04:13:47 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАДИЯТУЛЛОҲ ТӮЙЧИЗОДА: СИБИР ВА СИБИРИҲОРО ПАЗМОН ШУДАМ…

Сибир барои мо ҳанӯз аз кӯдакӣ ошност. Мутаассифона, то ҳоло ман ба ин минтақаи сарду ҷангалии Русия сафар накардаам, вале аз нақлҳои волидайнам  тасавуроти бисёре бо худ дорам. Падару модари ман ҳар сол ба Сибир сафар мекарданд ва то ҳоло аз таассуроти хеш нақл мекунанд. Инак, дар мусоҳибаи хеш, ки бо падарам анҷом додам, чанде аз он хотираҳоро бо ҳам варақгардон мекунем:

ӣ боис шуд, ки Шумо борҳо ба Сибир сафар намоед?

sibir_226566.jpg-Ҳанӯз овони мактабхониям дар бораи Сибир, мавқеи географӣ, шароити табиӣ, канданиҳои фоиданок, бешазори беканори он ҷо маълумот пайдо карда будам. Орзуи тамошои яке аз дарёҳои калонтарини дунё Обро доштам. Бадтар, овони донишҷӯиям дар шӯъбаи рузноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон он чӣ маводе, ки дар матбуот дастрасам мешуд, мехондам.баъди хатми донишгоҳ албатта ба кор омадам ва орзуям ҷомаи амал пӯшид.

Ҳар сол вақти таътил бо оилаам ба Сибир сафар мекардам. Барои аз сар шинос шудани он қатора ҳама вақт мувофиқ буд. Хусусан, баъди гузаштан аз даштҳои синабирёни Қазоқистон ҷангалҳои сабзу анбӯҳ бӯи Сибирро меовард. Баъди Барнаул- Новосибирск шаҳри калонтарини минтақа наздик мешудем. Аз шаҳрҳои Юрга, Белово ва дигарҳо гузашта, вориди Кемерово- маркази кишвари Кузбасс мегаштем. Аҷаб шаҳри дилоро аст Кемерово. Он вақт аҳолияш баробари пойтахти Тоҷикистон – Душанбе буд.

Дарёи Том, ки шаҳрро ба ду қисм тақсим мекард, ба шаҳр ҳусни бештаре зам менамуд. Манзараҳои дилангез, мардуми соддаю меҳмондӯсти Кемерово моро водор кард, ки зуд – зуд ба ин шаҳр сафар кунем. 9 бор таътиламонро онҷо гузаронидем. Зеро бо мардуми онҷо унс гирифта, дӯстони зиёде пайдо намудем, ки чанде аз онҳо низ ба меҳмонии мо омаданд. Бо истифода аз фурсат ба тамошои собиқ маркази Кузбасс- Новокузнетск, шаҳрҳои Топки, Тайга, Анжеро-Судженск рафтем. Тамошо ва истироҳат дар табиати дилкаши бешазор хеле хотирмон буд.

-Ҳар гоҳ, ки исми Сибиро мешунавед, пеш аз ҳама чӣ чиз дар хотироти Шумо пайдо мешавад?

- Ҳар гоҳ, ки номи Сибиро мешунавам, номи дӯстони содиқам Юра, Славик Мамедов, Албина Фёдоровна ва бисёри дигарон ба хотирам меояд. Сибир ва сибириҳоро пазмон шудам. Чанд сол боз дар он ҷо набудам. Имкони саёҳат дар мураххасӣ шавад, ҳатман боз ба Сибири афсонавӣ рахти сафар хоҳам баст.

- Дар кадоме аз шаҳрҳои Сибир будед? Умуман ин минтақа кадом хусусиятҳои хосро доро мебошад?

- Масалан дар ҳамаи шаҳрҳои Сибир дар гармхонаҳо одамон сабзӣ, помидор, бодаринг кишт мекунанд, ки лаззати парвариши аввалинаш аз сабзавоти Тоҷикистони офтобӣ камӣ надорад. Он вақт дар кӯчаю хиёбонҳои Кемерово телефонҳои кӯчагӣ ва дар Новокузнетск нақлиёти умумӣ ба таври ройгон дар хизмати мардум буд .бошандагони Сибир, ки одамони дилнавозу соддаю меҳрубонанд,миллатҳои гуногуни  муқими минтақа гаштаанд ва онҳо дар муассисаҳои гуногун бахусус дар шахтаҳои анггишт кор мекунанд.

Яке аз воқеаҳои хотирмон он буд, ки яке аз рӯзҳои тобистон чорабинии оммавие  бо номи «Як рӯзи СССР» доир шуд. Мақсад аз он ба ёд овардани давраи Шӯравӣ буд. Касе ки тангаҳои Шӯравӣ дошт, бо қиммати ҳамон давра онро истифода мебурд. Ман ҳам чандин тангаҳо дар киса доштам, аз мағозаи хӯрокворӣ харид кардам. Масалан ба 20 тин нон гирифта будам.

Сибириҳо мисли тоҷикон одати хуб доранд. Масалан, дар яке аз сафарҳоямон, ки бе огоҳӣ рафта будем, яке аз дӯстонамонро дар хонааш пайдо карда натавонистем. Ҳамсояаш аз ин бохабар шуда, ба нею нестонамон нигоҳ накарда, сидқан ба хонааш бурд.

-Бо ҳамкасбони сибирии худ низ ҳамкорӣ ва мулоқотҳои зиёд доштед, дар бораи он ёдовар мешудед?

- Албатта худ, ки рӯзноманигор ҳастам, ба матбуоти он кишвар мароқ зоҳир мекардам. Аз он хурсандам, ки бо чанде аз рӯзноманигорон шиносоӣ ва бо баъзеяшон дӯстӣ пайдо кардам. Бо сармуҳаррири он вақтаи «Кузбасс» ҷаноби Турантев, журналисти собиқадор Богданов, мухбири суратгири «Кузбасс» ошно шудам. Бо ёрии мудири шӯъбаи рӯзнома Людмила чандин хабар низ омодаи чоп намудам. Дар истироҳатгоҳи журналистони минтақа будам. Дар хонаи ноширони «Кузбасс», ки иборат аз 7 қабат мебошад, ба ман китобҳои маҳсули эҷоди қаламкашони сибириро тақдим карданд, ки яке аз онҳо «Седьмое небо» ном дошт. Таассуроти ман аз Сибир зиёданд ва дар як сӯҳбат баёни он имконнопазир аст.

Насрулло ТӮЙЧИЗОДА, барои «Рӯзгор»

Ба озмуни «Сибир – сарзамини рӯъёҳо» (Сибирь -территория надежд)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi