳои видеоӣ афроди ношинос ба Туркия бурда, сипас ба Сурия мефиристанд. Ӯ мегӯяд, баъд аз 50 рӯзи тамрин ба ватан баргаштааст.
Кушта шудани 7 ҷангии тоҷик дар Ҷурми Бадахшон Хабар 13.04.2015 23:35 906
Мақомоти Бадахшони Афғонистон кушта шудани беш аз ҳафт тан аз ҷангиёни зодаи Тоҷикистон дар даргириҳои минтақаи Ҷурми ин вилоятро таъйид карданд.