АЗ РАДИКАЛИЗМ ТО ТЕРРОРИЗМ (НАЗАРИ ИЛМӢ)
Таърихи сиёсӣ собит сохта аст, ки истилоҳоти «ростҳо» ва «чапҳо» дар давраи Инқилоби Фаронса солҳои 1789-1894 пайдо шудаанд. Дар Маҷлиси муассисони ин кишвар аз тарафи рости раис муҳофизакорон-намояндагони буржуазияи калон ва дворянҳо менишастанд ва аз тарафи чап якобинчиён- намояндагони буржуазияи хурд, ки ҳаводори тағйироти бунёдӣ (радикалӣ) дар усул, равишҳо ва ё сохтор буданд. Аз ҳамон давра мафҳумҳои «рост» ва «чап» вобаста ба гурӯҳҳо ва фраксияҳои низоми давлатию сиёсӣ дохил шуданд.
Дар замони Шӯравӣ дар осори таърихнигорон барои ифодаи фаъолияти нерӯҳои чап, умдатан дар шакли муборизаи мусаллаҳона истилоҳоти «экстремизми чап», «радикализми чап» ва ғайра истифода мешуданд. Аммо инро бештар рӯзноманигорон кор мебурданд ва дар баъзе китобҳои назариявӣ ҳам истифода шудааст. Дар Маълумотномаҳои ин давра ин гуна истилоҳот камтар дида мешуд. Мафҳуми «радикал» ҳамчун ҳаводори андеша ва амали қатъӣ, бунёдӣ(радикалӣ) омадааст (Маълум нест, ки ҳаводори ин гуна андеша будан бад аст ё хуб).
Дар «Луғати энсиклопедии фалсафӣ» радикализм ба маънои экстремизм шарҳ дода шудааст, ки барои ҳар ду дар ҳалли масъалаҳои назариявӣ ва амалияи иҷтимоӣ истифодаи воситаю методҳои хушунатомез ва қатъӣ, ки ба ҳадафҳои гузошташуда мувофиқ нестанд, хос мебошад. Ба назар мерасад, ки радикализм дар методу василаи ифодаи андешаҳо аз бисёр ҷиҳат ба экстремизм яксон аст. Ин яксонӣ то он вақт давом мекунад, ки амалҳои барои исботи дурустии андешаҳои он истифодашаванда аз доираи меъёрҳои дар қонунгузорӣ омада берун нараванд. Яъне аз шеваҳои парламентии мубориза барои исботи далелҳои худ истифода мешавад.
Фундаментализми динӣ (бунёдгароии динӣ)- ин ҷунбиш барои бозгашт ба асосҳои эътиқодоти динӣ, решаҳои дин, ҳифзи арзишҳои бунёдии динӣ мебошад. Ҷунбишҳои бунёдгароӣ дар протестантизм (махсусан дар ИМА), католитсизм, православия( масалан дар зилотҳои афонӣ ва юнонӣ) ва дар ислом мавҷуд мебошад. Фундаментализм ва экстремизм ба ҳам алоқаманд мебошанд. Дуввуми натиҷаи рушди аввалист. Экстремизм назар ба фундаментализм тундтар ва қатъитар аст. Ҷонибдорони созмонҳои экстремистӣ дар бисёр кишварҳо аз шеваҳои ғайрипарламентӣ, аз ҷумла дасисаҳо ва иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳона истифода мекунанд.
Дар «Луғати энсиклопедии Шӯравӣ» «экстремизм» ҳамчун «ҷонибдори андеша ва амалҳои қатъӣ» омадааст. Дар ин луғат мафҳуми экстремизми чапу рост вуҷуд надорад. Дар «Фарҳанги форсии имрӯз» мафҳуми «ифрот» ҳамчун зиёдаравӣ ва ифротӣ(экстремистӣ) он, ки андешаҳояш бо сахтгирӣ ва ё зиёдаравӣ гароиш дошта бошад, он ки дар амал ва ё рафтораш ифрот кунад қаламдод шудааст. Дар «Луғатномаи сиёсӣ» чопи Маскав экстремизм чунин шарҳ дода шудааст» «Экстремизм–аз калимаи лотинии extremus-зиёдаравӣ (крайний)- дар сиёсат ҳаводори андешаҳо ва чораҳои тунд, қатъӣ будан.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) аз 8 декабри соли 2003 экстремизмро – «изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ» муайян намудааст.
Зуҳури экстремизмро омилҳои гуногун ба бор меоранд: шикаста шудани сохторҳои иҷтимоии ташаккулёфта, муфлис гардидани оммаи ҳалқ, бӯҳрони иқтисодию иҷтимоӣ, ки сатҳи зиндагии оммаи асосии мардумро бад мекунад, суст гардидани ҳокимияти давлатӣ ва беобрӯ шудани сохторҳои он, паст гардидани интизоми иҷроиявӣ, аз байн рафтани низоми арзишҳои вуҷуддошта дар ҷомеа, эҳсоси маҳдуд гардидани иззату номуси миллӣ, ба назар нагирифтани раъйи мардум ё вайрон кардани сиррӣ будани овоздиҳӣ ва ғайра. «Фанатизм», «фанатик» дар «Фарҳанги форсии имрӯз» (қишрӣ)-дорои таассуб ва сахтгирӣ дар пайравӣ аз ойинҳо ва ташрифоти зоҳирӣ, ё бардоштҳои сатҳӣ ва ғайридақиқ, ба ҷои пайравӣ аз ҳадаф ва муҳтавои омӯзаи динӣ ё фалсафӣ.
Терроризм
Ҳангоми баррасии ин ё он падидаи иҷтимоӣ мо мехоҳем ба моҳияти он сарфаҳм равем, нишонаҳои фарқкунандаи онро аз дигар падидаҳо мушаххас намоем. Мо, пеш аз ҳама, кӯшиш менамоем мафҳуми он падидаро муайян кунем. Ин ба падидаи терроризм ҳам пурра дахл дорад. Аммо ин кор бисёр мушкил аст, зеро терроризм бисёр сохтори мураккаб дорад, чандрӯя аст, ҳар замон рӯи дигарашро нишон медиҳад, ки дар назари аввал ба ҳамдигар ҳеҷ монандӣ надоранд. Яъне терроризм унсурҳои идеологӣ, сиёсӣ, қавмӣ, динӣ ва бисёр дигар унсурҳоеро дорад, ки посух ба саволи «Бо кадом навъи терроризм мо сару кор дорем?»- хеле мушкил аст.
Ба ғайр аз ин, таҳаввулоти ин падида дар солҳои охир хеле назаррас аст: шакли амалӣ намудани амалиёти террористӣ тағйир меёбад, методҳои кор сохтори ташкилотҳои онҳо такмил меёбанд. Як чизи дигар ҳам қобили ёдоварист, ки терроризм бо шаклҳои дигари эътирози иҷтимоӣ ва зӯроварӣ: таҷовуз, муборизаи мусаллаҳона, низоъҳои мусаллаҳона фаъолиятҳои партизанӣ, тахрибкориҳо ва ғайра умумиятҳо дорад. Аз ин рӯ, табиист, ки терроризм таърифҳои бисёр дорад. Дар адабиёти имрӯзаи Ғарб дар ҳудуди 100 таърифи терроризм вуҷуд дорад. То ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ натавонистааст таърифи ягонаи ҳуқуқии терроризмро қабул кунад.
Барои аввалин бор истилоҳи терроризм дар «Конвенсияи оид ба пешгирӣ ва ҷазо додани амалҳои терроризм» соли 1937 аз тарафи Лигаи миллатҳо пешниҳод гардид. Дар ин ҳуҷҷат гуфта шуда буд, ки амалҳои террористӣ «аъмоли ҷинояткоронае эътироф мегарданд, ки ба муқобили давлати дигар ва ё аҳолии ин ё он давлат барои эҷоди тарсу даҳшат дар миёни шахсони алоҳида, гурӯҳи шахсон ва ё аҳолӣ амалӣ мегарданд».
Аз он замон то имрӯз беш аз 115 таърифи терроризм ба вуҷуд омадаст. Маълум аст, ки таърифи ин ё он падида бояд нишонаҳои асосии онро дар бар гирад. Барои ин нишонаҳои аслии терроризмро аз ду нуқтаи назар бояд баррасӣ кунем: аз нуқтаи назари этимологӣ ва аз нуқтаи назари таърихӣ. Нуқтаи назари этимологӣ. Дар сарчашмаҳои забоншиносӣ на ҳамеша ҷавоби мушаххас дар шарҳи ин ё он мафҳум бо назардошти вежагиҳои он илм пайдо кардан мумкин аст, вале онҳо мазмуну муҳтавои онро муайян мекунанд.
«Современный словарь иностранных слов» («Фарҳанги муосири истилоҳоти хориҷӣ») мафҳуми терроризмро ҳамчун сиёсат ва тактикаи террор ва террорро( аз лот.terror- тарс, ваҳшат), сиёсати тарсонидан, пахш намудани мухолифони сиёсӣ ба воситаҳои зӯроварӣ) шарҳ додаст. Ҳамин тавр аз нигоҳи этимологӣ ду нишонаи муҳим дида мешавад: а)зӯроварӣ; б) ваҳшату тарс, ки дар таърифҳои зиёди терроризм ифода меёбанд.
Нуктаи назари таърихӣ. Чуноне дар боло ишора рафт ҳар як мафҳум таърихи истифода дорад. Мафҳуми террор ҳам кашфи инқилоби Фаронса мебошад. Гарчанде террору терроризм чуноне дар боло ишора рафт ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд дошт, аммо аз давраи Инқилоби Фаронса (1789-1794) ин мафҳумҳо дар фарҳанги муборизаи сиёсӣ пурра қабул шуданд. Жирондистҳо ва якобинчиён соли 1792 бо мақсади маҷбур кардани шоҳ барои иваз кардани вазирони кӯҳна бо вазирони нав, аз ҷумлаи роҳбарони созмонҳои чапи радикалӣ, муттаҳид шуданд. Маҳз ҳамон вақт ходимони инқилоб эълон карданд, ки «Бигузор террор масъалаи рӯз гардад».
Ҳукумати якобинчиён дар шароити фавқулоддаи он замон системаи террори давлатиро ҷорӣ кард, ки ҳамзамон дар кишвар ҷанги гражданӣ идома дошт. Эътиқоди фанатикӣ нисбат ба ҳаққонияти кори худ, набудани таҳаммулпазирӣ нисбат ба мухолифон як хусусияти хоси ҷаҳонбиниии инқилобчиёни Фаронса буд, ки ба нерӯи наҷотдиҳандаи террор умед мебастанд. Максимилиан Робеспер 5 феврали соли 1794 дар Конвент баромад карда изҳор намуда буд: «Агар дар давраи осоишта василаи идоракунии ҳалқ накӯкор бошад, дар давраи инқилоб васила ё яроқи он ҳам накӯкор ва ҳам террор (даҳшат, тарсу ваҳм) аст; накӯкорӣ, ки бидуни он террор бақо надорад ва террор, ки бидуни он накӯкор бечора аст.
Дар натиҷа аз рӯи ҳисобҳои тахминии таърихнигори амрикоӣ Д. Грир дар он замон 35-40 ҳазор кас қурбони террори якобинчиён гардиданд. Ба ин рақам талафоти ҷанги шаҳрвандӣ дар департаментҳои шимолу ғарбӣ дохил намешаванд. Аз охири асри XVIII то миёнаҳои асри XIX мафҳуми террор ба маънои васеи он, вобаста ба этимологияи худ истифода мешуд. Ин истилоҳ барои ифодаи шаклҳои зуроварии диктатура ва сӯиқасдҳои сиёсӣ, зӯроварӣ ва таъқибот, ки дар замони ҷанг амалӣ мешуд ва баъзан нисбати худи ҷангҳо ҳам истифода мешуд.
Аз охири асри XIX, баъди он ки созмонҳои опозиционӣ ба вуҷуд омаданд ва сӯиқасдҳои сиёсиро амалӣ менамуданд мафҳуми «террор» ва «терроризм» ба тадриҷ аз соҳаи амалиётҳои ҷангӣ берун шуд. Акнун террор ҷудо шуда, ба шаклҳои алоҳидаи муборизаи сиёсӣ табдил гардид. Худи ин мафҳумҳо мушаххас ва то андозае аз ҳам ҷудо шуданд. Бо мафҳуми «терроризм» амалияи сӯиқасдҳои сиёсии аҳзобу созмонҳои мухолифи давлат ва тактикаи онҳоро ифода мекунанд ва мафҳуми «террор» ба амалҳои таъқибкунии давлат мухолифони худро.
Фақат дар маҷмӯъ, барои ифодаи амалияи террористӣ ва ҷудо намудани онҳо аз дигар навъҳои зӯроварии сиёсӣ ин мафҳумҳо метавонанд якдигарро иваз намоянд. Аз нигоҳи таърихӣ дарки мафҳумҳои террор ва терроризм тағйирёбанда будаанд. Ин имконият медиҳад, ки олимон фаҳмиши терроризмро дар маънои васеъ ва дар маънои маҳдуд(танг) пешниҳод намоянд. Ҳамин тавр, яке аз нишонаҳои аслии терроризм зӯроварӣ, хушунат мебошад.
Дар бораи хушунат (зуроварӣ) се назария вуҷуд дорад, ки сарчашмаи хушунатро тавзеҳ медиҳанд. Назарияи аввал консепсияҳоеро муттаҳид мекунад, ки хушунатро аз табиати одамӣ медонанд. Аз рӯи ин назария дар ботини инсон инстинкте вуҷуд дорад, ки ӯро ба хушунат ва зӯроварӣ ҳидоят менамояд. Назарияи дуввум истифодаи зуровариро ба шароити иқтисодию иҷтимоии зиндагии ҷомеа нисбат медиҳанд. Ҳанӯз Арасту гуфта буд, ки асоси зӯровариро нотавонии ҳукумат дар барқарор намудани баробарӣ дар ҷомеа ташкил мекунад.
Нобаробарии иқтисодию иҷтимоӣ ҷомеаро ба гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ ва аз ин ҷо ба мухолифату зиддиятҳо тақсим мекунад. Назарияи сеюм хушунатро бо ҷараёни низоъ марбут медонанд. Дар тамоми ҷомеаҳо гурӯҳҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии рақиб пайдо мешаванд. Ҳолати аввалияи ин гурӯҳҳо низои потенсиалӣ аст. Ин потенсиал вақте воқеӣ мешавад, ки шахсони гуногун ба рақобат мепардозанд. Ин ҳолат он марҳилае мебошад, ки эҳтимолияти сар задании низоъ афзоиш меёбад.
Ҳамин тавр, баъзе олимон таърифи терроризмро ба маънои васеи он чунин овардаанд: «Падидаи иҷтимоие, ки ба истифода ва ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ дар шакли амали террористӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани фазои ваҳшат ва бечорагӣ дар ҷомеа ба хотири дастёбӣ ба мақсадҳои субъектҳои амали террористӣ асос ёфтааст».
Таърифи аз ҳама кутоҳ ва ҳамзамон дарбаргирандаи нишонаҳои аслии ин падидаро директори Институти омӯзиши низоъҳо дар Фаронса Б. Крозе додаст- «Терроризм зуроварии далелнок бо мақсадҳои сиёсӣ мебошад».
Дар қонунгузории бисёр кишварҳо мафҳуми терроризм шарҳ дода шудааст. Аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» - «Терроризм - яьне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектҳои моддии шахсони воқеьӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналхалқӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналхалқӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад».
(идома дорад)
Искандаров Қосимшо, доктори илмҳои таърих, мудири шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ
Абдуллоев Раҳматулло, ходими илмии шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ
Назаров Носир, доктори илмхои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали Сардори Академияи ВКД ҶТ
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4138-2011-01-13-09-32-41.html