14:24:26 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШУМОРИ СОЗМОНҲОИ ДИНӢ АЗ МАКТАБҲО ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШТАР ШУД

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ 47 иттиҳодияи диниро сабти ном карда ва ба онҳо гувоҳиномаи фаъъолият додааст. Мавлон Мухторов, раиси Кумитаи давлатии дини Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 16 феврал дар маросиме зимни эътои гувоҳиномаҳо ба иттиҳодияҳои динӣ гуфт, ки ҳамакнун шумори ин созмонҳо дар саросари кишвар ба 3882 адад расидааст.

tajik_mosqueДар матни қонуни дини Тоҷикистон аз масоҷид ҳам, ки набояд бидуни сабти номи расмӣ дар кишвар фаъъолият кунанд, "иттиҳодияи динӣ" ном бурда мешавад. Ба ин тартиб, ин истилоҳ масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ, масоҷиди марказӣ ва мадрасаҳои диниро дар бар мегирад.

Оқои Мухторов гуфт, ки боло будани шумори иттиҳодияҳои динӣ нишонаи он аст, ки "Тоҷикистон кишваре демукротик буда ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар заминаи эътиқоди онҳо пурра риъоят мешаванд."

Сардор Завқиев, масъули Кумитаи дин дар умури иттиҳодияҳои динӣ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи панҷшанбе дар канори эътои гувоҳиномаҳои фаъъолият ба имомхатибони масоҷид (ё иттиҳодияҳои динӣ) якнусхагӣ китоби "Қуръон" низ ба онҳо тақдим шудааст.

Ба гуфтаи оқои Завқиев, бархе аз имомхатибони масоҷид ба хотири номусоъид будани ҳаво ва душвории роҳ натавонистаанд ба маросими эътои гувоҳиномаҳо дар Душанбе ҳозир шаванд. Бо сабти номи 47 масҷиди ҷадид шумори иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон ба 3882 расидааст, ки ба гуфтаи оқои Завқиев, 75 адад аз инҳо иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ҳастанд.

Ба ин тартиб, шумори иттиҳодияҳои динӣ, ки ғолибан масоҷидро ташкил медиҳанд, аз шумори мактабҳои ҳамагонӣ дар Тоҷикистон бештар шудааст - чизе, ки бисёре аз мухолифони густариши нуфузи дин дар ҷомеъаро нигарон кардааст. Бино ба иттилоъи Сиддиқи Муборак, сухангӯйи Вазорати омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон, дар ин кишвар 3793 мадраса ё мактаби ҳамагонӣ фаъъолият доранд.

Фаридун Ҳодизода, коршинос дар умури мазҳабӣ, мегӯяд, ки ин вақеъият ҷавобгӯйи ниёзҳои ҷомеъа дар марҳилаи кунунӣ аст: "Барои (бароварда сохтани) ниёзҳои муллоҳо (шумори) масоҷид (ҳарчи) бештар бошад хубтар аст, чун ки кор нест. Мулло будан кор (шуғл) аст ва ба назар мерасад, ки даромадаш ҳам хуб аст."

Қаблан мулло будан дар Тоҷикистон шуғл ё ҳирфае расмӣ маҳсуб намешуд ва маъмулан касони огоҳ аз дину диёнат корҳои марбут ба умури мазҳабӣ, монанди маросими арӯсиву мотам ва ғайраро, дар миёни мардум ба таври довталабона иҷро мекарданд.

Вале ба гуфтаи мунтақидони рӯҳоният, ба назар мерасад, ки дар солҳои ахир бо афзоиши шумори таҳсилкардагони улуми динӣ мулло будан ба пеша ё шуғле бодаромад табдил шудааст.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки дар мавориде хонаводаҳои сугвор ё ба истилоҳ "соҳибони ҷаноза" танҳо барои анҷоми маросими ташйеъи ҷанозаи даргузаштагон ба рӯҳониён то 500 дулор пардохт мекунанд, ки ин аз даромади якмоҳаи раиси мактаб бештар аст.

Барои анҷоми маросими дигари мазҳабӣ низ мардум маъмулан ба рӯҳониён ё муллоҳо ба таври ғайрирасмӣ пул медиҳанд, ҳамон гуна ки маболиғе ба омӯзгорон мепардозанд, вале андозаи ин маблағ дар рустоҳо ва маҳаллоти гуногун тафовут доштааст.

Дар ҳамин ҳол, ба бовари оқои Ҳодизода, масҷид дар дохили шаҳр бояд бузург бошад, то тавонад шумори зиёде аз намозгузоронро дар бар бигирад. Дар он сурат ниёзе ба масоҷиди кӯчактар дар ҳар маҳаллаи шаҳр вуҷуд нахоҳад дошт.

Аммо бархеҳо дар баробари ин иддаъо мегӯянд, ки дар ин сурат одамони солманд ба далели дурии роҳ наметавонанд бамавқеъ ба масоҷид бираванд ва ба ин хотир бояд дар маҳаллаҳо низ масоҷиди кӯчактаре вуҷуд дошта бошанд. Бо ин вуҷуд, ба бовари оқои Ҳодизода, зиёд шудани масоҷид дар Тоҷикистон ин як зарурати таърихӣ аст, ки бо гузашти замон метавонад иваз шавад.

Вай мегӯяд: "Масалан агар ба таърихи Маскав бингарем, ин шаҳр муддате "шаҳри калисоҳо" унвон дошт, аз бас ки шумори калисоҳояш хеле зиёд буд, аммо бо омадани Пётр шумори калисоҳо дар ин шаҳр якбора коҳиш ёфт."

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, як фаъъоли Ҳизби наҳзати исломӣ, танҳо ҳизби мазҳабӣ дар Тоҷикистон, аз афзоиши шумори масоҷид дар баробари мактабҳо дар ин кишвар истиқбол мекунад. Вай мегӯяд: "Ман инро айни демукросӣ медонам. Як давлати дунявӣ набояд пеши роҳи мардумаш барои бароварда сохтани ниёзҳои виҷдон ва мазҳабиаш биистад."

Оқои Сайфуллозода меафзояд, ки аҳаммият ва зарурати ин ду то (масҷид ва мактаб) бо ҳам фарқ дорад ва мардум ба ҳар ду то ниёз доранд. Вай афзуд, ки масоҷид аз пули хайрияи мардум сохта мешавад ва мактабҳо ҳам аз молиёте, ки мардум ба давлат месупоранд, сохта мешаванд, вале тасмим дар бораи сохтани мактабҳоро бояд давлат мувофиқи ниёзҳои мардум бигирад.

Би-Би-Си



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 19.02.2012 17:40
ҳуқуқи шаҳрвандон дар заминаи эътиқоди онҳо пурра риъоят мешаванд."

kalimai purra ba nazari shumo in jo durust istifoda shuda ast???????????

kadom purra????
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi