23:54:56 22-уми Майи 2025 сол

БАРРАСИИ ИРТИБОТОТИ ҶОДАӢ ВА РОҲИ ОҲАН ДАР НИШАСТИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Душанбе нишасти дурӯзаи вазирони роҳ ва таробарии Эрон, Чин, Қирғизистон, Афғонистн ва Тоҷикистон шурӯъ ба кор кард. Ҳадаф аз мулоқоти 5-ҷонибаи вузарои роҳу таробарии 5 кишвари минтақа, тавсеаи иртибототи ҷодаӣ ва роҳи оҳан миёни ин панҷ кишвар аст. Ба гуфтаи Фарид Ёқубзода, раиси идораи равобити байналмилаллии вазорати роҳу коммуни - катсияи Тоҷикистон, ин мулоқот дар Душанбешаҳр ду рӯз давом хоҳад кард.

 

Аҳамияти ҷодаҳои иртибототӢ барои Тоҷикистон ва минтақа

 

poezdБа далели аҳамият масъала дар ин мулоқот, ки бар сари сохтмони роҳи оҳани Эрон-Тоҷикистон-Чин аз тариқи Афғонистон ва Қирғизистон роҳандозӣ ҳоҳад шуд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нимаи дуввуми имрӯз бо Ҳамид Беҳбаҳонӣ, вазири роҳу таробарии Эрон ва Довуд Али Наҷафӣ, вазири роҳ ва ҳавонавардии Афғонистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Дар бораи сохтмони ин роҳи оҳан, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои 5 кишвари минтақа муҳим аст, Тоҷикистон ва Эрон дар тобистони соли ҷорӣ созиш карда буданд.

 

Эрон барои омада сохтани тарҳи фаннӣ ва иқтисодии сохтмони ин роҳ, як миллион доллар ихтисос дода буд. Ҳамчунин мавзӯи сармоягузории сохтмони ин роҳи оҳан дар ҷараёни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон дар гуфтугӯҳои вай бо руасои ҷумҳури Эрон ва Афғонистон баррасӣ шуда буд.

 

Ба гуфтаи таҳлилгарони маркази мутолеоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин роҳ метавонад Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кунад ва дар транзити колоҳо Тоҷикистонро аз монеаэҷодкуниҳои Узбакистон дар роҳи оҳан бениёз кунад. Гузашта аз ин, ин роҳи оҳан дар таъмини амният дар Афғонистон, интиқоли колоҳои зарурӣ ба ин кишвар ва тавсеаи иқтисоду тиҷорати Афғонистон ба кишварҳои минтақа кӯмак хоҳад кард.

 

Роҳи оҳан, ки шаҳри Ҳироти Афғонистонро ба шаҳри Кошғари Чин мепайвандад, 1 ҳазору 972 километр тӯл дорад ва он шаҳри Ҳиротро, ки як маркази воқеии тиҷорати Афғонистон ба ҳисоб меояд , ба қаламрави Эрон муттасил мекунад. Қисмати дигари ин роҳ, ки Тоҷикистонро ба Қирғизистон мепайвандад, 296 километр тӯл дорад, ки дар ниҳоят Қирғизистонро низ ба Эрону Тоҷикистон мепайвандад.

 

Ҳазина ва мушкили иҷрои тарҳҳо

Мутахассисон то ба ҳол ҳазинаҳои сохтмони роҳи оҳани Эрон-Тоҷикистон-Чин аз тариқи Афғонистон ва Қирғизистонро дақиқ ҳисоб накардаанд. Вале тахмин мезананд, ки ҳазинаҳои сохтмони ин роҳи оҳан аз миллиард доллар убур мекунад. Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди таҳлилгарон, Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон кишварҳои аз лиҳози молӣ ва тавони фаннӣ заифанд. Вале Чину Эрон дар иҷрои ин барнома имконоти бештар бархӯрдоранд.

 

Аз сӯи дигар ба эътиқоди бархи дигари таҳлилгарон , ба хотири аҳамияти ин роҳи оҳан дар истиқрори суботу иҷрои барномаҳои иқтисодӣ дар Афғонистон, имкон дорад созмонҳои сармоягузории байналмилали ва ё давлати Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар эҳдоси ин хатти роҳи оҳан саҳм бигиранд.

 

Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3444-2010-10-28-10-45-20.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ