23:10:40 01-уми Майи 2026 сол
"Шири бепул" дар Тоҷикистон! Бозгашт ба СССР? 23.09.2014 16:02 1194
Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, корхонаҳои барои саломатии инсон зиёновар коргаронашонро бо шири бепул таъмин кунанд. Ин кор дар Шӯравии собиқ роиҷ буд ва ҳоло иҷрояш имконпазир аст?
Шӯҳрат Қудратов то 21 ноябр дар СИЗО мемонад 20.09.2014 21:58 908
Шӯҳрат Қудратов , вакили мудофеъ ва ноиби боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, то 21 ноябри соли ҷорӣ дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ хоҳад шуд. Ин қарор бегоҳи 19 сентябр аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе содир шудааст.
“Издивоҷи сафед” – ҳамзистӣ, ҳамхобагӣ ё зино? 19.09.2014 18:31 1199
Бархе аз духтарону писарони эронӣ ба “издивоҷи сафед” – ҳамзистӣ зери як бом то маросими никоҳ тарҷеҳ медиҳанд. Ҳамзистие ба ин гуна миёни гурӯҳе дар Тоҷикистон ҳам маъмулӣ шудааст.
ВКД: “Қаҳрамон тоҷиру истеъмолгари нашъа аст, на санъаткор” 19.09.2014 18:22 1030
Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ боздошти Қаҳрамони Шарифзодро таъйид карда, аммо гуфтаанд, ӯ дар қайди онҳо на овозхон, балки истеъмолгару фурӯшандаи маводи махаддир сабт шудааст.
Вокуниши хонаводаи Далер Нақибов ба боздошти ӯ 19.09.2014 18:21 1078
Наздикони корманди боздоштшудаи Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мегӯянд, чор рӯз боз наметавонанд бо ӯ дидор кунанд. Нақибов 15 сентябр аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шудааст.
Марги мармузи духтари Домулло Маъруфҷон дар зиндони Тошканд 18.09.2014 20:55 1297
Нилуфар Раҳимҷонова, шаҳрванди Тоҷикистон ва фарзанди домулло Маъруфҷони истаравшанӣ дар маҳбаси занонаи «Зангиота»-и Тошканд даргузашта, дар яке аз қабристонҳои пойтахти Узбакистон ба хок супорида шудааст.
Нигина Амонқулова: "Нигарон набошед, ман хуб ҳастам" 17.09.2014 08:50 1136
Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик, сарусадои ахир дар бораи пошидани “кислота” ба рӯяш аз сӯи афроди ношиносро рад кард. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт, ин овоза баъд аз анҷоми консерти бахшида ба ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе паҳн шуда, аслан асос надорад.
Модари Осия: "Ӯро куштаанд" 15.09.2014 11:34 1093
Ҷасади Осияи панҷсоларо, ки рӯзи 8 август дар маҳаллаи “Садбарг”-и шаҳри Душанбе нопадид шуда буд, баъди 5 ҳафта аз ҷӯйборе дар рустои Шӯроби поёни ноҳияи Ҳисор пайдо кардаанд. Наздикони Осияи 5-сола мегӯянд, ҷасади ӯро рӯзи 13 сентябр, билофосила баъди гирифтан аз дасти мақомот...
Боздошти Комил дар роҳи сафар ба "ҷиҳод" дар Фаластин 11.09.2014 21:35 1102
Пулиси Ӯш мегӯяд, шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаби гузашта дар фурудгоҳи Ӯши Қирғизистон боздошт шуд, пинҳон намекунад, ки қасди рафтан “ҷиҳод” дар Фаластинро дар сар дошт. Мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен рӯзи 11 сентябр дар сӯҳбат бо могуфтанд ...
Парванда алайҳи мудири бонки "Ҳамдастӣ" 08.09.2014 20:51 1082
Мақомоти масъули мубориза бо фасод алайҳи раҳбари як бонки хурд дар шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" парванда кушодаанд. Мудири бонки "Ҳамдастӣ" ин иттиҳомро рад мекунад.
Парванда алайҳи як сокини Кӯлоб, ки дар Сурия меҷангад 06.09.2014 20:47 1121
Маҳбуба Гулова, масъули матбуотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба мо гуфт, бар асоси маълумоте, ки шӯъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо мақомоти корҳои дохилии Русия ҷамъ оварданд ...
Нирӯгоҳҳои моро кӣ бисозад? Русия? ё Чин? Ё..? 03.09.2014 21:49 1078
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба пайвандҳои фарҳангии кишвари худ бо Эрон қоиланд, Амрикоро манбаи фанновариҳои нав мешуморанд, ба тавонмандиҳои молии Чин арҷ мегузоранд, вале мехоҳанд, ки тарҳҳои энержии кишварашонро Русия ба иҷро расонад.
17 ва 20 сол ҳукми зиндони ду "наркобарон" аз Тоҷикистон 03.09.2014 21:47 1045
Додгоҳи вилояти Маскави Русия шаҳрвандони Тоҷикистон Шавкатҷон Шокиров ва Фатҳуддин Фатҳуддиновро дар қасди қочоқи 115 кило маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин мҷурим шинохта, ҳардуро мутаносибан ба мӯҳлати 17 ва 20 сол равонаи зиндон кард.
Ҳалокати як "амир"-и тоҷик дар Сурия 03.09.2014 21:46 1183
Як тоҷики дигаре, ки хабари кушта шуданаш дар ҷангҳои Сурия ахиран дар Интернет нашр шуд, зоҳиран боз як зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Наздиконаш мегӯянд, онҳо намедонистанд, ки Бобоҷон ба ҷанги Сурия рафтааст.
Эътирози хушунатмомези фармондеҳи собиқ дар Сарбанд 03.09.2014 09:48 1083
Додгоҳи ноҳияи Бохтар Файзиддин Сайдалиев, як сокини ноҳияи Данғараро, ки феълан бошандаи шаҳри Сарбанд аст, ба хотири оташ задани бинои ҳукумати шаҳри Сарбанд ва идораи ноториалии ин шаҳр барои ду сол аз озодӣ маҳкум намуд.