03:41:15 29-уми Июни 2025 сол

ҚУРҒОНТЕППА: ПАЙКАРАИ ЛЕНИН "АҲАММИЯТАШРО ГУМ КАРДААСТ"

Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон мехоҳанд пайкараи бузурги Ленин дар боғи марказии шаҳри Қурғонтеппа, маркази ин вилоятро, барчинанд. Бурҳониддин Раҷабов, сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, рӯзи ҷумъаи 16 июл дар як нишасти матбуъотӣ гуфт ин пайкара, ки дар замони Шӯравӣ сохта шуда буд, барои насли ҷавон дигар аҳаммияти фарҳангӣ ва ҳунарӣ надорад. Оқои Раҷабов ва чанде дигар аз масъулони фарҳанги вилоят мӯътақиданд, ки ҳайкали Ленин хеле "кӯҳнаву таъмирталаб" шудааст.

 

Онҳо пешниҳод мекунанд, ки ин пайкара бояд аз боғи марказии ба номи Раҳмон Мӯрчаев, ки аз маконҳои истироҳату фароғати ҷавонон аст, бардошта шавад. Оқои Раҷабов мегӯяд: "Ростӣ, мо дар вилоят воҳиди корӣ (барои муроқибат) аз ҳайкалу ёдгориҳои таърихӣ надорем ва фикр мекунам, ки пайкараи Ленин кайҳост қимати бадеъиву фарҳангии худро гум кардааст ва бояд бардошта шавад."

 

"Мо зиёд қаҳрамонҳое дорем, ки пайкараҳояшон арзи ҳастӣ доранд. Бе ин ҳам ҳайкалҳои Ленин дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар назди баъзе аз мактабҳо аҳаммияти худро гум карда ва кӯҳна шудаанд. Мо бо ин ҳайкалҳо ифтихор карда наметавонем."

 

Аммо ба назар мерасад, ки иддае аз мардуми маҳаллӣ бо ин пешниҳод мувофиқ нестанд. Саидҷаъфар Сафаров, як ҷавони маҳаллӣ, мегӯяд, ки барои ҷавонон пайкараи Ленин ё дигар пайкараву нимпайкараҳо ҳеч зараре надорад. Саидҷаъфар мегӯяд: "Фикр мекунам аҳаммияти ҳайкали Ленин аз байн намеравад ва нахоҳад рафт, чун ин моли таърих аст ва ба нафъи мост. Масалан, дар замони Шӯравӣ ин ном вирди забони хурду бузург буд ва шеърҳоеро назири "Ленин бародар раҳнамост…" ман аз бар карда будам. Чунин шеърҳо дар васфи Ленин зиёд буданд."

 

Ба гуфтаи масъулони раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, 20 муҷасамаву ёдгории таърихие, ки дар ин шаҳр ҳастанд, шиносномаҳои худро надоранд, ки яке аз онҳо пайкараи Ленин аст. Зимни тасдиқи ин хабар манобеъи шӯъбаи фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтанд, ки ҳатто муҷассамаҳои шоъирону қаҳрамононе, ки дар шаҳр тоза қомат афрохтаанд, низ шиноснома надоранд.

 

Соле қабл масъулони вилоят тасмим гирифта буданд, ки ҳайкалу нимпайкараҳои намояндагони ҷабҳаи (фронти) халқ дар замони ҷанги дохилӣ, монанди Файзалӣ Саидов ва Сангак Сафаровро, ки дар гӯшаву канори вилоят мушоҳида мешаванд, бардоранд, вале ин тасмим зоҳиран иҷро нашудааст.

 

Бурҳониддин Раҷабов дар ин бора гуфт: "Мо мехоҳем, ки нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва дигаронро, ки ба ёди насли ҷавон замони нооромию хунрезиро меоранд, аз миён бардорем, вале ин кор ба ӯҳдаи вазорати фарҳанг аст."

 

Табаралӣ Соҳибназаров, як коршиноси маҳаллӣ дар вилояти Хатлон, мегӯяд раёсати фарҳанги вилоят пеш аз он ки ҳайкали Ленинро бардорад, бояд кӯчаву хиёбонҳоро аз нимпайкараҳои "қаҳрамонҳои солҳои ҷанги дохилӣ" тоза кунад.

 

Вай гуфт: "Замоне ки ман тарбият гирифтам, ҳайкали Ленин хеле нуфуз дошт ва мо ҳатто нишонҳои сарисинагии Ленинро доштем. Ҳоло фикр намекунам, ки баъди истиқлол Ленин аз таърих маҳв шуда бошад. Бояд ҳизби кумунист дар минтақа барои нигоҳдории ёдгориҳои даврони Шӯравӣ чорае андешад."

 

Оқои Соҳибназаров афзуд: "Мутаассифона, тақрибан аз ҳамаи мактабу таълимгоҳҳо пайкараи Ленин канда шудааст. Агар ҳайкали Ленин даркор набошад, дигар пайкараҳо низ барои мо лозим нест."

 

Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон мегӯяд, ки барои таъмири ҳайкалу нимпайкараҳое, ки дар вилоят ҳастанд, маблағи муъайяне дар ихтиёр надорад, то ин ёдгориҳоро тармим ва барои онҳо шиноснома таҳия кунад. Намояндагони ҳизби кумунист соле қабл бо кумаки як созмони ғайридавлатӣ ҳайкали Ленинро ранг карда буданд. Ҳоло, ки ин пайкара дубора ба тармим ниёз дорад, масъулони фарҳанги вилоят дар андешаи барчидани он ҳастанд.

 

Аз замони истиқлол ёфтани Тоҷикистон дар соли 1991 то кунун чандин пайкара ва нимпайкараҳои Ленин ва шахсиятҳои дигари саршиноси даврони Шӯравӣ аз амокини умумӣ дар шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон барчида ва ба осорхонаҳо ва анборҳо мунтақил шудаанд. Тарафдорони ҳизби кумунист ҳамвора бо ин иқдомот ибрози мухолифат кардаанд, вале ба гуфтаи масъулони давлатӣ, бештари ёдгориҳои даврони Шӯравӣ бо фарҳанг ва ормонҳои давлатдории миллии тоҷикон созгор набудаанд.

 

Орзӯи Карим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2708----q--q.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ