10:25:32 02-уми Июли 2025 сол

ҲАМОИШЕ БАРОИ ТАБЛИҒИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазири маъорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки бо дарназардошти таҳавуллоти ахир дар Ховари Миёна омӯзиши фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар ин кишвар як амри зарурист. Абдуҷаббор Раҳмонов ин нуктаро дар ҷараёни як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе дар бораи таълими фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар миёни ҷавонон эълом дошт.

abdujabbor rahmonovБа гуфтаи оқои Раҳмонов, Вазорати маъорифи Тоҷикистон аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш, ки миёни онҳо коршиносон аз кишварҳои минтақа, Русия ва Белорус ҳастанд, пешниҳодҳоеро дар мавриди шакли таълим ва таблиғи таҳаммулпазирӣ интизор доштааст.

Вай афзуд: "Мо омода ҳастем фарҳанги таҳаммулпазириро на танҳо дар мадрасаву донишгоҳҳо, балки дар муассисоти томактабӣ низ таблиғ кунем. Дар шароити феълии ҷаҳонӣ, вуҷуди фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар миёни ҷомеъа ба як рукни аслии таъмини субот ва рушди ҷомеъа табдил ёфтааст."

Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамчунин гуфт: "Вазъи феълии ҷаҳонӣ аз мо таҳаммулпазирӣ ва сабрро тақозо мекунад ва ҳамаи мушкилоти ҷомеъаро бояд бо назари воқеъбинона бингарем ва талош кунем, ки бо мушкилоти сиёсӣ рӯбарӯ нашавем."

Дар ҳамин ҳол, Ирина Каримова, раиси Фарҳангистони таҳсилоти Тоҷикистон ва аз мубтакирони ин ҳамоиш мегӯяд, ки таълими фарҳанги таҳаммулпазирӣ барои ҷавонон мавзӯъи доғ аст, зеро аз ин роҳ Тоҷикистон метавонад субот дар дохили кишварро таъмин созад. Вай афзуд: "Мо бояд шахсро аз кӯдакӣ дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбият кунем."

Аз сӯйи дигар, хонуми Каримова мӯътақид аст, ки танҳо аз роҳи таҳаммулпазирӣ метавон ихтилофоти мазҳабӣ ва қавмӣ миёни кишварҳои минтақаро низ аз байн бурд. Гулҷаҳон Бобосодиқова, ки дар замони Шӯравӣ аз дабирони Ҳизби кумунисти Тоҷикистон буд, бар ин назар аст, ки дар шароити феълӣ таҳаммулпазирӣ бавижа барои ҳалли ихтилофоти мазҳабӣ лозим аст.

babsadiqovaХонуми Бобосодиқова мегӯяд: "Ҷавонон бояд аз хурдӣ асосҳои исломи воқеъиро биёмӯзанд, то тавонанд дар оянда неку бадро фарқ кунанд. Омӯзиши исломи воқеъӣ имкон медиҳад, ки динситезӣ дар миёни ҷавонон аз байн бурда шавад."

Вале хонуми Бобосодиқова аз он изҳори таассуф кард, ки тибқи як тасмими Вазорати маъорифи Тоҷикистон таълими фанни “Маърифати ислом” аз барномаи тадрис дар мадориси мутавассит ҳазф шудааст. Ҳарчанд, ба эътиқоди вай, омӯзиши “исломи ҳақиқӣ” дар мадорис баръакс бояд тақвият дода шавад.

Дар ҳамин ҳол, Раҳмон Ӯлмасов, муъовини раиси Донишгоҳи муштараки исловии Тоҷикистону Русия, мегӯяд, ки ҳоло бо дарназардошти афзоиши мизони муҳоҷират таҳаммулпазирӣ дар баробари нажодпарастӣ низ ба мавзӯъи доғе табдил ёфтааст. Ба ин далел, оқои Ӯлмасов мегӯяд, ки дар мадориси Тоҷикистон омӯзиши таҳаммули фарҳанг ва урфу одати нажодҳо ё милали дигар як амри зарурӣ аст.

rahmon_ulmasovДар посух ба ин суол, ки оё баррасии мавзӯъи таҳаммулпазирӣ дар миёни ҷавонон ба масоили сиёсӣ низ рабт дорад ё хайр, оқои Ӯлмасов гуфт, ки таҳаммулпазирӣ бештар ба масоили иҷтимоъӣ бастагӣ дорад ва ба ин далел, дар ҳамоиши имрӯз бештар ба ин мавзӯъот тамаркуз шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, давлати Тоҷикистон ахиран таҳаммулпазириро бештар ба мафҳуми сабру тоқат дар баробари сахтиву нодорӣ таблиғ мекунад ва аз ин роҳ мехоҳад мухолифонашро ҳушдор диҳад, ки сарфи назар аз мушкилот бояд сабру таҳаммулро пеша кунанд.

Вале ба гуфтаи ин коршиносон, бахше аз ақшори ҷомеъаи Тоҷикистон, бавижа гурӯҳҳое аз ҷавонон, ки баъд аз ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 бузург шудаанд, ин гуна "фарҳанги таҳаммулпазириро" чандон қабул надоранд ва хостори ислоҳот ва пешрафти сареъи кишвар ҳастанд.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 16.04.2011 14:51
бо шиками гурусна ва бекори Тахамул пазири (сафсата) и вазири БеМаориф Дорад чамышкай молу сума гам дора ки не ???? сарза.......а - таҳаммулпазирӣ дар миёни ҷавонон ба масоили сиёсӣ низ рабт дорад ё хайр, оқо! таҳаммулпазирир о бештар ба мафҳуми сабру тоқат дар баробари сахтиву нодорӣ таблиғ мекунед - ачабо вазир ха ха ха ////
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ