ТАРБИЯТГАРИ АСИЛ КИСТ? МАКТАБ Ё ОИЛА?
Имрӯзҳо, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифтааст, ман ҳам дар қатори шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамчун як рӯзноманигор тасмим гирифтам, ки фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд пешкаши мардум гардонам. Масъале, ки мехоҳам доир ба он сухан ронам, дар аксари хонадони мардуми мо ба назар мерасад, вале он боиси ташвиши касе нагаштааст.
Фарзандро ба роҳи рост ҳидоят намудан ва ба рафтору гуфтори ӯ назорат кардан барои тарбияткунанда ва ё волидайн кори мушкил ба назар мерасад. Чуноне, ки аз тадқиқоти мутахассисони соҳаи тибб маълум мегардад, тифл ҳанӯз дар батни модар ба ҳис намудани муҳити атроф шурӯъ мекунад. Ӯ ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини дорои эҳсос шуданаш ба рафтору гуфтор, муносибату муомилаи аҳли оила ва атрофиёнаш оҳиста-оҳиста одат карда, ин ҷараён аз рӯзи ба дунё омаданаш бештар вусъат пайдо мекунад. Тавре, ки бузурге фармудааст, «истеъдоду нерӯи зеҳнии нобиғаҳо ба наслу авлодашон тавассути зан-модар бештар мерос мемонад».
Чуноне, ки ба мушоҳида мерасад, дар аксар оилаҳо ҳангоме, ки кӯдак ба синни 2-3-солагӣ қадам мегузорад ё ин ки ба сухангӯӣ сар мекунад, падару модар ё бобою бибиаш аз шавқу ҳавас аввал ба ӯ дашном доданро меомӯзанд, чунки аз забони ширини кӯдаки навсухан шунидани чунин суханҳо барои аҳли оила шавқовар менамояд. Дар чунин маврид сарварони ин гуна оилаҳо фаромӯш мекунанд, ки дар оянда ин гуна тарбиядиҳӣ боиси мушкилии онҳову умуман ҷомеа мегардад. Шояд волидайни азиз ба ин нукта таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир накунанд, вале ин масъала дар ташаккули тарбияи ояндаи тифли онҳо хеле ҳам муҳим аст.
Бинобар, агар онҳо хатои худро ҳис намуда, ҳарчи зудтар пайи ислоҳи он шаванд, ҳам ба манфиати онҳову ҳам нафъи ҷомеа мебошад. Ҳамчунин дар баъзе оилаҳо волидайн тифлро бо пулу пора одат кунонда, ӯро ҳамчун фарзанди эрка ба воя мерасонанд, ки дар натиҷа он хеле нозуку зудранҷ ба камол мерасад. Чунин тарзи тарбия дар таълими ояндаи кӯдак таъсири бад гузошта, фарзандро ба роҳи худбиниву худхоҳӣ ва тамаъҷӯиву тамаъкорӣ равона месозад. Яъне, мо гуфтанием, ки дар соҳиби тарбияи хуб ё бад шудани фарзанд нақши оила, падару модар, мураббӣ ва омӯзгорон хеле зиёд аст. Баъзе падару модарон ба тарбияи фарзандони хеш аҳамият надода, тарбиятдиҳиро ба омӯзгорон ҳамвола мекунанд, вале набояд фаромӯш кард, ки фарзанд аввал дар оила тарбия гирифта, баъдан ба мактаб барои таълимгирӣ фиристода мешавад.
Омӯзгорон фурсати ба ҳар як кӯдак фаҳмондани роҳу равиши ҳаёт, тарзи муомилаи хуш ва дорои дигар хислатҳои нек буданро надоранд, чунки ин ҳама вақти зиёдро талаб мекунад. Агар омӯзгор ба ҳар як хонанда роҳу усулҳои тарбияро фаҳмонад, вақти барои таълим ҷудошуда камӣ мекунад. Бинобар кори тарбия аввал ба волидайн ва баъдан ба омӯзгорон вобастагӣ дорад.
Фарзанд ба мисли ниҳолест, ки боғбон онро дар замин мешинонад ва он ниҳол мӯҳтоҷ ба об ва парвариш аст, то ки дарахт гардад. Сипас он дарахт гул ва мева ба бор меорад. Боғбон инро ба хотири он мекунад, ки меваи ниҳоли шинондаашро истеъмол намояду аз он лаззат бибарад. Волидайн ҳам мисли ҳамон боғбон аст, агар фарзандро дар рӯҳияи нек тарбия намояд дар оянда бо кору рафтори ӯ ифтихор мекунад ва агар аз ӯҳдаи тарбияи ӯ набарояд, худро бадбахт ҳисобида, аз доштани чунин фарзанд дар миёни мардум хиҷолат мекашад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар».
Фарзонаи Ҳабибуллоҳ, рӯзноманигор, шаҳри Сарбанд, барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4532-tarbiyatgari-asil-kist-maktab-yo-oila.html