ТАСИМИМ ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ТАҚСИМИ ГӮШТИ РОЙГОН БА ФАҚИРОН
02.08.2011 14:38
1524
Шаҳрдории Душанбе масъулони бозорҳои пойтахти Тоҷикистонро муваззаф карда, ки ҳамарӯза шуморе аз хонаводаҳои фақирро бо гӯшт таъмин кунад. Ҳамакнун қассобони бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамарӯза аз панҷ то сӣ килугром гӯштро ройгон ба афроди камбизоъат, ки асомии онҳоро шаҳрдорӣ дар ихтиёрашон мегузорад, тавзеъ хоҳанд кард.
ДАР БАДАХШОН ТИБҚИ ИТТИЛОИ РАСМӢ 74 ҶАВОН НАШЪАМАНД АСТ
02.08.2011 10:48
1263
Шумораи умумии нашъамандон дар ВМКБ 833 нафар мебошад, ки 6 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ин бора ба хабарнигорон зимни як нишасти матбуотӣ корманди Раёсати агентии назорати маводи нашъадор дар ВМКБ иттилоъ дод.
КӯЛОБ: КУРИЁИҲО РАВЕД, ТУРКҲО ОЕД
01.08.2011 17:50
1466
Идораи заминсозии Кӯлоб шартнома дар бораи истифода аз 1 200 ҳектор заминро, ки бо куриёиҳо имзо карда буд, лағв намудааст. Ду сол пеш куриёиҳо барои кишти шолӣ аз ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоб замин дастрас карда буданд.
ОЁ НИЁЗЕ БА ТАҚСИМИ ХАТЛОН БА ДУ ВИЛОЯТ ҲАСТ?
01.08.2011 13:37
1525
Мақомоти расмии Хатлон пешниҳодҳо дар мавриди ба ду минтақаи ҷудогона тақсим шудани Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро нозарур мехонанд. Имрӯзҳо дар расонаҳо ишораҳое меравад, ки замони барҳам задани вилояти Хатлон расидааст.
ХИТОБИ Э.РАҲМОН БА ТОҶИРОН: "МАҲСУЛОТРО АРЗОН КУНЕД"
01.08.2011 13:34
1697
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тоҷирон хост, ки дар моҳи шарифи Рамазон дари хайру эҳсонро боз кунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми якшанбе мардуми кишварро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кард ...
ДАЪВАТИ РАМАЗОНИИ ТӮРАҶОНЗОДА АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
01.08.2011 13:30
1571
Агар раисиҷумҳур қонуни масъулияти волидайнро имзо кунад, намози таровеҳ бе ширкати то 18-солаҳо доир хоҳад шуд. Моҳи шарифи Рамазон рӯзи якуми август шурӯъ шуда, дар давоми 30 рӯз мусулмонони Тоҷикистон рӯзадор хоҳанд буд.
ДАР БАДАХШОН ДАР НИМ СОЛ 15 ҲОДИСАИ СӮХТОР РУХ ДОДААСТ
29.07.2011 18:26
1887
Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15 ҳодисаи сӯхтор ба амал омад, иттилоъ дод муовини хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Анвар Шолангаров зимни як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони вилоят.
ДОДСИТОНИИ КӮЛОБ ШИКОЯТ АЛАЙҲИ МАЪМУРОНИ ПУЛИСРО "ҚАБУЛ НАКАРД"
29.07.2011 14:58
1431
Як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки додситонии ин шаҳр шикояти ӯ дар мавриди лату кӯби писараш тавассути маъмурони пулисро қабул накардааст. Ба гуфтаи Аҳрор Сафаров, маъмурони пулис писари ноболиғи ӯро дар иртибот бо беназмиҳои мухлисони футбол дар шаҳри КӮлоб дар шаби 14 июн "ба таври ғайриқонунӣ" боздошт ва лату кӯб ....
РИШВАГИР ГУНАҲКОР Ё РИШВАДЕҲ?
28.07.2011 18:41
1398
Бино ба натиҷаи пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ фасоди молӣ бештар дар бахши тандурустӣ, маориф ва БДА ба назар мерасад. Назира Бобоева бо ҳамроҳии писараш дар бемористони бемориҳои сирояткунанда бистарӣ буд, ки тамоми масрафоти ин бемористон аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ пардохт мешавад.
НАХУСТИН БАҲСИ ПАРВАНДАИ ГУМОНБАРОНИ БЕНАЗМИҲОИ КӮЛОБ
28.07.2011 12:53
1568
Додгоҳ ба баррасии парвандаи гумонбарони беназмиҳои футбол дар варзишгоҳи Кӯлоб оғоз кардааст. Зикриё Шамсов, ёвари раиси додгоҳи Кӯлоб мегӯяд, феълан додрасҳо парвандаҳои маъмурии ҷавононеро баррасӣ доранд, ки дар сурати исбот шудани гуноҳояшон, танҳо ҷарима хоҳанд шуд.
ҶУЗЪИЁТИ ТОЗАИ МАРГИ СӮҲРОБИ САФАРЗОД
28.07.2011 12:47
1728
Мақомоти Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтаанд, ки овозхони зиндаёд, Сӯҳроби Сафарзод, аз истифодаи “амфитамин”, ки дар таркибаш миқдори ками маводи мухаддир дорад, фавтидааст.
ҲАР СЕВВУМИН ШАХС ДАР ҶАҲОН МУБТАЛОИ ВИРУСИ ГЕПОТИТ МЕБОШАД
28.07.2011 12:12
1621
Имрӯз, 28-уми июл, аввалин маротиба дар ҷаҳон Рӯзи мубориза бо гепотит эълон шудааст. Ба ин муносибат Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ (СБҶ) арқомеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он дар рӯи сайёра беш аз ду миллиард одамон гирифтори вируси гепотит мебошанд ...
САРНАВИШТИ 25 МАҲБУСИ ФИРОРӢ
27.07.2011 23:05
1683
Аз 25 маҳбуси фирорӣ 1 нафар дар озодӣ буда, 8 тани онҳо кушта ва 16 нафари дигар боздошт шудаанд. Дар ҳоле ки мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боқӣ мондани охирин маҳбуси фирорӣ дар озодӣ сӯҳбат мекунанд, ҳувияти ӯ зери суол рафтааст.
ҲАТТО ДУ ҶОНИБИ ҶОДА ДАР ИХТИЁРИ IRS
27.07.2011 22:57
1858
Як ниҳоди таъмини хадамоти нақлиётӣ мегӯяд, дар ҳудуди дарвозаи шимолии Душанбе наметавонад истгоҳ бунёд кунад, зеро ин маҳал ба ихтиёри Innovative Road Solutions ё IRS гузаштааст. Яке аз масъулoни ширкати« Душанбенақлиётхадамотрасон»...
“БОЗОРИ ФАСОД ДАР ТОҶИКИСТОН РУШДИ УСТУВОР ДОРАД”
26.07.2011 21:58
1566
Пажӯҳише тоза ҳокист, ки бо вуҷуди таъсиси Ожонси мубориза бо фасод дар соли 2006 дар Тоҷикистон мушкили фасод дар ин кишвар печидатар шудааст. Мавзӯъи густариши фасод дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 26 июл дар маросими муъаррифии натоиҷи ...
















