15:34:09 01-уми Июли 2025 сол

БАРФ АГАР БОРАД БАРФӢ НАВИСЕД!

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии ҳавосанҷии назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар аксари манотиқи Тоҷикистон барфи нахустин рӯзи 7-уми январи соли ҷорӣ  меборад. Дар кишвар барфи нахустинро дер боз интизоранд. Зеби зимистон барф аст. Онро кӯрпаи замин низ меноманд. Соле, ки барфи зиёд меборад барои кишоварз солу пурфайзу баракат аст, мегӯянд мардуми рӯзгордида.

 

barfakХудо кунад, ки пешгӯйии ҳавосанҷони мо рост барояд. Агар чунин шавад пас омодаи навиштани барфӣ шавед. Мақолаи номзади илмҳои филологӣ Раҷабалии Худоёр ба Шумо дар ин мавзӯъ кӯмак хоҳад кард. Анъанаву маросимҳо дар шинохтани суннат ва таърихи миллат нақши муайяне мебозанд. Аз ин рӯ ҳар як миллатро бо урфу одат иду маросим ва анъанаҳои маъруфаш нек мешиносанд. Халқи тоҷик дар баробари идҳои бошукӯҳи Наврӯз, Сада ва Меҳргон боз чандин анъанаву маросимҳои дигаре дорад, ки ҳар кадом ба ягон муносибате гузаронида мешаванд.

 

Агар баъзе маросимҳо дар рӯзҳои тӯю сур гузаронида шаванд, бархе маросимҳое ҳастанд, ки мавсимианд. Масалан, маросими ақди никоҳ, духтармаҷлис, гаҳворабандон, сартарошон, гулбазмороӣ, бандкашӣ, бузкашӣ, гӯштингирӣ, келинталбон, бурёкӯбон, мавлуд ва ғайраро бештар дар рӯзҳои пеш аз тӯю баъди он амалӣ менамоянд, вале  маросимҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргонро, ки мавсимианд, дар яке аз рӯзҳои муайян мегузаронанд.

 

Хушбахтона, аксари маросимҳои номбаршуда дар миёни мардум роиҷанд ва аҳолии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон онҳоро вобаста ба шароити маҳалли худ мегузаронанд. Аммо аз бархе маросимҳои мавсимие аз қабили барфӣ ва гулгардонӣ, ки яке дар оғози зимистону дигаре дар аввали баҳор бояд баргузор гардад, на ҳама хабардор аст. Агар имрӯз мо аз анъанаву маросимҳои гузаштаи худ ёд наорему онҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорем, оҳиста-оҳиста аз асли худ дур рафта, бисёр хислатҳои неки ниёгонамонро аз даст хоҳем дод.

 

Тоҷикон аз қадимулайём фарорасии баҳору тирамоҳ ва зимистонро мувофиқи анъанаҳои суннатии аҷдодӣ пешвоз гирифта, иду маросимҳои хоса барпо мекарданд.  Дар қатори иддае аз он маросимҳои мардумӣ халқи тоҷик як анъанаи мавсимиеро низ мегузаронад, ки бо номи «Барфӣ»  маълуму машҳур аст. Мутаассифона, ин маросими бостонӣ на дар ҳама ҷо иҷрою барпо мегардад. Дар баъзе ноҳияҳою деҳоти ҷумҳуриамон онро донанд ҳам, касе барои тарғибу ташвиқи он кӯшише ба харҷ намедиҳад. Ҳол он ки баргузор гардидани чунин маросимҳо барои ғанию рангоранг гузаштани ҳаёти маънавии мардум василаи хубе ба шумор меравад.

 

 Ин анъана ё худ маросим бо боридани барфи аввал амалӣ мегардад, ки он ба дилҳо суруру шодӣ, меҳру муҳаббат ва дӯстию рафоқат ҷо мекунад. Шояд аксарият тарзи гузаронидани онро хуб донанд, вале дар амалӣ кардани он на ҳар кас кӯшиш мекунад. Сабаби дар амал ҷорӣ набудани ин маросим шояд ба замон вобаста бошад. Ба ҳар ҳол ин як василаи муттаҳидиву ягонагии мардуми ҳамон маҳал ба ҳисоб меравад.

 

Феълан мардумони деҳоти кишварамон маросими Барфиро то андозае барпо медоранд, вале  сокинони шаҳр агар аз баргузории ин маросим огоҳ бошанд ҳам, ба ин анъанаи мардумӣ чандон таваҷҷӯҳи хоса надоранд. Бинобар лозим донистем, ки доир ба маросими Барфӣ ва чигунагии шартҳои баргузории он ба хонандагон маълумот диҳем, то мардуми ноогоҳ аз он бохабар шавад. Кӯҳансолон нақл мекунанд, ки гузаштагонамон ба муносибати барпо гардидани чунин маросимҳо дар як ҷо ҷамъ меомаданду  ба шеърхонию байтбараккунӣ, сурудхонию мутрибӣ, латифаву аския, чистону афсонагӯӣ мепардохтанд.

 

Дар гузашта ниёгони мо фасли зимистонро чун дигар фаслҳои сол бо хушнудӣ истиқбол мекарданд. Онҳо чунин ақида доштанд, ки бо боридани барфу борон файзу баракат низ ба замин мерезад ва чунин андеша имрӯз низ ҳумрон аст. Ҳатто баъзеҳо ин ақидаро оддитар карда, барфро кӯрпаи замину боронро равғани замин медонанд.

 

Дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» роҷеъ ба «Барфӣ»  чунин сатрҳоро мехонем: «Барфӣ ва барфинависӣ аз замонҳои қадим дар байни тоҷикон маълум буд. Ҳар як ҳодисаи  нобоб мабдаи зишт – аҳриман дониста мешуд. Боридани барфи бемаҳалро шӯри Аҳриман мепиндоштанд.Барои пешгирии нохушӣ маросиме ороста, бо гуфтору рафторҳо аз он амонӣ меҷустанд. Шахси барфиоварда фиристодаи Аҳриман ҳисоб меёфт ва ҳар кас мекӯшид, ки барфиро бой надиҳад.

 

Дар сурати дастгир намудани барфибиёр рӯи ӯро бо сиёҳӣ олуда, ба хар чаппа савор мекарданд ва мавриди масхара қарор медоданд. Бо гузашти айём мардум аҳамияти барфу намии зимистонро чун омили фаровонии ҳосил пай бурда, ба шарафи барфи аввалин «Барфӣ» менавиштанд ва ба дӯстону ҳарифони худ равон карда, бо он изҳори ҳазлу хушнудӣ менамуданд. Аз ин рӯ, Барфӣ хусусияти мифологии худро гум карда, ба маросими дилхушӣ табдил ёфт» (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати  тоҷик. – Душанбе, 1988. Ҷилди 1, саҳ.242-243).

 

Дар бораи баргузории маросими мавсимии Барфӣ, шарту шароити гузаронидани он натанҳо мардуми омм, балки хосон низ рӯ овардаанд. Ҳатто он аз эҷодиёти шифоҳии мардум то ба девони шоирон роҳ ёфта, дар бораи он ҳар кас мувофиқи завқу илҳоми худ шеъру сурудҳо эҷод мекард. Шоирон барои пинҳон доштани мақсади худ онро дар санъатҳои гуногуни шеърӣ мармузона иброз медоштанд. Масалан, шоире ба ин муносибат порчаи назмеро дар мавзӯи ишқӣ навишта, мақсади худро дар он пинҳон доштааст, ки на ҳар кас аз мақсади ӯ огаҳ мегардад, чунки он дар шакли мувашшаҳ гуфта шуда, матлаби шоир на мавзӯи он, балки дар ҳарфҳои аввали мисраъҳои шеър ниҳон гардидааст:

 

Ба чашмони хуморолудаат, эй маҳ, гирифторам,

Рухат бинмо, қиёмат кун, аҷоиб номае дорам.

Фитода бар сари роҳат, в-агар сар бар замин дорам,

Яке ҳарфӣ зи ҳар мисраъ ба маънӣ муддао дорам.

 

Агар мо ҳарфҳои аввали ҳар мисраъро, ки бо хати арабӣ-форсӣ навишта шудаанд, пайи ҳам нависем, он гоҳ калимаи «Барфӣ» ҳосил мешавад, ки он матлаби шоир аст. Барфинависӣ дар ҳар диёр мувофиқи шароити мардуми он сурат мегирад. Ҳамин гуногунрангӣ сабаб шудааст, ки мардум суруди «Барфӣ»-ро дар таҳрирҳои ҳархела месароянд. Ҳоло дар поён яке аз навъҳои хеле машҳуртарини барфисароиро манзури хонандагони гиромӣ мегардонем:

 

Барф меборад ба фармони Худо,

Барфи нав аз мову «Барфӣ» аз шумо.

Зарра-зарра барф меборад сафед,

Як зиёфат аз шумо дорем умед.

Хонаҳоро гарм созед аз алав,

Ширбиринҷу шавлаву оши палав,

Нонҳои кунҷитини қуббадор,

Себу ангури дилафрӯзу анор.

Ҳофизи хушхону танбӯру дутор,

Ною ғиҷҷак, ҷӯраҳои беғубор.

Руставу лавзу мураббою набот,

Пиставу бодому қанду қандалот.

 

Акнун дар поён каме дар бораи шарту шароит ва қоидаи ин маросим ба хонандагон маълумот медиҳем. Шахси барфибиёр аз барфи аввалин каме бо худ гирифта, порчаи назми дар боло зикр кардаро низ ҳамроҳи барф ба хонаи дӯсташ ё ҳамдеҳааш бурда, махфӣ аз чашми соҳибхона ба гӯшае пинҳон мекунад ва худ дар аснои хайрухуш таъкид мекунад, ки ӯ «Барфӣ» овардааст. Пас аз ин ӯ ба сӯи хонаи худ метозад. Агар ӯ то хонааш расида тавонад, он вақт ӯ ғолиб ҳисобида мешавад ва агар ӯро дар нимароҳ дошта гиранд, ӯ мағлуб буда, тамоми шартеро, ки дар варақчааш фармудааст, худ муҳайё месозад ва дӯстонро даъват намуда, маросими зиёфати Барфиро омода месозад.

 

Албатта, мақсад аз ин зиёфат на танҳо шикамсеркунӣ, балки дар якҷоягии ёру дӯстон сӯҳбати гарму таронагӯӣ кардан аст, ки ин ба мардум ҳамчун як ғизои маънавӣ хеле зарур аст. Месазад, ки дар чунин вақт маҳфили шеърдӯстону байтбараккунонро ташкил кард. Дар маҳфил мардум аз мутрибони чирадасту сарояндагони хушовоз баҳра мебардоранд ва агар ҳофизхонию «Шоҳнома»-хонӣ кунанд ҳам, нуран алонур мебуд.

 

Ҳоло қариб, ки дар ҳамаи хонаҳои мардум телевизион мавҷуд аст ва хуб мебуд, ки коргардонҳои идораҳои телевизион доир ба Барфӣ як барномаи намоишии худро омода мекарданд, то мардум худ ба чашм онро медиданду дар оянда барои зинда доштани ин маросим кӯшише мекарданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Шунидан кай бувад монади дидан».

 

Дар охир хонандаи азизро ба он даъват мекунем, ки он расму ойин, маросиму анъаноти суннатии худро, ки аз ниёгон то ба мо омада расидаанд, пос дошта, пайи эҳёи онҳо кӯшише ба харҷ диҳанд.

 

Раҷабалӣ Худоёрзода, номзади илмҳои филологӣ, Қӯрғонтеппа

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4068-2011-01-05-11-21-49.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ