02:53:46 01-уми Июни 2025 сол

МУБОРИЗАИ МАСОҶИДИ КӮЛОБ БО АФЗОИШИ ЭЪТИЁД ДАР МОҲИ РАМАЗОН

Маркази вилоятии бемориҳои нашъамандӣ тасмим гирифтааст, дар моҳи Рамазон таблиғоти алайҳи маводди мухаддир роҳандозӣ кунад. Дар чорчӯби тарҳи ин марказ суханрониҳои зидди нашъамандӣ дар масоҷид барои намозгузорон шунавонда мешаванд. Ба гуфтаи масъулини тарҳ ин иқдом ба он хотир дар моҳи Рамазон пиёда гаштааст, ки теъдоди намозгузорон дар ин моҳ бештар мешавад, ва ҳарфи онҳо ба гӯши ҷамъияти бештаре хоҳад расид.

/images/stories/2011/08/10_narkotik_10.8.2011.jpgАбдуҷаббор Ҳазратов, раҳбари Маркази бемориҳои нашъамандӣ дар Кӯлоб гуфт: “Бо ин роҳ кӯшиш мекунем дар ҳамкорӣ бо имомхатибони масоҷид теъдоди нашъмандонро камтар сохта, ба нафароне, ки эҳтимол дорад, ба ин кор ҳавасманд гашта, ё бо чунин нафарон алоқае дошта бошанд, дастурҳои дуруст пешниҳод созем”.

Ба гуфтаи оқои Ҳазратов аз аввали сол ба табобатгоҳи ин марказ 17 мӯътод ҷалб шуда ва дар маҷмӯъ дар шаҳри Кӯлоб 231 мӯътод сабти ном шудааст. Рустами Алӣ, яке аз имомхатибони масоҷиди Кӯлоб бар ин назар аст, ки таблиғот зидди эътиёд бамаврид аст, вале масъулини ниҳоди мубориза ба нашъамандӣ бо имомхатибон бояд натанҳо дар моҳи Рамазон, балки ҳамеша ҳамкорӣ ва машварат дошта бошад.

Оқои Алӣ нашъамандиро падидаи ҳаром дар ислом дониста, таъкид кард, ки дар ин мавзӯъ мавъиза зиёд кардааст. Вай аз ҷумла мегӯяд: “Маълум аст, ки нафари нашъаманд аз ислом дур мешавад ва дар ҳоли наздик ба марг аз туғёни он маводд дигар ҳозир нест “калимаи шаҳодат” арза кунад.”

Оқои Алӣ меафзояд, ки аз роҳи ташвиқ ва овардани иқтибос аз Қуръону ҳадисҳо вай тавонистааст, теъдоде аз нашъамандон ва майзадагонро “ба ҳаёти муқаррарӣ” баргардонад. Вай мегӯяд: “Мо як солманди наберадорро, ки бештари дороияшро сарфи шароб ва маводи мухаддир мекард, ва оилаашро хароб карда буд аз ин роҳ баргардонем. Ҳоло ӯ паҳлӯи мо намоз мегузорад ва вазъи зиндагии оилааш низ хеле беҳбуд ёфт.”

Вале бо ин вуҷуд на ҳама бо усули таблиғот дар масоҷид розӣ ҳастанд. Иброҳим Шарифов, корманди созмони ғайридавлатии “Судманд” дар умури кор бо мӯътодон мегӯяд, фақат теъдоди кӯчаки мӯътодон ба масҷид мераванд. Тарҳи таблиғоти зиддиҳеруин дар масоҷиди Кӯлоб дар ҳоле оғоз шуд, ки дар нахустин рӯзи моҳи Рамазон мақомоти интизомӣ аз фавтидани як мӯътод дар зери пули бозори марказӣ ба иллати истифодаи беш аз ҳадди ҳероин, хабар додаанд.

Орзуи Ҳамид, хабарнигори маҳаллии Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854