20:51:29 28-уми Июни 2025 сол

ШИКОЯТИ ДУ МУХОЛИФИ СОБИҚ АЗ "ШИКАНҶАИ ПУЛИС"

Ду тан аз мухолифони исломии собиқи давлати Тоҷикистон аз мавориди шиканҷаи маъмурони пулис алайҳи худ ба мақомоти умури дохила шикоят бурдаанд. Ин ду нафар иддаъо доранд, ки маъмурони пулис аз роҳи зарбу шатм ва таҳқир хостаанд аз онҳо баёноти бепоя ба даст оваранд. Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардаанд.

 

Зарифҷон Раҳимов ва Носирҷон Шунхоров, ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯянд, ки 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулис дар ин минтақа дар хиёбон боздошт шуда ва тӯли ду рӯ дар боздоштгоҳ қарор доштаанд. Ба гуфтаи онҳо, маъмурони пулис бо исми Ворис, Муҳаммадҷон, Фурқат ва Хуршед тӯли ду рӯз онҳоро шиканҷа карда ва онҳоро водоштаанд, ки гуноҳеро ба дӯши худ бигиранд.

 

Зарифҷон Раҳимов дар ин бора гуфт: "Онҳо гуфтанд, ки ман бояд ба доштани силоҳ иқрор кунам. Ё иқрор кунам, ки машғули қочоқи маводди мухаддир ҳастам. Ба онҳо гуфтам, ки ба ин корҳо машғул нестам, вале онҳо иддаъо доштанд, ки бояд иқрор кунӣ."

 

Оқои Раҳимов афзуд, ки баъд аз ин, ӯро ба утоқе бурда ва бо истифода аз нерӯи барқ шиканҷа кардаанд ва вай розӣ шудааст ҳар баёноте мехоҳанд имзо кунад. Ба унвони далел, оқои Раҳимов нишони истифода аз барқ дар рӯйи дастони худро нишон дод. Носирҷон Шунхоров, ки ҷияни оқои Раҳимов аст, мегӯяд, ки дар гузашта онҳо “муҷоҳид” буданд ва дар замони ҷанги дохилӣ дар суфуфи нерӯҳои мухолифини давлати Тоҷикистон ҷангидаанд.

 

Вале баъд аз имзои созишномаи сулҳ ба ватан бозгашта ва тибқи қонуни афви соли 1998 маъоф шудаанд. Ба гуфтаи вай, соли 2005 низ маъмурони пулис онҳоро боздошт карда ва аз онҳо ришва ситонда сипас озод кардаанд. Вай гуфт: "Он замон мо ба Додситони кул шикоят бурдем ва алайҳи он маъмурони пулис парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Тӯли панҷ соли ахир мо зиндагии оромонае доштем. Вале ҳоло моро боз ҳам хостанд ба аъмоли теруристӣ муттаҳам кунанд."

 

Ба гуфтаи оқои Шунхоров, онҳо ба маъмурони пулис гуфтаанд, ки тибқи қонуни афв онҳо маъоф шудаанд, вале кормандони пулис гуфтаанд, ки "ин қонуни афв барои мо санаде нест. Ин ҷо мо қонун ҳастем ва сарнавишти шумо танҳо дар дасти мост."

 

Дар зарфи ин ду рӯз, пайвандони оқоён Шунхоров ва Раҳимов аз сарнавишти онҳо иттилоъе надоштаанд. Ба гуфтаи онҳо "моро аз кӯча рабуданд ва то ҷойе огоҳ шудем, ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳ қарор додаанд."

 

Баъд аз шиканҷаи дурӯза, масъулони додситонӣ аз ин қазия огоҳ шуда, хостори сӯҳбат бо ин ду нафар шудаанд. Носирҷон Шунхоров мегӯяд, ки Баҳодур Раҷабов, як масъули Додситонии кул, онҳоро бозпурсӣ кард, вале маъмурони пулис мегӯянд, ки онҳо танҳо се соъат қабл боздошт шуда буданд ва асомии онҳо дар феҳристи қонуни афви соли 1998 набудааст.

 

Бо ин вуҷуд, Баҳодур Раҷабов шахсан ин қонунро мутолеъа карда, асомии ин ду нафарро дар он феҳрист пайдо карда ва дастур додааст, ки оқоён Шунхоров ва Раҳимов аз боздоштгоҳ озод карда шаванд. Маъмурони пулис ин ду нафарро дубора ба боздоштгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бурда ва ҳамчунон мавриди шиканҷа қарор додаанд ва барои озодии онҳо дархости ришва кардаанд.

 

Сипас, аз роҳи зӯр аз онҳо забонхат гирифтаанд, ки маъмурони пулис онҳоро танҳо тӯли се соъат дар боздоштгоҳ нигаҳ доштаанд ва алайҳи онҳо аз зарбу шатм истифода нашудааст. Зарифҷон Раҳимов мегӯяд, ки ба хотири раҳоӣ аз ин боздоштгоҳ онҳо ночор шудаанд чунин санадеро имзо кунанд. Гузашта аз ин, маъмурони пулис ҳушдор додаанд, ки дар сурати шикояти ин ду нафар, онҳо метавонанд ҳар лаҳза онҳоро боздошт ва зиндонӣ кунанд.

 

Баъд аз раҳоӣ аз боздоштгоҳ оқоён Раҳимов ва Шунхоров осори зарбу шатм ва шиканҷа дар ҷисми худро дар озмоишгоҳ муъояна ва санади расмиии пизишкиро дарёфт карда ва ба додситонӣ алайҳи маъмурони пулис шикоят бурдаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло ин шикоят аз сӯйи бахши амнияти дохилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таҳқиқ мешавад, вале маъмурони пулисе, ки иддаъо мешавад онҳоро шиканҷа кардаанд, аз роҳҳои мухталиф ба онҳо фишор овардаанд, ки шикояти худро бозпас бигиранд.

 

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳозир нашуданд, ки дар ин замина изҳори назар кунанд. Дар гузашта мақомоти ин вазоратхона изҳор дошта буданд, ки дар фаъолияти ин ниҳод мавориди шиканҷа ошкор нашудааст, вале суиистифода аз мақоми хидматӣ мушоҳида шудааст.

 

Вале Зариф Ализода, омбудсмен ё кумиссари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ахиран дар як мусоҳибаи худ вуҷуди шиканҷа дар фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ ва зиндонҳои ин кишварро таъйид кард ва изҳор дошт, ки ин ниҳоди вай ба ҳар яке аз чунин мавориди шиканҷа расидагӣ хоҳад кард.

 

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ҳамвора аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки дар қонуни кайфарии ин кишвар мафҳуми “шиканҷа” сабт шавад, вале ин дархост то кунун иҷро нашудааст. То ҳол дар қавонини Тоҷикистон чунин мафҳуме вуҷуд надорад ва маъмурони пулис ё ниҳодҳои амниятиро наметавон ба иртикоби шиканҷа муттаҳам кард. Аммо дар сурати кашфи мавориди шиканҷа, маъмурон ба иттиҳоми сӯиистифода аз мақоми хидматӣ муҷозот мешаванд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2619------q-q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ