“Ҷаҳолат ва ҷиноят!”
Дар ҷараёни пешбурди тафтиши пешакӣ муайян карда шудааст, ки Абдусамадов Маҳмаднабӣ Додарҷонович соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти Бохтариён, деҳаи Чакиҳо, тахминан мобайнҳои моҳи сентябри соли 2025 аз шиносаш Гиёсов Қандаҳор Ҳотамович, соли таваллудаш 17 июни 1975, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, деҳаи Чорбоғ, хазиначии нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Азия-Нефт”-и ҶДММ “Ғайрат- 82”, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Чакиҳо фаҳмиддаст гардидааст, ки писари мавсуф Ғиёсов Қ.Қ. дар суди ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо собиқ ҳамсараш Баҳовуддинзода А. оиди бекоркунии ақди никоҳ баҳси судӣ дошта, мехоҳад ин баҳси судӣ ба манфиати писараш ҳал гардад.
Абдусамадов М.Д. баъди хабардор шудан оиди мавҷудияти чунин парвандаи шаҳрвандӣ, ки худ дониши қазоие надошту аз ҷоҳиле беш набуд, муддати зиёде дар сар тарзи осон ба даст овардани мабағи зиёди пулиро накшакашӣ мекард, қасди бо роҳи фиреб тасарруф намудани маблағҳои Гиёсов Қ.Ҳ.-ро намуда, ба вай таклиф намудааст, ки бо маблағи даҳ ҳазор сомонӣ метавонад бо воситаи шиносонаш барои ба манфиати писараш Ғиёсов Қ.Қ. бароварда шудани санади судӣ аз рӯи парвандаи шаҳрвандии зикршуда мусоидат намояд. Гиёсов Қ.Ҳ. ба ваъдаҳои Абдусамадов М.Д. бовар намуда, 20 сентябри соли 2025 тариқи ҳамёни электронӣ ба корти бонкии мавсуф даҳ ҳазор сомонӣ мегузаронад. Абдусамадов М.Д. маблағи 10 000 сомониро бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз Гиёсов Қ.Ҳ. тариқи электронӣ гирифта, онро ба манфиати худ сарф намудааст.
Инчунин, Абдусамадов М.Д. амали ҷиноятии худро давом дода истода, аз чунин ранг гирифтани кор ва ба даст даровардани маблағи муфт хело шоду масрур гашта, боз ҳамон давра маълумот гирифтааст, ки Гиёсов Қ.Ҳ. мақсади гирифтани шаҳодатномаи ронандагиро дорад.Баъди гирифтани маълумот дар ин хусус, ӯ боз қасди тасарруфи маблағҳои Гиёсов Қ.Ҳ.-ро намуда, ба боварии Гиёсов Қ.Х. даромада, ба вай ваъдаи бардурӯғ додааст, ки тавассути шиносҳояш барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои идораи воситаҳои нақлиёти сабукрав дар мӯҳлати се шабонарӯз мусоидат менамояд. Гиёсов Қ.Ҳ. ба ваъдаи бардурӯғи Абдусамадов М.Д. бовар карда, маблағи 2600 сомониро ба ӯ додааст, онҳоро охирон ба эҳтиёҷоти шахсӣ дар хариди мавоҳои ғизоӣ, пӯшока ва истироҳат дар тарабхонаҳои шаҳри Бохтар сарф кардааст.
Абдусамадов М.Д. пас аз талаби мунтазами маблағи пулӣ аз тарафи Ғиёсов Қ.Х. охирҳои моҳи октябри соли 2025 маблағи чор ҳазор сомониро баргардонида, 8600 сомонӣ маблағи пулии боқимондаро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба Ғиёсов Қ.Ҳ. ба маблағи 8600 сомонӣ зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.
Бинобар он, ки Абдусамадов М.Д. бо роҳи фиреб ва сӯиистода аз боварии Гиёсов Қ.Ҳ. маблағҳои номбурдаро тасаруф намуда, ҷинояти қаллобиро содир намуда, Гиёсов Қ.Ҳ. пайваста маблағҳояшро аз ӯ талаб намудаву иброз менамояд, ки дар сурати барнагардонидани ин маблағҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҷинояти содирнамудаи ӯ хабар хоҳад дод. Чун дар ҳисси ботинии Абдусамадов М.Д. ба ғайр аз андешаи нопоки дурӯғу фиреби оммаи халқ ва ба даст даровардани мабалағи бе меҳнату айшу ишрат кайҳо макон гирифта буд, ба қаҳру ғазаб омада,аз тарси ба дасти мақомоти танопкаш афтидан ва паси панҷара рафтан, дар ботинаш қасди куштани Гиёсов Қ.Ҳ. пайдо мегардад.
Абдусамадов М.Д. бо мақсади амалӣ намудани қасдии ҷиноятии худ, яъне қасадан аз ҳаёт маҳрум сохтани Гиёсов Қ.Ҳ. бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷинояти қаллобии нисбати вай содиршуда ва халос шудан аз пардохти 8600 сомонӣ, 2 феврали соли 2026, тахминан соати чори субҳ ба нуқтаи таъмири мошинҳо, воқеъ дар деҳаи Чакиҳо, ки дар он ҷо ба сифати устои таъмири автомобилҳо кор мекард омадааст. Ӯ бо худ як адад корди шикорӣ, як адад дастпӯши резинӣ ва як адад дастпӯши латтагин гирифта, ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Азия-Нефт”-и ҶДММ ‘Тайрат- 82”, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Чакиҳо, ки дар он ҷой Гиёсов Қ.Ҳ. ба сифати хазиначӣ кор ва ҳамон шаб дар ҷойи кораш қарор дошт омадааст.
Абдусамадов М.Д. бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои содир намудани ҷиноятии одамкушӣ, яъне фароҳам овардани торикӣ ва аз кор бозмонондани камераҳои назоратии нуқтаи фурӯши сузишворӣ, дастпӯши резинии бо худ овардашро пӯшида, ба назди трансформатори ҷараёни барқии ин нуқтаи фурӯш рафта, қувваи барқро хомӯш намудааст.
Пасон, Абдусамадов М.Д. бо мақсади то ба охир расонидани қасди чиноятии худ, дастпӯши латтагинро ба дасти чапаш пӯшида, дар дасти росташ корди шикории бо худ овардаашро гирифта, аз торикии шаб ва дар ҳолати корӣ қарор надоштани камераҳои назоратӣ истифода намуда, ба ҳуҷраи хазиначии нуқтаи фурӯши сузишворӣ рафта, дари ҳуҷраи мазкурро, ки аз дохил маҳкам буда, дар дохили он Гиёсов Қ.Д. менишаст, кӯфтааст.
Гиёсов Қ.Ҳ., ки аз қасди ҷиноятии Абдусамадов М.Д. дарак надошт ва бо ӯ чун шиноси дерин муносибат дошт, баъди хабардор шудан аз омадани Абдусамадов М.Д. дари ҳуҷраи хазинаро аз дохил зуд кушода, шиноси деринашро хайру мақдам гуфтааст. Абдусамадов М.Д. ба ҳуҷра даромада, фавран бо истифодаи корди бо худ овардааш бо бераҳмии махсус ба узвҳои муҳими бадани Гиёсов Қ.Ҳ., аз ҷумла ба сару гардан ва қафаси синнаи Гиёсов Қ.Ҳ. 20 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷаи ин зарбаҳо, охирон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Мавсуф пас аз куштани Гиёсов Қ.Ҳ., бо мақсади амали намудани қасди ҷиноятии -дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, дар ҳолати такроран, дари ҷевони оҳанинро кушода, бо роҳи пинҳонӣ аз он ҷо маблағи сенздаҳ ҳазору як саду бисту ду сомониро, ки ба ҶДММ "Ғайрат-82” тааллуқ дошт, пинҳонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.Мақомоти дахлдор ҷинояткорро,ки баъди содир намудани ҷинояти даҳшатноки одамкушӣ акнун чун муш дар хонааш пинҳон шуда мегашт бо як амали баланди касбӣ дастгир намуд.Баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи прокуратураи ноҳияи Кӯшониён барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 7 майи соли 2026 Абдусамадов Маҳмаднабӣ Додарҷонович бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “а,в”, 104 қисми 2 бандҳои “е,л” ва 244 қисми 2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 2 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахт таъин карда шуд.
Акнун ин ҷавонмарди 35 сола 25 соли умри худро паси панҷараи “Дорул- ахлоқ” сипари хоҳад кард.
Оре, андешаи сабукфикрона ба хотири ба даст даровардани даромади муфт ва айшу ишрат, дури ҷустан аз меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ин шахсро ба амали даҳшатбори одамкушӣ ба хотири нафси саркаш бурд.Ҳидоятгари нафси саркаш инҷо беашаку шубҳа ҷаҳлу ҷаҳолат, беандешагӣ ва аз хирад кор нагирифтани Абдусамадов Маҳмаднабӣ Додарҷонович ҳаст.
Вагарна кор гирифтан аз ақлу хирад ва андешаи солим метавонист мавсуфро бо роҳи рост ҳидоят намудаву падари намунавии оила ва гули сари сабади ҷомеъа гардонад на хори ҷомеъа!
Ҳаким Фирдавсӣ беҳуда нагуфтааст:
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
















