05:02:07 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қурби доллар ба қарзҳои бонкӣ вазни кӯҳро медиҳад

Онҳое, ки аз бонкҳо бо доллар қарз гирифтаанд, мегӯянд, коҳиши қурби сомонӣ дар нисбати доллар баргардондани вомҳоро барои душвор кардааст ва бонкҳо бояд ба онҳо бояд гузашт кунанд.

bonki-milli65561221-.jpgҲафт моҳ пеш замоне, ки як доллар ба 4,87 сомонӣ баробар буд, Наврӯзшоҳ Усмонов, сокини шаҳри Хуҷанд аз “Имон-Интернешнл” барои таъмири ҳавлиаш қарзе гирифт, ки бояд дар як сол бозгардонад. Акнун ӯ пушаймон аст, ки ин вомро бо сомонӣ нагирифт. Вай мегӯяд: “Аз ин моҳ то моҳи дигар баланд шудани доллар маро саргарон кардааст, чунки бар замми 28 %-и баҳра, боз садҳо сомонии изофӣ дода истодаам. Бар ивази 1455 сомонӣ, имрӯз қариб 1900 сомонӣ медиҳам, ки бароям гарон аст”.

Наврӯзшоҳ ва афроди мисли ӯ бар инанд, ки бонк барои муштариёнаш бояд каме ҳам бошад гузашт кунад, чунки вазъи молиявиаш рӯз то рӯз бадтар мешавад: “Ман чанд бор хоҳиш кардам, ки ақаллан се-чор фоиз камтар пулро аз мо бигиранд, то моҳи оянда низ азоб накашем, вале қабул накарданд. Ҳолатҳое низ буданд, ки агар қурби доллари саррофони кӯча чӣқадар бошад, мувофиқ ба ҳамон мегирифтанд, на қурби муайянкардаи бонки миллӣ”- афзуд Наврӯз .

Аммо кормандони бонкҳо мегӯянд, шартҳои қарз ҳангоми гирифтани он муқаррар мешаванд ва тағйирнопазиранд. Аз сӯи дигар, баҳраи қарз аз рӯи шохисе муайян мегардад, ки қарздиҳандагон, сармоягузорон ва бонкҳои ҷаҳонӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ пул медиҳанд. Биноан, банк наметавонад, бар зарари худ кор кунад.

Наргис Каримова, сухангӯи “Имон интернешнл” дар сӯҳбат бо мо роҷеъ ба ин масъала гуфт: “Танҳо мо ба мизоҷон чунин имкониятро дода метавонем, ки барои шояд дар оянда низ қурби доллар баланд шуданаш, қарзи онҳоро ба сомонӣ баргардонем. Вале кам ё мувофиқ ба қурби ҳамон рӯзи гирифтааш, мо қабул карда наметавонем, чунки ин бар зиёни бонк аст”. Мусоҳибам афзуд, ниҳоди онҳо ҳеҷ гоҳ аз мизоҷон бо қурби саррофони кӯча пул нагирифтааст ва танҳо ба қурби таъинкардаи Бонки Миллӣ такия мекунанд.

Машаққати муштариёни бонкҳо боз ба ҳаҷми қарзи гирифтаи онҳо бастагӣ дорад. Соҳибкор Муҳаммад, ки аз ду бонки маҳаллӣ бештар аз 30 ҳазор доллари ИМА қарз гирифтааст ва хонаи худу амакашро ба гарав гузоштааст, акнун нигарони ин гаравҳои бузурги худ аст:

“Ман, ки касбам қассобӣ аст, барои харидани говҳо ин маблағро гирифта будам ва бо назардошти фоидаам аз ин даромад,  қарзҳоямро бемамониат месупоридам. Алҳол танҳо аз ҳисоби қурб 2400 сомон зарар дида истодаам ва бозори соҳибкориам касод шудааст. Ҳатто ба Русия равам ҳам қарзҳоямро супорида наметавонам. Ман бовар дорам, ки агар бонкҳо аз мо бо қурби қарз гирифтаамон, қабул карда метавонад ва азбаски мо мардум дар якҷоягӣ шикоят намебарем, ҳеҷ дастгириро аз ҷониби онҳо намебинем”- зикр кард Муҳаммад.

Ин андешаи ӯро коршиносони соҳа низ қобили қабул доранд ва мегӯянд, дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон дар чунин ҳолат ҳукуматҳо ба бонкҳо сабукиҳое медиҳанд, то онҳо дар навбати худ ба муштариён кӯмак расонанд ва онҳоро аз варшикастагӣ нигоҳ доранд. Зимни ҳолати ҳамсон ва фурӯ пошидани бозори маскан, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида на танҳо ба бонкҳо ёрӣ дод, балки хазинаҳои иловагие таъсис дод, то бори дӯши қарздорон миёншикан нагардад ва вазъи умумии бозори пулро ба ҳам назанад.

Ахиран, дар Русия низ, ки вазъи имрӯзаи Тоҷикистон пажвоки бӯҳрони ин кишвар аст, ҳукумат дар пайи имдод ба муштариёни бонкҳост. Собир Вазиров, коршиноси Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд: “Дар Русия ва дигар давлатҳо бо пеш омадани чунин вазъ ҳатман нафарони қарзгирифтаро ба қайд мегиранд, чунки онҳо манфиатдоранд, ки кори соҳибкорон пушт нагардад. Дар ин самт бояд дар хазинаи кишвари мо ва ё пасандози Бонки Миллӣ захираи муайяне бошад, ки ин ҳолатро бартараф созад. Пешравии соҳибкорӣ ин маҳаки пешрафти иқтисодиёт аст, агар онҳоро давлату ҳукумат имрӯз дастгирӣ накунанд, баъди се-чаҳор соли оянда соҳибкори муваффақу пешрафт дошта наметавонем”.

Дар барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора чизе гуфта намешавад, танҳо Бонки Миллии Тоҷикистон талош дорад, аз боз ҳам баландтар шудани қурби доллар дар кишвар пешгирӣ кунад. Дар дафтари матбуоти Бонки милии Тоҷикистон дар посух ба суоли мо дар ин робита гуфтанд: “Бонки миллии Тоҷикистон бо дастури худ муқаррар намуд, ки аз 21 марти соли 2015 сар карда қурби фурӯши асъори хориҷӣ барои мизоҷон-шахсони воқеие, ки фоиз ва қарзи асосии асъории худро бо сомонӣ тавассути мубодила пардохт менамоянд, набояд аз қурби фурӯши асъори нақди хориҷие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар карда мешавад, баланд бошад”. 

Бинобар қурбе, ки Бонки Миллии Тоҷикистон муайян кардааст, сад доллари амрикоӣ набояд аз 628 сомонӣ харидорӣ ва аз 630 сомонӣ гаронтар фурӯхта шавад. Аммо онҳое, ки аз бонкҳо бо доллар қарз гирифтаанд, мегӯянд замони қарз гирифтанашон қурби 100 доллари амрикоӣ дар аксар маврид камтар аз 500 сомонӣ буд.

Бино бар маълумоти расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 138 адад ташкилотҳоиқарзӣ фаъолият дошта, дар соли 2014 аз ҷониби онҳо ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ маблағи 8,444 млн. сомонӣ, ки бо асъори хориҷӣ 4,729 млн. сомонӣқарз дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки сарбахш ё баҳраи қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳоиҳамсоя болотар аст ва ин масъала борҳо дар парлумони Тоҷикистон муҳокима шуда, нигаронӣ ва интиқоди вакилони онро ба миён оварда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi