09:26:27 02-уми Майи 2026 сол
БАҲСИ ГАРМ АТРОФИ ПАЙКАРАИ "ҚАҲРАМОНОН" ДАР БОХТАР 14.08.2011 15:55 1391
Ҳукумати ноҳияи Бохтар Файзалӣ Саидовро «Қаҳрамони миллӣ» ном бурда, бо норозигии бархе сокинон рӯ ба рӯ шуд. Ҷаҳонгир Усмонов, сокини ноҳияи Бохтарро бо нимпайкараи Файзалӣ Саидов, қумандони собиқ Фронти халқӣ, ҳар рӯз рӯ ба рӯ омадан хеле нороҳат...
ДАРХОСТ БАРОИ РАҲОИИ ДУ БАНДИИ СОБИҚИ ГУАНТАНАМО 11.08.2011 09:26 1412
Cозмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch, Маркази вакилони мудофеи додгоҳ дар Чикаго, маркази ҳуқуқи башари бо номи ReedSmith дар Вошингтон ва яке аз донишгоҳҳои ҳуқуқи Колумбия унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар Созмони милалу Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) номаҳо фиристодаанд.
ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ: БИНОИ КУҲАНИ КИТОБХОНАИ ФИРДАВСИРО БА МО ДИҲЕД 10.08.2011 22:17 1408
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостааст, ки сохтмони феълии Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсиро дар ихтиёри ин вазоратхона қарор диҳад. Ин вазорат мехоҳад бахше аз сохтмони феълии китобхонаи миллиро ба китобхонаи кӯдакон ихтисос диҳад.
МУБОРИЗАИ МАСОҶИДИ КӮЛОБ БО АФЗОИШИ ЭЪТИЁД ДАР МОҲИ РАМАЗОН 10.08.2011 22:14 1533
Маркази вилоятии бемориҳои нашъамандӣ тасмим гирифтааст, дар моҳи Рамазон таблиғоти алайҳи маводди мухаддир роҳандозӣ кунад. Дар чорчӯби тарҳи ин марказ суханрониҳои зидди нашъамандӣ дар масоҷид барои намозгузорон шунавонда мешаванд.
ҚОЧОҚЧИЁНИ АФҒОН БОЗ ЯК СОКИНИ ШӮРООБОДРО ГАРАВГОН ГИРИФТАНД 10.08.2011 09:38 1308
Кочоқчиёни афғон дар мавзеи Навободи Шӯрообод як сокини деҳаи Қавоқро бо худ ба самти номаълуме бурдаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, афроди ношинос ҳангоми бо худ бурдани Амирхон, сокини деҳаи Қавоқ, гуфтаанд, ӯро барои он мебаранд, ки аз макони будубоши онҳо ба мақомоти интизомӣ хабар додааст.
ДОДСИТОНИ КУЛ: «13 ҲОЛАТИ ШИКАНҶА ТАСДИҚИ ХУДРО ЁФТ» 08.08.2011 09:32 1550
Истифода аз шиканҷа ё шеваи зӯроварии ҷисмонӣ нисбати маҳбусон ҳамоно масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст.
ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН БА ҲУКМИ ИҶРО ДАРОМАД 06.08.2011 16:48 2173
Сар аз имрӯз дар Тоҷикистон Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд ба ҳукми иҷро даромад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор рӯз пеш дар таърихи 2-юми август, пас аз баррасиҳои чандмоҳаи ҳамагонӣ, саранҷом ба ин қонуни пурсару садо ва баҳсбарангез имзо гузошта буд.
АФСАРОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ИМА ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД 05.08.2011 10:10 1179
Дафтари матбуотии Сафорати ИМА дар Душанбе рӯзи 4-и август ба сомонаи «Рӯзгор» хабар дод, ки  ин сафорат сафари омӯзишии полиси ҷамъиятиро дар ИМА аз 14 то 24 июли соли 2011 дастгирӣ намудааст. Шонздаҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла ...
ОҒОЗИ МУҲОКИМАИ ҶӮРАХОН ОХУНОВ ДАР ДОДГОҲИ ОЛӢ 04.08.2011 18:34 1333
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 4-уми август муҳокимаи парвандаи раиси ширкати “Мовароуннаҳр”-ро оғоз кард. Додситони кулли Тоҷикистон Ҷӯрахон Охунов, раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”, ки ба сохтмони маскан машғул буд, дар “қаллобӣ ё тасарруфи амвол бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон” муттаҳам карда буд.
ТУНЕЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН БО КӮМАКИ ЭРОН ТАКМИЛ МЕШАВАД 03.08.2011 12:44 1712
Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом кардааст, ки ширкати сохтмонии «Сангоб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар такмили тунели «Истиқлол» бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард, хабар медиҳад, хабаргузори «Форс».
ГАРОНИИ НАРХҲО ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН 02.08.2011 14:40 1334
Дар моҳи мубораки Рамазон болоравии то 30 дарсади нархҳо дар бозорҳои водии Вахш ба мушоҳида расидааст. Агар ҳафтае қабл як кило гӯшт 22-25 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он бар ивази 27-30 сомонӣ фурӯхта мешавад.
ТАСИМИМ ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ТАҚСИМИ ГӮШТИ РОЙГОН БА ФАҚИРОН 02.08.2011 14:38 1524
Шаҳрдории Душанбе масъулони бозорҳои пойтахти Тоҷикистонро муваззаф карда, ки ҳамарӯза шуморе аз хонаводаҳои фақирро бо гӯшт таъмин кунад. Ҳамакнун қассобони бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамарӯза аз панҷ то сӣ килугром гӯштро ройгон ба афроди камбизоъат, ки асомии онҳоро шаҳрдорӣ дар ихтиёрашон мегузорад, тавзеъ хоҳанд кард.
ДАР БАДАХШОН ТИБҚИ ИТТИЛОИ РАСМӢ 74 ҶАВОН НАШЪАМАНД АСТ 02.08.2011 10:48 1263
Шумораи умумии нашъамандон дар ВМКБ 833 нафар мебошад, ки 6 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ин бора ба хабарнигорон зимни як нишасти матбуотӣ корманди Раёсати агентии назорати маводи нашъадор дар ВМКБ иттилоъ дод.
КӯЛОБ: КУРИЁИҲО РАВЕД, ТУРКҲО ОЕД 01.08.2011 17:50 1466
Идораи заминсозии Кӯлоб шартнома дар бораи истифода аз 1 200 ҳектор заминро, ки бо куриёиҳо имзо карда буд, лағв намудааст. Ду сол пеш куриёиҳо барои кишти шолӣ аз ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоб замин дастрас карда буданд.
ОЁ НИЁЗЕ БА ТАҚСИМИ ХАТЛОН БА ДУ ВИЛОЯТ ҲАСТ? 01.08.2011 13:37 1525
Мақомоти расмии Хатлон пешниҳодҳо дар мавриди ба ду минтақаи ҷудогона тақсим шудани Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро нозарур мехонанд. Имрӯзҳо дар расонаҳо ишораҳое меравад, ки замони барҳам задани вилояти Хатлон расидааст.