03:44:59 02-уми Июли 2025 сол

ЗАҲРОЛУДШАВИИ АЪЗОИ ЯК ХОНАВОДА ДАР ВОСЕЪ

patientҲафт нафар аз аъзои як хонавода дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ба иллати заҳролудшавии бадан дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи наздикони ин хонавода, ин афрод пас аз хӯрдани навъе хуриш ё ғизои худсохти кунсервшуда масмум шуда ва пас аз бад шудани вазъи саломатияшон наздиконашон онҳоро фавран ба бемористони ноҳияи Восеъ интиқол додаанд. Гулнора Неъматова, як тан аз наздикони ин хонавода, мегӯяд ҳарчанд ин хуришро даҳ нафар масраф кардаанд, аммо то субҳ ҳафт нафар аз онон саломати худро аз даст доданд.

 

Вай мегӯяд, ки онҳо ҳамон шаб як қуттии дулитраро кушоданд, ки обаш каме тира ба назар мерасид. Онҳо ин хуришро хӯрданду соате баъд ҳолаташон вахим гардид. Феълан, ба қавли хонуми Неъматова, ҳоли беморон каме беҳтар шудааст, чун онҳо саривақт ба беморхона интиқол дода шуда буданд. Вай афзуд: "Бисёр ҳолашон вазнин буд, мо тарсидем, ҳоло баъди дармону чораҳои ибтидоии тиббӣ ҳолаташон хубтар гаштааст. Ба беморон ҳар шаб то чаҳор маротиба дорӯ гузаронидан лозим аст, ки ин реҷаи табобат таъсири мусбаташро расонда истодааст."

 

Дар ҳамин ҳол, Толибшоҳ Одинаев, мудири шӯъбаи бемористони амрози сироятии ноҳияи Восеъ, мегӯяд, ки афроди заҳролудшуда ҳангоми муроҷиъа ба пизишкон дар ҳолати вахим қарор доштанд. Ба қавли ӯ, ҳолати беморон ҳоло ҳам вахим аст, вале дар сиҳҳати онҳо беҳбудӣ дида мешавад. Оқои Одинаев дар остонаи соли нави милодӣ ҳушдор медиҳад, ки дар ин мавсим тавлид ва фурӯши маводди бадкайфият афзоиш меёбад, ки мумкин аст мӯҷиби масмумияти аъзои хонаводаҳо шавад.

 

Ба гуфтаи вай, дар сурати саривақт муъолиҷа накардан мумкин аст афроди масмумшуда ҷони худро аз даст диҳанд. Оқои Одинаев афзуд: "Соли нав дар пеш аст, бояд мардум эҳтиёт кунанд, то маҳсулоти пастсифатро истеъмол накунанд."

 

Дар гузашта низ аз мавориди мухталифи масмум шудани аъзои хонаводаҳо дар пайи масрафи хуришҳо ва солотҳои дастисохт дар ҷануби Тоҷикистон гузориш шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3814-2010-12-09-12-19-13.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ