ИСТИРДОДИ ДУ МАЗНУН ДАР ИФРОТГАРОӢ БА ҚИРҒИЗИСТОН
Пулиси вилояти Суғд ба ниҳодҳои интизомии вилояти Ботканди Қирғизистон ду нафар гумонбар дар ифрогароиро истирдод кардааст. Тибқи иттилоъи манобеъи пулиси вилояти Ботканд, ин ду нафар шаҳрвандони Ӯзбакистон ва Қирғизистон буда, яке аз онҳо узви гурӯҳи “Ваҳҳобия” ва дигарӣ узви созмони “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ” будаанд. Вале манобеъи пулиси вилояти Суғд аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд.
Сарҳанг Ҷениш Раззоқов, муъовини раиси пулиси вилояти Ботканди Қирғизистон, рӯзи ҷумъаи 9 июл дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Би-би-сӣ хабари истирдоди ин ду нафар аз сӯйи маъмурони пулиси вилояти Суғдро таъйид кард. Ба гуфтаи вай, зимни боздошти ин афрод дар Хуҷанд, онҳо бо худ мадорике надоштаанд ва ба пулис аз шаҳрванди Қирғизистон будани худ хабар додаанд. Тибқи созишномаҳои миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи истирдоди афроди мазнун, мақомоти ниҳодҳои интизомии вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки ин ду нафарро ба маъмурони пулиси вилояти Ботканд интиқол диҳанд.
Ҷениш Раззоқов гуфт, ки маъмурони пулиси вилояти Ботканд мушаххас кардаанд, ки Абдувоҳид Алиев, яке аз боздоштшудаҳо, сокини вилояти Андиҷони Ӯзбакистон аст. Нафари дувум – Атабев Тӯйчиев, сокини вилояти Ҷалолободи Қирғизистон аст. Ба гуфтаи сарҳанг Раззоқов, маъмурони пулис ҳамчунин мушаххас кардаанд, ки яке аз боздоштшудаҳо узви гурӯҳи “Ваҳҳобия” ва дигарӣ узви “Созмони ҷиҳоди исломӣ” будааст. Ба гуфтаи вай, ин ду нафар аз қабл мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштаанд.
Вай афзуд, ки Абдувоҳид Алиев аз сӯйи ниҳодҳои интизомии Ӯзбакистон барои мушорикат дар ҳаводиси Андиҷон дар соли 2005 мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштааст. Ҳоло ба гуфтаи сарҳанг Раззоқов, маъмурони пулиси Ботканд аъмоли дигари ҷиноии ин ду нафарро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Вай хабар дод, ки маъмурони пулиси вилояти Суғд аз аъмоли ҷиноии ин ду нафар огоҳӣ надоштаанд ва ҳоло онҳо ба ҳамтоёни тоҷики худ дар ин замина иттилоъоте ироа кардаанд. Вале Муҳаммаднаим Муртазоев, раиси ситоди пулиси вилояти Суғд, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз ҳодисаи истирдоди ин ду нафари мазнун дар ифротгаройӣ изҳори беиттилоъӣ кард.
Фирӯз Боқӣ, сухангӯйи ин ниҳод, низ зимни ибрози беиттилоъӣ аз ин хабар гуфт, ки эҳтимол дорад истирдоди ин ду нафар аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ сурат гирифта бошад. Вале манобеъи амниятӣ аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки ду моҳ қабл маъмурони пулис дар минтақаи Майхура дар ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд, ки манотиқи марказӣ ва шимоли Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, бо ду тан аз афроде, ки баъдан ифротгароёни мазҳабӣ муъаррифӣ шуданд, вориди даргирӣ шуда буданд.
Дар натиҷаи амалиёти вижа ин ду нафар дар ниҳоят кушта шуданд ва пулиси Тоҷикистон хабар дод, ки онҳо узви Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон будаанд, ки мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошта, аз Афғонистон ба шимоли Тоҷикистон ҳаракат мекарданд. Аз сӯйи дигар, ба навиштаи расонаҳои гурӯҳии Қирғизистон, бархе аз мақомоти ҳукумати муваққати ин кишвар даст доштани атбоъи тоҷик дар даргириҳои ахир дар ҷануби Қирғизистонро таъйид карда буданд. Вале раиси Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон чунин иддаъоро бепоя хонда, хостори эъломи далоили чунин иттиҳом шуда буд.
Расонаҳои Қирғизистон ҳамчунин навишта буданд, ки бархе аз пайвандони Қурбонбек Боқиев, президенти барканоршудаи ин кишвар, ба вилояти кӯҳистонии Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон фирор кардаанд. Ба навиштаи ин расонаҳо, Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ин афродро паноҳ додааст. Вале оқои Назаров дар матбуъоти Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хонд. Дар ҳамин ҳол, манобеъи амниятии Қирғизистон хабар додаанд, ки ахиран дар вилояти Вазиристони Покистон мулоқоти раҳбарони бархе аз созмонҳои ифротгаро баргузор шудааст, ки дар он вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.
Тибқи иттилоъи ин манобеъ, дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки вазъият дар водии Фарғона баъд аз ҳаводиси ахир дар ҷануби Қирғизистон ба тавсеъаи фаъолияти ин гурӯҳҳо мусоъидат мекунад ва онҳо бояд аз чунин фурсат истифода кунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2643-2010-07-09-14-01-37.html