23:11:30 01-уми Июни 2025 сол

ЭЪТИРОЗИ ДУБОРАИ СОКИНОНИ ҲУШЁРӢ АЗ РОҲИ ПУЛАКӢ

Субҳи рӯзи сешанбе даҳҳо сокини деҳкадаи Ҳӯшёрии ноҳияи Варзоб дубора алайҳи гузаргоҳи пулакӣ эътироз карданд. Ба фарқ аз эътирозҳои қаблӣ, ин сафар мардум бо омодагии комил ва бо шиору даъватҳои “Мушкили моро осон кунед!” ба майдон баромаданд. Тазоҳуркунандагон дар рӯ ба рӯи дурбин ва микрофонҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ширкати IRS–ро ба ваъдахилофӣ муттаҳам карданд ва гуфтанд, то замоне ин ширкат гузаргоҳи пулакиро аз деҳа берун накунад, мардум аз тазоҳурот даст нахоҳанд кашид.

 

хушёриШиркати IRS , ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад ва хидматрасонии фаннии роҳи Душанбе-Чанакро бар дӯш дорад, бо вуҷуди мулоқотҳои ба такрор бо мардуми деҳкадаи Ҳушёрӣ забон наёфтааст. Дар ҳоле, ки ронандаҳои мошинҳои боркаш ва сабукрав ба ногузир будани пардохти маблағ дар роҳи пулакӣ сар фуровардаанд, мардуми деҳкадаи Ҳушёрӣ мегӯянд аз ҳар рафту омад тавассути ин гузаргоҳ, ки деҳаи онҳоро убур мекунад, хисороти молӣ мебинанд.

 

Кумакхоҳии мардум аз раисиҷумҳур

Шамсиддин, як нафар аз сокинони Ҳушёрӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки мардум ин навбат тасмими ҷиддӣ гирифтаанд ва мехоҳанд бо баргузории ҳамоишҳои густурда мушкилоти худро мустақиман ба раисиҷумҳур бирасонанд. Дар шиор ва овезаҳои тазоҳургарон дархости кумак аз раисиҷуҳмур ба назар мерасид. Шамсидин мегӯяд, ки чандин мулоқоти машваратии мардуми Ҳушёрӣ бо намояндагони ширкати IRS, ки зоҳиран умедворкунанда буданд, билохира бенатиҷа анҷом шудааст. Ӯ мегӯяд: «Мо бори 10-ум аст, ки ҷамъ меоем, вале касе ба доди мо намерасад”.

 

Як нафари дигар аз эътирозгарон мегӯяд: «Ин роҳро дар замони шӯравӣ мо бо ҳамин дастонамон сохтем, имрӯз ки 80-сола шудем, роҳро пулакӣ карданд, каме ранг карда». Сокинони Ҳушёри ин навбат ошкоро гуфтанд, ки дигар ба ваъдаҳои ширкати IRS бовар надоранд ва ягона роҳи ҳалли масъаларо дар дахолати раисиҷумҳур ба қазия мебинанд.

 

Ваъдахилофиҳои IRS

Ширкати IRS дар вохӯриҳои қаблӣ ба сокинон ваъда дода буд, ки қимати пули роҳро аз гузаргоҳи аввали даромадгоҳи ноҳияи Варзоб то гузаргоҳи дуввум, ки дар байни ҷамоати Ҳушёрӣ воқеъ аст, аз 6 сомонӣ ба 3 сомони пойин меорад. Аммо сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, ки ин ваъда иҷро нашудааст.

 

Ба издиҳоми сокинони Ҳӯшёрӣ ронандаҳои раҳгузар низ ҳамраъйӣ нишон доданд ва ба хабарнигорон гуфтанд, ки убури роҳи пулакӣ ба буҷаи ночизи онҳо зарба зада ва ба ҷустуҷӯи пешаи дигар водор кардааст. Як ронандагони мошини боркаш, ки нахост номаш гуфта шавад, дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфт, ки то ба деҳаи Зидӣ рафтан ва аз плазаи дуввум гузаштан 48 сомонӣ пардохт мекунад.

 

Ҳангоми бозгашт ҳам бояд боз 48 сомонии дигар бидиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин ронанда, аксар ҳамкасбони ӯ дар рӯз ин роҳро бояд якчанд дафъа убур кунанд. “Вазъияти мо хеле вазнин шуд”- мегӯяд ӯ. Дар ҳоле, ки бошандагони Ҳушёрӣ алайҳи IRS шиор мепартофтанд ва аз раисиҷумҳур кӯмак мехостанд, кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишвар аз онҳо чашм намеканданд.

 

ШӮъбаи амният: "ШиорбардорӢ лозим нест"

Ба суоли мо дар мавриди он, ки таваҷҷӯҳи мақомоти амниятӣ ба тазоҳурот аз чӣ хотир аст, сардори шӯъбаи амниятии ноҳияи Варзоб Шарифҷон Набиев гуфт, ҳузури онҳо дар ин таҷаммӯъ танҳо ба хотири таъмини амнияти мардум аст, ки агар мабодо ҳодисае шавад онҳо тавонанд ба кумаки ниёзмандон бирасанд.

 

Аммо ба суоли дигар мо, ки чаро ба мардум иҷоза намедиҳанд, ки то аз шиору овезаҳо истифода кунанд, ҷаноби Набиев гуфт: “Ҳар як кор бояд дар асоси қонун бояд пиёда шавад. Шиорбардорӣ лозим нест. Мақомоти маҳаллӣ аз фикру ақидаҳои мардуми ҷамъомада хабар доранд ва ҳоҷати шиорбардорӣ нест".

 

Абдусаттор Саидов, муовини раиси ноҳияи Варзоб, ки низ барои гуфтушунид бо мардум дар майдон қарор дошт, ба Озодӣ гуфт, ҳукумати ноҳия барои ҳалли қазияи гузаргоҳи пулакӣ аз тамоми чораҳо кор мегирад. Дар ҳоле, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, амният, намояндагони ҳукумати ноҳияи Варзоб бо ваъдаи ҳалли ҳарчи зудтари қазия аз мардум даъват карданд, ки хона ба хона раванд, вале сокинон мегуфтанд ки аз ваъдахилофиҳо хаста шудаанд ва баҳси роҳи пулакиро акнун дар назди кохи раисиҷумҳур баррасӣ хоҳанд кард.

 

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3646-2010-11-23-19-02-47.html

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 25.11.2010 08:56
Аз рохбари Ширкати IRS хохиш карда мешавад,ки хангоми ба рох мондани вараки тарофахо бояд фикр кард.Чунки дар тарофаи шумо аз руи 1к/м 20-дирам пешниход шудааст.Хангоме ,ки ман аз рох гузар мекунам то чои зистам 1,5к/м мебошад аз ман ба маблаги 3-сомони меситонанд ё инки корти 50% (1,50 дирам) инхел дар ягон чорчубаи конун друст намеояд.Хохиши ман хамин аст,ки кормандони Ширкати IRS аз руи тарофа кор кунанд.
 
 
+1 #1 Guest 24.11.2010 10:21
Хамагон медонем,ки сатхи порахури дар чумхурии мо ба андозаи калоне боло рафта аст хамин кифоя нест, ки боз халки бечораро мачбур мекунанд, ки пули рохро дихад.Агар барои як рохи мошинрав ин кадар пул сарфа шавад, барои агбахо чи кор мекунем? Агар ин хел давом гирад хубаш боз ба хамон аробаи бобоги баргардем то ки бе душвори ба чои даркори расем....
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854