17:43:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САФОРАТИ ИМА: МУБОРИЗА АЛАЙҲИ АЛОМАТИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ БАДАН

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба воситаи Лоиҳаи «Тандурустии босифат» бо ҳамкории шарикони маҳаллӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ - СПИД) ду чорабинии алоҳидаро дар шаҳри Душанбе ташкил намуд.

/images/stories/2012/12/10_usaid-101212.jpgЛоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи USAID «Муколама оиди ВНМБ (ВИЧ) ва бемории сил», Маркази ВНМБ-и шаҳри Душанбе ва якчанд созмонҳои ғайридавлатие, ки бо масъалаҳое ВНМБ сарукор доранд, дар Маркази шаҳрии саломатии рақами 10 чорабиниҳо доир намуданд.

Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони маъмурияти тандурустии шаҳр суханронӣ намуданд, озмунҳои гуногун баргузор шуда, саҳнача намоиш дода шуд. Кормандони соҳаи тиб оиди ВНМБ/АНМБ, бемории сил ва сироятҳои бо роҳҳои ҷинсӣ гузаранда маълумот ва машварат расониданд.

Муовини сардори Шӯъбаи тандурустии шаҳри Душанбе Мизроб Шоисматуллоев зикр намуд, ки, «Кори глобалӣ оид ба ВНМБ/АНМБ метавонанд аз минтақаҳои хурд мисли марказҳои саломатии шаҳрии мо оғоз дода шавад. Фақат дар ҳамкории наздик бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мо метавонем сифати ҳизматрасонии тиббиро ба гурӯҳҳои зери хавф қарордошта беҳтар намоем».

5-6 декабри соли равон дар Толори маҷлисии шаҳри Душанбе Форуми минтақавии заноне, ки бо АНМБ умр ба сар мебаранд, баргузор шуд. Ҳадафи форуми мазкур ба мансабдорони боломақом, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ расонидани маълумот оид ба масъалаҳои гендерии марбути ВНМБ дар Осиёи Марказӣ бо мақсади тақвияти тадбирҳои ҷавобии минтақавӣ ба эпидемия буд.

Шурӯъ аз соли 1988, 1 декабр Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи аломати норасоии масунияти бадан баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оиди мубориза алайҳи ВНМБ/АНМБ ва пуштибонӣ аз ашхосе, ки бо ВНМБ/АНМБ ба сар мебаранд, қайд карда мешавад.

Тибқи гузориши Эпидемияи глобалии АНМБ Барномаи СММ оид ба ВНМБ/АНМБ, Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар он сироятшавӣ бо ВНМБ дар 10 соли охир ба зиёда аз 25% афзуд. Шумораи ҳолатҳои нави бо ВНМБ сироятшавии соли 2011 ба қайд гирифташуда нисбат ба соли 2006 ду баробар афзуд.

Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасони халқи Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ мебошад. Аз соли 1992 мардуми Амрико тахминан 1 миллиард долларро ба барномаҳо ва кӯмаки башардӯстонае масраф кардааст, ки рушди  ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ва болоравии иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi