18:15:00 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/08_veil2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/08_veil2147_1'

ДАСТУРИ ТАРКИ ҲИҶОБУ РӮСАРӢ ДАР ХАТЛОН

Шуъбаи дини ҳукумати Хатлон дар асоси пешниҳоди ҳукумат дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корзори таблиғотӣ барои мутақоъид кардани занону духтарон ба тарки ҳиҷобу русариҳои ғайримарсумро анҷом додааст. Шуъбаи дин дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар ин замина иқдомотеро анҷом дода ва ба раиси вилояти Хатлон дар бораи фаъолиятҳои иршодӣ барои тарки ҳиҷобу русариҳои ғайримаъмулӣ гузориш додааст.

 

Бобохон Шарбатов, мудири шуъбаи дин дар ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд: "Мо тадобири тафҳимиро барои занону духтарон дар мавриди иҷтиноб аз пӯшидани ин навъи ҳиҷобу русарӣ амалӣ кардем. Оқои Шарбатов афзуд: "Мо ба занону духтарон фаҳмондем , ки ҳиҷобу русариҳо хоси мо нест ва ин ба фарҳанги мо дуруст намеояд. Анҷоми ин тадобир дар вилояти Хатлон ба хотири пешгирӣ аз тақлиди ҷавонон дар мавзуъи пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ё ин ки сатр буд.

 

Тақлиди пӯшидани ҳиҷобу русарӣ метавонад, ки ба идеюлудии мо таъсири худро расонад. Мо низ ба хотири баланд бардоштани маърифатнокии мардум онҳоро водор сохтем то аз пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ худдорӣ кунанд. Ва агар умур ҳамин тавр давом кунад, мушкилеро ба миён меорад. Дар ҳоле ки мо истиқлолияти комил дорем мо бояд ба унсурҳои бегона ва бегонапарастӣ мубориза барем».

 

Шуъбаи дин дар вилояти Хатлон шумори занҳои ҳиҷобу рӯсарипӯшро дар гузоишаш зикр накардааст , вале дар ҳамроҳӣ бо созмонҳои ҷаъмиятии мадориси исломӣ дар ибодатхонаҳо ва марокизи омма дастури тарки ҳиҷобро додааст ва пӯшидани ҳиҷобу рӯсариро моли бегона хондааст. Майрамбӣ Ғаффурова ,як маъсул дар ҳукумати вилояти Хатлон, мегӯяд ҳиҷобу рӯсарӣ хоси занони тоҷик нест ва бояд ,ки занон тарки он кунанд ва аз рӯймолҳои тоҷикона истифода намоянд.

 

Майрамбӣ мегӯяд: «Мо хуб медонем, ки дар гузашта модарони мо ҳамин як либоси одӣ ва як рӯймоли сафед доштанд. Ҳоло занону духтароне , ки дар кӯчаҳои шаҳри мо дида мешаванд, худро сиёҳпӯш мекунад ва инҳо «зоғи сиёҳи ислом » ҳастанд. Зане, ки ба хотири риоя кардани фарзи исломӣ ҳиҷобу рӯсарӣ мекунад, набояд ба кӯчаҳо баромада ё ба тӯю маъракаҳо равад. Бештарашон ба хотири муд истифода мекунанд .Ин низоъҳои фарҳангиро ба миён меорад».

 

Коршиносон мегӯянд дар кишвари демократӣ пӯшидани либос ва риоя кардани фарзи исломӣ зараре надоштааст ва ҳар яке барои пӯшидани либос бояд ки озод бошад, бахусус занону духтароне , ки фароизи исломиро ба ҷо меоранду ҳиҷобу рӯсарӣ доранд. Азимҷон Ваҳҳобов , муовини раиси ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мегуяд занон бояд озод бошанд чун яке аз усулҳои демократия ин озодӣ мебошад:

 

«Вақте ки мо даъвои доштани демократия мекунем барои чӣ ба занону духтарон барои пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ мушкил эҷод кунем? Пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ бояд , ки ба ақлу дини ҳар як инсон бошад. Ба занону духтарон на дар ҷои кор ва на дар ҷомеа зарар дошта метавонад."

 

Дастури тарки ҳиҷобу русарӣ дар вилояти Хатлон чанде пеш дар яке аз бозорҳои Қӯрғонтеппа шуруъ шуда буд , ки мебоист занону духтарони савдогар тарки ҳиҷобу русарӣ мекарданд. Дар шуъбаи дини вилоят гуфтаанд, ки дар сурати пешгирӣ кардан ва кам шудани занони ҳиҷобпӯш пушидани либоси дарози сафед барои мардонро , ки бештар дар Арабистон истифода мешавад, мамнуъ хоҳанд кард.

 

Либоси сафед ё ин ки «арабӣ» бештар дар миёни ҷавонони намозгузори минтақа дар масоҷид мушоҳида мешудааст ва пешгирӣ аз пӯшидани ин либос тавассути ҷавонон дар барномаи навбатии шуъбаи дини вилоят будааст , ки мехоҳад сафи ҷавонони либоси сафеди дарозпӯшро кам кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3304-2010-10-08-05-19-51.html

Шарҳҳо   

 
0 #4 Guest 18.05.2012 20:00
Ассалому алейкум хамватонони азиз, Мо худмон хози дар давлати демократия карор дорем,агар мо демократи бошем тогда шумо чи кор дорен ба формапушии як каси дигар? э муллои мухтарам ту хуб одами бе гайрат будай хака дар мардум гуфта наметони ай Худо наметарсиву ай одамхо метарси,Шумо халка меген ки хичоб накн,хичоб ин рамзи мусулмон аст.Аз хамин ру маьлум мешава ки зани шумо хам бе сатр мегардад.агар хамихел боша шумо дар пеши Аллох чавоб медихед!неки фаромуш накунед ки чавоб додан дар пеши Аллох осон нест !!! Худо имонтон дихаду , аввал андеша бад гуфтор ,,,,
 
 
+1 #3 Guest 13.10.2010 07:46
Эй, Худо бехабарон аз Худо тарсед, е ин ки шуммо мурдан надоред!шуммо аз гапи бандаи Худо метарсед е ин ки аз Худо??????????? ?
 
 
+1 #2 Guest 10.10.2010 15:33
Овозҳо мусалмон:
пагох дар назди парвардигоратон чи чавоб медихед сатр хоси милати мо нест ? магар мини юбка ва либосхои нимбарахна хоси милати мо аст, мутахамхо...

Ай Мухаммад бигу ба бандагони Ман агар тавба кунанд бахшида яъне мавриди авф карор мегиранд ва агар тавба накунанд интизори азоби Ман бошанд.(яъне Абади дар оташи чаханам маскан мегиранд)
---------------------------------
Оё диди ононеро ки монеъи амру фармонхои Мо мешаванд ин хамонхое анд ки рахм ба ятимон надоранд ! (сазовори оташи чаханамад )
 
 
+1 #1 Guest 08.10.2010 22:30
пагох дар назди парвардигоратон чи чавоб медихед сатр хоси милати мо нест ? магар мини юбка ва либосхои нимбарахна хоси милати мо аст, мутахамхо...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ