Хазина аз
Додситонӣ "пайвастан"-и полковник ба ДОИШ-ро таҳқиқ мекунад
Сиёсат
20.05.2015 22:55
1215
Юсуф Раҳмонов, додситони кулл гуфт, гӯё пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба сафи ҷангиёнро таҳқиқ мекунанд. Рамазон Раҳимзода, вазири дохила ваъда дод, то охири ҳафта натиҷаи тафтишашонро мегӯянд.
Махфигоҳи "Ҳизб-ут-таҳрир" дар маҳбаси "Кирпичний"
Иҷтимоъ
20.05.2015 22:53
1044
Дар додгоҳи Ваҳдат мурофиаи 12 маҳкумшуда ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир" оғоз шудааст, ки дар дохили зиндони "Кирпичний" махфигоҳи телефону дастгоҳҳои сабтро созмон доданд.
Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Чин - шонсе барои афви маҳбусони тоҷик
Иҷтимоъ
20.05.2015 22:52
1055
Парлумони Тоҷикистон бо татбиқи “Созишномаи Тоҷикистону Чин “дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон”, мехоҳад 16 шаҳрванди худро аз зиндонҳои Чин раҳо кунад.
Се тоҷики боздоштшуда дар Миср раҳо мешаванд ё ҷазо мегиранд?
Иҷтимоъ
20.05.2015 22:50
1146
Бо вуҷуди гузашти бештар аз ним сол аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон дар Миср, додгоҳҳукми онҳоро содир накардааст ва қарор аст, муҳокимаи онҳо рӯзи 10-уми июн баргузор шавад.
Ҷузъиёти қазияи “бомба” дар ҳавопаймои Душанбе – Маскав
Иҷтимоъ
20.05.2015 22:49
1121
Занги як нафари ношинос дар бораи вуҷуди маводи тарканда дар ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” сабаби дармондани мусофирони парвози Душанбе – Маскав дар фурудгоҳи “Домодедово”и шаҳри Маскав шуд.
"East Air" аз Тоҷикистон рафт
Иҷтимоъ
20.05.2015 22:47
1096
Ширкати “East Air” ҳамаи ҳавопаймоҳояшро аз қайди Тоҷикистон бароварда ва ба кишварҳои дигар фиристодааст.
Ёқуб Салимов гуфтааст, боқии умрашро ба фарзандон мебахшад
Хабар
20.05.2015 22:46
1030
Ёқуб Салимов, ки рӯзи 20 май ба синни 59 расид, дар дидори худ бо писараш Абӯбакр Салимов гуфтааст, баъди озодӣ аз зиндон қасди дигаре ба ҷуз мондан дар канори фарзандонро надорад.
"Ишқат чу Ватан дар дили ёрон бошад..."
Хабар
20.05.2015 22:45
920
Инак 15 сол мешавад, ки ҳар 20 май ихлосмандону ҳаводорони шеъри Лоиқ Шералӣ, зодрӯзи ин шоири маъруфи тоҷикро бо дастагули шеъру таронаҳояш дар сари мазори ӯ таҷлил мекунанд. Агар умр вафо мекард, имрӯз шоир ба синни 74-солагӣ мерасид.
ВКД аз сокинон туфангча мехарад
Хабар
20.05.2015 22:43
932
Тибқи тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ", ки имрӯз дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, туфангчаву револверҳои травматикӣ аз дасти мардум ҷамъоварӣ шуда ва маблағи он аз суратҳисоби вижаи ВКД пардохт мешавад.
Даргузашти Аҳмад Алескеров - сармураббии собиқи "Помир"
Хабар
20.05.2015 22:42
855
Сармураббии собиқи тими футболи “Помир”-и Душанбе дар синни 80 дар шаҳри Одессаи Украина аз олам чашм пӯшид.