00:51:38 02-уми Июли 2025 сол

ТАҲВИЛИ ЗАМИН БА ЧИН: САФҲАИ МӮЪТАРИЗОН ДАР ФЕЙСБУК

Дар шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ ва веблогҳои корбарони тоҷик вокунишҳои шадидуллаҳне нисбат ба тасвиби прутукул дар бораи таҳвили порае аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин сурат гирифтааст. Дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук (Facebook), ки аз он ҳудудан даҳ ҳазор корбари тоҷикистонӣ истифода мекунанд, саҳифаи вижае бо номи "Ман бо таҳвили қисмате аз Тоҷикистон ба Чин мухолифам!" таъсис шудааст.

 

facebookДар ин сафҳа ва сафаҳоти инфиродии корбарони ин сойт дар вокуниш ба тасвиби ин прутукул, ки рӯзи 11 январи соли ҷорӣ бо аксарияти кулли орои намояндагони порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, назарҳои мухталиф ва ғолибан интиқодӣ дарҷ шудааст. Бархе аз корбарони интернет дар саҳафоти интернетӣ ва веблогҳои худ низ бо эҷоди шеър ва ё интишори ашъори шоъирони форсизабон мавзеъи худро нисбат ба ин рӯйдод иброз доштаанд.

 

"Дер хабар ёфтем..."

Ҳарчанд бархе расонаҳо дар бораи музокироти Тоҷикистон ва Чин дар бораи қисмате аз арозии мавриди баҳси ду кишвар гузоришҳое пахш карда буданд, вале бархе аз корбарони Фейсбук аз он шикоят мекунанд, ки аз ин қазия зудтар огоҳ нашуда ва дар натиҷа, иқдоме алайҳи ин тасмим накардаанд.

 

Аммо гурӯҳе дигар бар ин боваранд, ки ҳатто дар сурати ба баррасии умумӣ гузоштани ин мавзӯъ "касе ба раъйи мардум таваҷҷӯҳ намекард." Як корбари Фейсбук бо номи Мусаддаси Зарафшонӣ менависад, ки пас аз тасвиби ин прутукул низ "телевизиюни маҳаллӣ рақсу суруд пахш мекунад, зиндагӣ зебост ва садое ҳамеша таъкид мекунад: шукрона кунед! шукрона кунед!"

 

Корбаре бо номи Макс менависад: "Ин хабар хеле андӯҳгин аст.... Аммо шояд онҳо (порлумон) роҳи дигар надоштанд? Чун ин ҳамсояи хееееееле абарқудрат аст...."

 

Нафаре дигар бо номи Фараҳманд низ аз ҳамсоягони қудратманд ёд мекунад ва мегӯяд: "Аз ин ки доим марзҳои кишварҳои моро қудратҳои бузург таъйин мекунанд ва на иродаи шаҳрвандон, мутаассир мешавам. Сарзамини моро тамаъи ҳамсоягони қудратманд қатра-қатра об карду бародарҳои моро ба мо бегонаву дур карданд."

 

Зариф низ дар Фейсбук навиштааст: "Ба назар мерасад, ки дар дохили Тоҷикистон камтар одамон аз ин рӯйдод бохабаранд, ки порае аз замини ин кишварро ба Чин додаанд. Нафароне, ки медонанд, мухолиф ҳам нестанд, чун фикр мекунанд мо ба чиниҳо қарздор будем, пас бошад..."

 

Чаро ҳамапурсӢ нашуд?

Дар саҳифаи "Ман бо таҳвили порае аз замини Тоҷикистон ба Чин мухолифам!" Аъзам ном корбари интернет хитоб ба дидоргарони ин сафҳа навиштааст: "Мо бояд баҳсро идома бидиҳем ва ҳарчи бештар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин баҳс ворид кунем. Ин тасмим ғайриқонунӣ буд ва бидуни анҷоми ҳамапурсӣ анҷом шуд. Бояд бидонанд, ки мо дар бораи онҳо ва тасмими онҳо чӣ фикр дорем. Мо ба экпансияи Чин "На!" мегӯем."

 

Ород, як корбари эронӣ, ба ин баҳс шомил шуда ва менависад: "Чи тавр аст, ки агар бахше аз кишвар бихоҳад мустақил шавад, бояд ҳамапурсӣ анҷом бишавад, вале барои ҷудо шудани бахше аз ин кишвар касе ҳамапурсӣ намекунад ва танҳо шуморе аз одамон барои ҳама тасмим мегиранд? Эй кош, ҳамапурсӣ мешуд, ин қадар ғамгин намешудам."

 

Дар посух ба ин навишта корбари дигаре менависад мутмаин аст, ки агар ҳамапурсӣ ҳам баргузор мешуд, натиҷааш чунон буд, ки давлат мехоҳад. Ород ба ин навишта чунин посух додааст: "Пас дар Тоҷикистон ҳам раъйи мардумро Аҳмадинажод мешуморад?"

 

Садои тоҷикони бурунмарзӢ

Аммо Ҷовидон саволи қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани тасмими таҳвили замин ба Чинро матраҳ мекунад ва менависад: ӯстони ҳуқуқдон, оё мувофиқи қонунгузорӣ мо метавонем ба Додгоҳи конститутсионӣ шикояти дастаҷамъӣ ирсол кунем, то ин ки ин санадро ғайриконститутсионӣ бидонад?"

 

Насиба менависад, ки ин иддаъоҳоро бештар онҳое мекунанд, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, зеро наметарсанд. Аммо онҳое, ки дар дохил ҳастанд, метарсанд: "Аз тариқи Фейсбук мо ба ҷойе намерасам, ҷуз ин ки шояд истифода аз онро ба рӯйи мо бибанданд!"

 

Хонуме бо номи Гулпойгонӣ эҳтимолан аз ҷумлаи шаҳрвандони эронист, ки дар ин бора шарҳе навиштааст: "Ҳасрат ба дили дидори Тоҷикистон ва тоҷикон мондем ва ҳоло, ки Чин Тоҷикистонро яғмо мекунад, лобуд бояд орзу ба гӯр бибарем..."

 

Бо ин ҳол, корбаре бо номи Темур иддаъо кардааст, ки ҳарчанд матолиб ва назарҳои зиёде дар ин бора хондааст, ҳамааш эҳсосӣ ҳастанд ва касе аз факт ва далелҳо намегӯяд. Ӯ меафзояд: "Агар Чин ба ин пора аз замин даст дароз карда, пас бедалел набудааст ва ҳоло ҳама чиз ба сари ҷойи худ баргаштааст."

 

Аммо Дориюш, корбари дигари ин сафҳа, дар посух ба ин ҳарфҳо менависад: "Агар чунин буд, пас Озарбойҷону Арманистону Гурҷистонро ҳам Эрон бояд бозпас бигирад. Чун бар мабнои тавофуқномаҳои Эрон бо Русия дар садаи 19 муддати ишғоли ин сарзаминҳо тавассути Русия 100 сол муқаррар шуда буд. Аммо акнун давлатҳо ва номи кишварҳо иваз шудааст ва ҷуғрофиёи сиёсӣ тағйир кардааст. Чи гуна аст, ки ин мавзӯъро мо мефаҳмем, аммо болонишинҳо ба он таваҷҷуҳ надоранд?"

 

Чакомаҳо дар бораи хоки ватан

Хабари таҳвили бахше аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин мӯҷиби ин шудааст, ки бархе аз корбарони веблогҳо ва шабакаҳои интернетии иҷтимоъӣ эътирози худро нисбат ба ин тасмим тавассути шеър иброз доранд:

 

Беҳзод навиштааст:

Чунон кас ба гетӣ хусрав мабод,

Чу бошад диҳад кишварашро ба бод.

 

Каюмарс меафзояд:

Зинда будӣ солҳо, эй сарзамини мардхез,

Дасти номардон чаро имрӯз харобтарӣ

Чину мочин ҷумлагӣ боҷат ҳамедод солҳо

Ин замон хокат бигиранд, оҳ аз ин бадахтарӣ

 

Ород боз изофа карда, ки

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаку хурду пайванди хеш

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем...

 

Музаффар ба сабки шеъри нав менависад:

Имрӯз мотам аст!!!

чашми фалак гирист

бар ҳоли зори миллати ноустувори ман

номуси модараш фурӯхтанд ба чанд дирам.

як идда нохалаф

 

Дар минбари ватан

Ҳар як ваҷаб замини ниёкони ман бирафт

Бе гуфтугӯ зи даст

Мо дар фарохи синаи худ даст мезанем

Мо ориёием...

 

Дар сафҳае дигар ин шеърро Лоиқ Шералӣ, шоъири фақид, мехонем:

Ҷон ба қурбони ту ай меҳани хунинкафанам,

Будй байтушшарафам, гаштай байтулҳазанам.

Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,

Тани танҳо ба чй нирў сафи аъдо шиканам?!

 

Дориюш шеъри машҳуре аз Абулқосими Лоҳутӣ, шоъири маъруфро, ки муддати зиёде дар Тоҷикистон ҳам зиндагӣ карда ва аз саромадони шеъри нав дар ин кишвар маҳсуб мешавад, овардааст. ЛОҳутӣ ин шеъъро қабл аз сафар ба Шӯравӣ дар авоили қарни 20 дар Эрон навиштааст:

 

Вакил аз хидмати миллат тағофул мекунад амдан,

Ва ё бошад вазир аз мамлакат безор ё ҳар ду.

Вакилону вазиронанд хоин, фош мегӯям,

Агар дар зери теғам ё ба рӯйи дор, ё ҳар ду!

 

Корбаре бо номи Рустам дар поёни ин навиштаҳо овардааст: “Дориюш, Мустафо, Зулола, ин мисраъҳо аз ҷумлаи беҳтарин абёти бамавриде буданд, ки хондам. Агарчи аз ҷиҳати бадеъӣ сайқал мехоҳанд, вале - чизи муҳиммтар - дарди дили милюнҳо тоҷику тоҷикистонӣ ва дӯстдорони он, чи порсизабону чи ғайри онро, ифшо намудаанд.”

 

Нафаре бо номи Маҳмудҷон низ меафзояд: "Ман аз чунин равшандилон хеле хурсанд ҳастам, ки ҳастанд ва дарди дили ин миллатро ақаллан ба тариқи шеър баён мекунанд. Аз он хушҳолам, ки бо гузашти қарнҳо наслҳои ояндаи мо ин мушкилиҳои моро мехонанд ва огаҳ мешаванд ва аз тазоддҳо шояд, ки хеле ба таассуф оянд..."

 

Матолиб ва шарҳҳои зиёде бар онҳо дар веблогҳои тоҷикӣ низ дар мавзӯъи муъомилаи ахири Тоҷикистон бо Чин интишор ёфтаанд. Бархе аз нафарон дар маҳофили интернетӣ ин саволро матраҳ кардаанд, ки чаро давлати Тоҷикистон ба мардуми кишвараш иттилоъи дақиқ дар бораи далоили чунин тасмимро намедиҳад?

 

Аммо дар ҷаласаи порлумонии ахир, ки дар он прутукули мавриди назар тасвиб шуд, мақомоти давлатӣ бар ин, ки "мавзӯъ ҳассос аст" таъкид мекарданд ва тавсия карданд, ки ин масъала танҳо дар доираи мутахассисон матраҳ шавад.

 

Шамсияи Қосим Би-Би-Си, Душанбе

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4230-2011-01-22-12-15-20.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 22.01.2011 18:39
Мутаъсифона аз даст рафтани порае аз Точикистони кучаки моро вазири корхои хоричи як голибияти Точикистон медонад.Магар аз Русия ибрат намегиред,ки бо ин кадар масохати калону ахолии нисбат ба масохаташ садхо хазор бор хурд чазираи хурдеро ба Чопон намедихад...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ