«Қотиле аз марзҳои Чашмасорон!»
Наврӯзи Зариф, соли таваллудаш 22 марти 1997, зода ва сокини ноҳияи зебоманзари Мӯъминобод, Ҷамоати деҳоти Чашмасорон, деҳаи Ғеш, тоҷик, соҳиби 2 фарзанд, шаҳрвандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, муваққатан бекор, маълумоташ миёна, ғайриҳизбӣ, пеш суд нашудааст, ӯҳдадори ҳарбӣ.
Санаи 6 сентябри соли 2019 бо шаҳрванд Азимова Бахтинисо Зоҳиршоевна, соли таваллудаш 21 марти 2001, зода ва сокини ноҳияи Мӯъминобод, Ҷамоати деҳоти Чашмасорон, деҳаи Ғеш ба тариқи мусулмонӣ ақди никоҳ баста, дар зиндагии якҷояашон соҳиби фарзанд нагардиданд. Азимова Б.З. ҳамчун ҳамсар аз ҷиҳати моддӣ ва дигар муносибати оилавӣ дар тобеи шавҳараш Наврӯзи З. қарор дошта, онҳо дар суроғаи ноҳияи Мӯъминобод, Ҷамоати деҳоти Чашмасорон, деҳаи Ғеш зиндагонӣ мекарданд. Мавсуф ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, бо андешаҳои носолим, қаҳру ғазаби ноҷо ахиран ба содир намудани ҷиноятҳои даҳшатангез, ки сокинони ҷамоати деҳоти Чашмасорон ва ноҳияи Мӯъминобод ва ҷумҳуриро такон дод даст мезанад.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки Наврӯзи З. дар зиндагии якҷоя бо сабабҳои ночиз мунтазам нисбати ҳамсараш Азимова Б.З. муносибати бераҳмона намуда, ӯро бе ягон асос мавриди лату кӯб қарор дода, таҳқир менамудааст.
Аз ҷумла, моҳи марти соли 2021 ҳангоми дар хоб будани Наврӯзи З. ба телефони мобилии ӯ аз ҷониби зани шахсияташ ба тафтишот номаълум занг шудааст. Азимова Б.З. ба ҷои шавҳараш ба занги телефон ҷавоб додааст. Бо ин сабаб Наврӯзи З., ба бекорхӯчагияш нигоҳ накарда худро шоҳу таъбашро вазир мегирифт, ҳамсараш Азимова Б.З.-ро бе ягон сабаб лату кӯб намуда, сари ӯро ба девор зада, таҳкирҳои зиёдеро нисбаташ раво медидааст.Наврӯзи З. дар ҳузури ҳамсараш бо духтарони шахсияташон номаълум тавассути телефон гуфтугӯ намуда, шаъну эътибори ҳамсарашро пайваста паст зада, ӯро аз хона пеш карда, зани дигар гирифтанӣ мешудааст.
Чунин ҳолат мунтазам идома ёфта, Азимова Б.З. 24 июни соли 2021, тахминан соати 18 баъди чидани олуча барои рӯзгор ба хона баргашта, дар он ҷо шаҳрванд Ҷавҳарбии Давлатшоҳ Кишварзодаро бо ҳамроҳии шавҳараш Наврӯзи З., ки ба ғайр аз бекорхӯҷагӣ барои худ дигар кореро лоиқ намедид дар дохили хуҷраи хоби манзили истиқоматиашон дида, аз охирин пурсон мешавад, ки ин духтар кист, дар ин ҷо чӣ кор мекунад? Дар ин ҳолат байни онҳо дар гумони маъшуқа будани Ҷавҳарбии Д.К. ҷанҷол бархоста, Наврӯзи З. нисбати ҳамсараш зуроварӣ намуда, ӯро назди зани бегона таҳқир ва мавриди лату кӯб қарор медиҳад. Гӯё ҳамсар барои масуф аз хасе беш набошад.
Чунин муносибати бераҳмонаи Наврӯзи З. ба он оварда расонидааст, ки ҳамсараш Бахтинисо аз зиндагӣ дилмонда шуда, ба озорҳои пайдарпай ва латукӯби бемавриди шавҳари бекорхӯҷааш тоб наоварда, ягона роҳи халосиро аз азобу таҳқирҳои беасос дар хонадони шавҳар дар худкушӣ мебинад. Шаби 24 июни соли 2021, тахминан соати 20.30 даст ба худкушӣ зада, дар равчӯби сақфи дохили ҳамоми манзили истиқоматияшон худовезӣ намуда худро ба ба ҳалокат расонидааст. Бо амалҳои нангин шавҳари разил духтаре, ки ҳамагӣ 20 сол умр дида буду аз сад гулаш як гулаш нашкуфта буд ва оянда метавонист соҳиби фарзандҳои зиёде шавад, сари сабз ба хоки сард мениҳад.
Наврӯзи З. бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ҷинояти дар моддаи 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ расонидан нисбати шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад, муқаррар мекунад.
Наврӯзи Зариф гӯё чизе рух надода бошаду барои вай барин инсонҳо (воқеъан агар чунинҳоро агар инсон шумурдан мумкин бошад) ҳаёти як нафар инсон, бонуе, ки бо сад орзӯю ҳавас ба умеди ояндаи нек оила барпо намуда буд, ба зудӣ моҳи декабри соли 2021 бо ҳамон бону Ҷавҳарбии Давлатшо Кишварзода, соли таваллудаш 29 июли 1998, зода ва сокини ноҳияи Мӯъминобод, Ҷамоати деҳоти Чашмасорон, деҳаи Ғеш, соҳиби 2 фарзанд, ки сабагори ҷангу ҷанҷол ва баъдан латукӯби собиқ завчааш ва худкушии ӯ гардида буд, ба тариқи мусулмонӣ ақди никоҳ баста, дар зиндагии якҷояашон соҳиби 2 фарзанд Муҳаммадҷони Наврӯз, соли таваллудаш 21 октябри 2022 ва Закияи Наврӯз, соли таваллудаш 4 июли 2024 гардиданд.
Дар давоми ҳаёти оиладорӣ, мисли солҳои пешин мунтазам байни Наврӯзи Зариф, ки бекорхӯҷагиро ба номи худ мӯҳр зада буд , бо ҳамсари наваш бо сабаби якдигарнофаҳмӣ ва баҳонаҳои ночиз ҷанҷолҳои оиладорӣ рух дода, ду маротиба, яъне моҳи октябри соли 2024 ва 8 декабри соли 2025 ҳамсараш Ҷавҳарбии Д.К.-ро ба тариқи динӣ талоқ додааст. Новобаста аз он, ки Наврӯзи З. нисбати ҳамсараш барои бекор намудани никоҳ талоқ дода, ӯ ба ҳамроҳии фарзандонаш ба хонаи волидайнаш, воқеъ дар ноҳияи Мӯъминобод, Ҷамоати деҳоти Чашмасорон, деҳаи Ғеш рафта бошад ҳам, ба ҳаёти шахсии Ҷавҳарбии Д.К. бевосита дахолат намуда, аз ҳиссиёти рашк ба назди охирин рафту омади мардонро пайгирӣ менамудааст.
Аз ҷумла, ӯ 15 декабри соли 2025 дар назди манзили истиқоматии собиқ падарарӯсаш Палтангов Давлатшо Кишварович, воқеъ дар ноҳияи Мӯъминобод, Ҷамоати деҳоти Чашмасорон, деҳаи Ғеш автомашинаи шаҳрванд Ҷовидони Темур, тамғаи “Опел астра”, рақами қайди давлатиаш 03 53 КК 01-ро дида, бо баҳонаи он, ки собиқ ҳамсараш бо Ҷовидони Т. муносибати маҳрамона дорад, ҳиссиёти рашк дар қалбаш пайдо гардидааст. Барои муайян намудани ҳолати мазкур ғайриқонунӣ беиҷозати шахсони дар он истиқоматкунанда вориди хонаи собиқ хусураш гардида, Ҷовидони Т.-ро дар онҷо дарёб накардааст.
Баъдан шаби 15 ба 16-уми декабри соли 2025, тахминан шабона боз ғайриқонунӣ бархилофи хоҳиши шахсони дар он истиқоматкунанда вориди манзили истиқоматии собиқ падарарӯсаш Палтангов Давлатшо Кишварович гардида, бо собиқ ҳамсараш Ҷавҳарбии Д.К. баҳсу мунозира намуда, ӯро барои муносибати маҳрамона доштанаш бо Ҷовидони Т. мавриди гумонбарӣ қарор додааст.Ҳоло он, ки собиқ ҳамсараш дигар бо ӯ ягон муносибате надошта, шаҳрванди озод ба шумор мерафт, лекин хӯи бад ва тарбияи нодуруст ва саводи қазоӣ надоштани Наврӯзи Зариф масуфро ба дуруст андешидан ва оқилона кор гирифтан монеъгӣ намуда, ахиран даст ба ҷинояти махсусан вазнин мезанад.
Гарчанде Ҷавҳарбии Д.К. бо Ҷовидони Т. муносибати ошиқона доштани худро инкор намуда бошад ҳам, ба он қонеъ нагардида, Наврӯзи З. рӯзи 16 декабри соли 2025, тахминан соати 06-и субҳ тавассути телефон ба Ҷовидони Т. ба алоқа баромада, ӯро ба назди худ барои фаҳмидани бо собиқ ҳамсараш Ҷавҳарбии Д.К. доштани муносибати маҳрамона даъват намудааст. Баъди сӯҳбати Ҷовидони Т. аз доштани муносибати ошиқона бо ҳамсараш огоҳӣ шуда, нақшаи одамкушии собиқ ҳамсарашро кашидааст.
Наврӯзи З. санаи 16 декабри соли 2025, тахминан соати 7.30 бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ҳамсараш Ҷавҳарбии Давлатшо Кишварзода аз мағозаи шахсии шаҳрванд Раҳмонов Раҳимҷон Неъмонович як адад корди хоҷагиро ба арзиши ҳафт сомонӣ харида, баҳри амалӣ намудани қасди одамкушӣ ба манзили истиқоматии падарарӯсаш ҳозир гардидааст.
Ӯ дар яке аз ҳуҷраҳои манзили истиқоматии мазкур дар заминаи хусумати оилавӣ ва ҳиссиёти рашк, бо Ҷавҳарбии Д.К. баҳсу мунозира намуда, бо бераҳмии махсус, дидаю дониста, ки ба хешовандони наздик дарду алам ва азоби рӯҳии вазнин мерасонад, дар ҳузури модари ҳамсараш - Боронова Назрбӣ Аҳмадовна ва фарзанди хурдсолаш Закияи Наврӯз, соли таваллудаш 4 июли 2024 бо корди дар дасташ буда ба узвҳои ҳаётан муҳими Ҷавҳарбии Д.К. 22 маротиба зарба задааст. Аз натиҷаи ҷароҳати бардошта Ҷавҳарбии Д.К. ба худ наомада, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, Наврузи З. бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ҷинояти дар моддаи 147 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ даромадан ба манзил бар хилофи хоҳиши шахси дар он истиқоматкунанда муқаррар менамояд.Агар ин шахс каме ақл ва дониш медошт, дармеёфт, ки дахлнопазирии манзил дар моддаи 22-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуда, ба манзили шахс, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар намудааст зӯран даромадан комилан маън аст.Чун ин шахс ақлу фаросат ва дониши ҳуқуқии қазоие низ надошт аз чунин андешаҳо фарсахҳо дур буд, баъдан бо ин кирдори қасдонаи худ ҷинояти дар моддаи 104 қисми 2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуд, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар бо бераҳмии махсус муқаррар мекунад.
Дар маҷмӯъ, Наврӯзи Зариф ба ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ҷинояти дар моддаҳои 109 қисми 2, 147 қисми 1 ва 104 қисми 2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 14-уми апрели соли 2026 Наврӯзи Зариф бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “е”, 109 қисми 2 ва 147 –и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахт таъин карда шуд.
Акнун ин ҷавон, ки бояд бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ дар хидмати халқу ватан, оила ва ҳамдеҳагони азизаш бо нерӯи бузурги ҷавонӣ қарор мегирифт ва ифтихори онҳо мешуд 18 соли умри азизи худро паси панҷараи торик хоҳад гузаронид.
Афзӯзи умри шикастаи ду бонуи ҷавони бегуноҳ ва ҳайфи нерӯи ҷавони чунин ҷавонмард (агар ҷавонмардон ӯро дар сафи худ қабул дошта бошанд)!
Шоир беҳуд нагуфтааст:
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад!
Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
















