МУҲРИ "МАХФӢ" РӮИ ПАРВАНДАИ ХОЛМУЪМИН САФАРОВ
10.12.2012 15:26
1364
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯи парвандаи қатли Холмуъмин Сафаров, язнаи президенти Тоҷиистон, муҳри “махфӣ” задааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Диловаршоҳ Қосимов-гумонбар дар қатли Холмуъмин Сафаров рӯзи душанбе ба мо гуфт, ки воқеан аз тарафи Додситонии кулл рӯи парвандаи ҷиноии қатли язнаи президент, муҳри «махфӣ» гузошта шудааст.
САФОРАТИ ИМА: МУБОРИЗА АЛАЙҲИ АЛОМАТИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ БАДАН
10.12.2012 09:43
1337
Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба воситаи Лоиҳаи «Тандурустии босифат» бо ҳамкории шарикони маҳаллӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ - СПИД) ду чорабинии алоҳида...
ТЕРРОРИЗМ БА ТОҶИКИСТОН КАМТАР ТАҲДИД МЕКУНАД
06.12.2012 16:44
1248
Тоҷикистон дар радифи кишварҳое зикр шудааст, ки аз ҷиҳати хатарҳои террористӣ амнтар шудаанд. Дар гузориши ҷадиди глобалӣ оиди терроризм, Тоҷикистон аз рӯи шумора ва таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ, миёни 158 кишвари дунё мавқеи 59-умро соҳиб ...
“ЗАМАН АГ” АЗ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ҲАҚҚИ ЗАҲМАТАШРО ТАЛАБ МЕКУНАД
06.12.2012 09:19
1228
Ду ҳафта аст, ки ширкати швейсарӣ корро дар фурудгоҳи Душанбе мутаваққиф карда, ҷараёни сабтиноми мусофирон дастӣ анҷом медиҳад. Як ширкати хориҷӣ, ки дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе масъулияти сабти номи мусофирон, яъне регистратсияро ба дӯш дорад ...
ПАСПОРТИ ТОҶИКӢ ТАРҶУМА МЕШАВАД?
06.12.2012 09:16
1637
Муҳлати эътибори шиносномаам кайҳо гузаштааст ва акнун мувофиқи қарордодҳои нав бо шиносномаи дохилӣ наметавонам ба Русия равам. Азбаски таҳсил мекунам, фикр кардам, ки ин навбат шиносномаи хориҷии худро ба шиносномаи биометрӣ ...
КУМИТАИ УМУРИ ДИНИ ТОҶИКИСТОН БА РИШ КОРЕ НАДОРАД
05.12.2012 18:00
1203
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, гузоштани риш ба андоза ва ҳаҷми муайян дастури ин Кумита нест. Мавлон Мухторов-муовини аввали раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба мо гуфт, ки ин ҳарф асоси воқеӣ надорад.
ТАБЛИҒИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАБАКАИ ABC-И АМРИКО
03.12.2012 19:37
1230
Сафорати Тоҷикистон дар ИМА барои муаррифии бештари кишвар дар хориҷ, бо шабакаи ABC 7, NewsChannel 8-и Амрико, қарордод имзо кардааст. Бар пояи ин қарордод, сар аз соати 06:43-и субҳи рӯзи 3-юми декабри соли 2012 (ба вақти Вашингтон), намоиши ...
ПАЖӮҲИШ: "КӮДАКОН ҲАМ АЗ ШИКАНҶА ЭМИН НЕСТАНД"
03.12.2012 19:33
1247
Тибқи як пажӯҳиш, нақзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон, аз ҳама бештар дар марҳилаи боздошт, интиқол ба идораи мақомот ва ҳангоми бозпурсӣ, сурат мегирад.Созмони Маркази ҳуқуқи кӯдакон бо дастгирии Бунёди Сорос дар байни наврасони аз 10 то 18 ...
ШАРИФОВ: «МАН БАРОИ ЗИНДОНИЁН ШАРОИТИ ХУБ МУҲАЙЁ КАРДААМ»
29.11.2012 15:27
1690
Тайи моҳҳои ахир гузоришҳои ҷанҷолбарангезе дар бораи вазъи зиндонҳои Тоҷикистон ва мавориди шиканҷа ва маргу мири зиндониён мунташир шудааст. Бавижа, ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода дар яке аз зиндонҳои Душанбе, ки ба таври густарда дар матбӯъот бозтоб ёфт, бар вазъияти ҳуқуқи башар дар муассисоти бастаи Тоҷикистон соя андохтааст.
ТОҶИКИСТОН АЗ ЧИН ХОСТ, ШОҲРОҲИ ҚУЛМАРО БОЗ ГУЗОРАД
29.11.2012 15:21
1236
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, Чин эълом кардааст, ки аз 30-юми ноябр гузаргоҳи Қулма Қарасуро мебандад. Тоҷикистон ба мақомоти Чин пешниҳод кардааст, ки дар фасли зимистон шоҳроҳи Қулма Қарасуро боз монанд.
ИЗДИВОҶИ ДУ НОБОЛИҒ СОКИНОНИ ГИПРОЗЕМРО ҲАЙРАТЗАДА КАРД
29.11.2012 15:17
1111
Дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе "тӯйи арӯсӣ"-и духтари 15-сола ва навраси 13-сола баргузор шудааст. Пулиси Душанбе аз издивоҷи ду ноболиғ дар ҳоле ҷилавгирӣ кардааст, ки онҳо пас аз анҷоми "тӯй" мехостанд дар пояи Парчами миллӣ дар маркази пойтахт гулгузорӣ кунанд.
МИЛИСА ВА ҶОМЕЪАИ ШАҲРВАНДИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶРИБАИ ПОЛИСИ ИМА-РО МЕОМӮЗАНД
28.11.2012 10:25
1243
Гурӯҳи афсарони милитсия ва бархе аз шахсиятҳои бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз сафари ИМА баргаштанд. Ин гурӯҳ шеваи ҳамкории полис бо ҷомеаро дар якчанд шаҳри ИМА мушоҳида намуданд.
БЕХАБАРИИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МУҲОҶИРОНИ БЕМОР
28.11.2012 10:20
1351
Масъалаи ҷорӣ намудани шакли ягонаи ташхиси тиббӣ оид ба саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва имзои созишномаи миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Русия аз мавзӯҳое буданд, ки зимни мулоқоти Сафиалло Девонаев ...
ДУШАНБЕ ҚОНУН «ДАР БОРАИ АГЕНТИҲОИ ХУСУСИИ ШУҒЛ»-РО БОЗ БАРРАСӢ МЕКУНАД
26.11.2012 00:16
1303
Дар назар аст, 27-уми ноябри соли равон муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентиҳои хусусии шуғл» дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон баргузор гардад. Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба сомонаи «Рӯзгор»...
ҶАЛБИ МАРДОН - БЕҲТАРИН РОҲИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТИ ЗАНОН
25.11.2012 13:33
1412
Рӯзи 25-уми ноябр дар саросари ҷаҳон ба унвони Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунати занон шинохта шудааст. Дар ростои Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо хушунат алайҳи занон бархе аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон иброз доштанд ...
















