23:35:55 04-уми Июни 2026 сол

Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026

Чемпионати ҷаҳонии футбол – бузургтарин рӯйдоди варзишӣ дар сайёра – ба наздикӣ оғоз мешавад. Тайёрӣ ба ин ҷашни бузурги футбол бо хабарҳои тоза, таҳлилҳои бозиҳо ва ҳар рӯз маводи ҷолиб дар сомонаи мо. Дар ин мақола мо ҳам таърихи футболро ба ёд меорем, ҳам маълумоти пурра дар бораи чемпионати имсола пешкаш мекунем.

Футбол чӣ гуна ба вуҷуд омад?

fotbol 26 5654451244554Футбол яке аз қадимтарин бозиҳои тӯбӣ мебошад. Пеш аз мелод халқҳои Чин, Юнон ва Рим бозиҳои ба футбол монанд доштанд. Аммо футболи муосир дар асри XIX дар Англия таваллуд шудааст.

Соли 1863 дар Лондон Ассотсиатсияи футболи Англия таъсис ёфт ва аввалин қоидаҳои расмии бозӣ қабул гардид. Ин сол ҳамчун "соли таваллуди футбол" шинохта мешавад. Соли 1904 дар Париж Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) таъсис дода шуд. Соли 1930 аввалин Чемпионати ҷаҳон дар Уругвай баргузор гардид. Қаҳрамон – дастаи миллии Уругвай. Аз он вақт инҷониб, футбол дар ҳар кунҷи ҷаҳон паҳн шуда, ба забони умумиҷаҳонии муҳаббат, ғазаб ва шодии миллионҳо одамон табдил ёфтааст.

Чемпионати ҷаҳонии соли 2026 бо ҳамаи чемпионатҳои пештара фарқияти бузург дорад. Ин дафъа мусобиқа тавсеа ёфта, 48 дастаро муттаҳид мекунад. Оғоз: 11 июни 2026. Анҷом: 19 июли 2026.

Барои аввалин бор дар таърих, Чемпионати ҷаҳонро се кишвар якҷоя мизбонӣ мекунанд:

1. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

2. Канада

3. Мексика

Бозиҳо дар 16 шаҳр аз ин се кишвар баргузор мешаванд. Дар байни онҳо варзишгоҳҳои афсонавӣ ба монанди: Ацтека" (Мехико, Мексика) – варзишгоҳи машҳури ҷаҳон, ки ду маротиба (1970, 1986) финали Ҷоми ҷаҳонро мизбонӣ кардааст. "МетЛайф" (Ню-Йорк/Ню-Ҷерсӣ, ИМА). "Роҷерс Сентр" (Торонто, Канада) ва дигар варзишгоҳҳои замонавӣ.

48 тими миллӣ (на 32, ки пештара буд) – ин аввалин бор аст, ки ин қадар даста иштирок мекунад. Дастаҳо ба 12 гурӯҳи 4-дастагӣ ҷудо шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ: 2 дастаи беҳтарин ба даври плей-офф роҳ меёбанд. 8 дастаи беҳтарини сеюм низ ба даври плей-офф (1/16 ниҳоӣ) мебароянд. Шумораи умумии бозиҳо: 104 бозӣ (қаблан 64 бозӣ буд).

Дастаи миллии Аргентина (соли 2022 дар Қатар чемпион шуда буд). Оё онҳо метавонанд унвони худро ҳимоя кунанд? Ҷавобро мо дар мавсими 2026 хоҳем дид.

Чемпионати ҷаҳон на танҳо мусобиқа, балки иди умумибашарии футбол аст. Аз 11 июн то 19 июл мо ҳамагӣ як ҷомеаи бузурги мухлисон хоҳем буд.

Сомонаи Рузгор ҳар рӯз – субҳу шом – бо натиҷаҳои тоза, таҳлилҳои дуруст ва аксҳои ҷолиб барои Шумо кор мекунад.

Бо мо бошед! Пеш ба сӯи Ҷоми ҷаҳон 2026!

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ