ОБИ САРЕЗ ТО ХАЛИҶИ ФОРС
Имсол ба заминларзае, ки дар натиҷаи он дар Бадахшони Тоҷикистон кӯли Сарез арзи вуҷуд кард, расо 100 сол пур мешавад. Сад сол боз мардуми на танҳо Бадахшон ва боқимонда Тоҷикистон, балки мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз таҳдиди ин кӯли сунъӣ ба ҳаёти онҳо ва аз ба вуқӯъ пайвастани фоҷиаи эҳтимолӣ ҳамеша дар ташвишу дар изтиробанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ, олимону равшанфикрон, мардуми кишвар дар талоши онанд, ки илоҷи воқеаро пеш вуқӯъ бикунанд ва кӯли сунъӣ ҳам дар хизмати инсон бошад. Дар маводи таҳия намудаи хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар Бадахшон Алишер Ҷунайдов сухан маҳз дар ҳамин бора меравад. Маълумоти ҷолиберо дар бораи кӯли Сарез Шумо инчунин аз тамошои видео дарёфт хоҳед кард.
«…Пешниҳоди қаблии мо барои бо оби мусаффои нӯшокӣ таъмин намудани мардуми минтақа аз кӯли баландкуҳи Сарез ҳанӯз ҳам боқист… Тибқи Ойинномаи Созмони Милал ва муқаррароти дигари ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як кишвару халқ метавонад мустақилона аз сарватҳои табииаш барои рушду тараққиёти худ истифода намояд…»
Ин суханҳоро мо аз Паёми охирини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври иқтибос овардем. Ин бори нахуст нест, ки Президенти Тоҷикистон масъалаи истифодабарии оби ошомидании кӯли Сарезро аз минбарҳои баландтарини ҷаҳон ба миён мегузорад. Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатҳои худ дар бораи оби тозаи ошомидании Сарез ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя чандин бор сухан ронд ва аҳамияти ин манбаъи табииро ба ҷаҳониён фаҳмонд.
Азбаски ҳоли ҳозир баъзе мамлакатҳои Осиёи Миёна дар таъминот аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, оби Сарез манбаи дастнарасондаест, ки метавонад дар ояндаи наздик мавриди истифодаи самараноки онҳо қарор бигирад. Президенти ҷумҳурӣ дар мисоли Сарез як манбаъи калони захираи обро мебинад, ки бояд аз он истифода бурд. Ин даъвати хубест ба ҳама. Вақти он расидаст, ки мо акнун ба Сарез на чун ба аждаҳо, балки чун ба як сарвати табиӣ ва манбаъи даромади пулӣ нигарем.
Кӯли Сарез 18-уми феврали соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи сахти 7-балла дар болооби дараи Бартанг ба вуҷуд омадааст. Дарозиаш 55,8 километр, масоҳаташ 80 километри мураббаъ, чуқуриаш 505 метр, зичиаш 17 километри мукааб ва вазнаш ба ҳисоби миёна 19 милюн тоннаро ташкил намуда, дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст.
Аммо чӣ тавр бояд ин кӯл мавриди истифода қарор ёбад? Чӣ тавр мо метавонем оби онро ба фурӯш барорем? Чӣ гуна мо метавонем аз фурӯши оби он пул ба даст биёварем? Олимон, дастандаркорон, пажӯҳишгарони Сарез ва дигар мутахассисон вариантҳои худро пешниҳод мекунанд. Яке аз ин наҳваҳо ё роҳҳои ба ҷаҳони бузург баровардани Сарезро муҳандис Силтоншо Дилёбов, корманди яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Хоруғ «Комета» пешниҳод кардааст. Ӯ мегӯяд барои интиқоли оби кӯли Сарез ба кишварҳои мӯҳтоҷи оби нӯшокӣ корҳои зиёдеро анҷом додан лозим аст.
Аммо ба гуфтаи ӯ баъди анҷоми ин корҳо Тоҷикистон метавонад суди зиёде ба даст орад. Лоиҳае, ки ӯ тартиб додаст, ҳадафаш баровардани оби Сарез то шаҳри Абу Дабӣ - пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) мебошад. То чӣ андоза ин лоиҳа боварибахш ва иҷрошуданӣ аст?
Мо бо муҳандис Силтоншо Дилёбов вохӯрда сари лоиҳаи таҳиянамудааш сӯҳбате оростем.
-Мӯҳтарам Дилёбов, тибқи лоиҳаи Шумо оби кӯли Сарезро чӣ гуна метавон ба кишварҳои арабӣ интиқол дод?
Онро метавон тавассути қубурҳо ё худ лӯлаҳо ба Арабистон интиқол дод.
-Чӣ гуна қубурҳо ё худ лӯлаҳо? Оҳанӣ ё плостикӣ?
- Оҳанӣ.
-Магар баровардани ин гуна қубурҳо ба Сарези баландкӯҳ мушкил нест?
-Ман пешниҳод мекунам, ки ба Сарез тунукаҳои оҳанӣ (жест) биёранд. Қубурҳо бояд дар ҷояш тайёр шаванд. Барои ин дар он ҷо дастгоҳи лӯласозкунӣ даркор аст.
-Лоиҳаи шумо чӣ қадар маблағро талаб мекунад?
-Барои амалӣ намудани барномаи лоиҳа бо ҳисоби худам ва бо ҳисоби Академияи Илмҳои Тоҷикистон ба миқдори 8 миллиард доллар маблағ лозим меояд. Азбаски барои Тоҷикистон дар алоҳидагӣ маблағгузорӣ намудани ин лоиҳа ниҳоят вазнин аст, ба ин кор диққати ташкилот ва муассисаҳои ғайридавлатӣ ва давлатҳои ҳамсоя ҷалб карда шавад, хеле ба мақсад мувофиқ мебуд.
-Мувофиқи харитаи таҳиянамудаи шумо хатти интиқол аз ҳудуди давлатҳои Ӯзбекистон, Эрон, Ироқ ва қад-қади Халиҷи Форс то шаҳри Абу Дабӣ мегузарад. Оё ин кишварҳо лоиҳаро ҷонибдорӣ мекунанд?
-Аввалан, ҳангоми аз ҳудуди давлатии худ гузаронидани қубурҳои обгузар ин кишварҳо метавонанд аз ин об истифода кунанд. Баъдан онҳо дар бартараф намудани ҳодисаи табиӣ (хавфи сарозер гардидани кӯли Сарез дар натиҷаи заминларзаи эҳтимолии шадид вуҷуд дорад, ки зарараш ба онҳо низ мерасад) ҳиссагузор мешаванд. Эмин будан аз хавфи Сарез барои онҳо низ зарур аст.
- Аз амалӣ шудани ин лоиҳа ба кишвари мо чӣ фоида мерасад?
Пеш аз ҳама бо фурӯши оби Сарез мо метавонем сатҳи оби кӯлро паст карда хатари фалокати эҳтимолиро аз байн бубарем. Дуввум мо аз маблағҳои бадастомада бӯҷаи давлатро ғанӣ кунем ва бо ҳамин шароити зисти мардумро беҳтар. Проблемаи ҷои кор дар Бадахшон низ то андозае ҳалли дурусти худро пайдо хоҳад кард. Ба ғайр аз ин масоҳати зиёди заминҳои давлатҳои ҳамсоя ва ҳатто заминҳои бекорхобидаи худамонро аз оби он шодоб хоҳем кард.
Алишер ҶУНАЙДӢ, барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4139-2011-01-13-09-37-44.html