“БАРҚИ ТОҶИК”: ЧАРО НАРХИ БАРҚ БАЛАНД ШУД?
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» барои коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба талаботи рўзафзун ба нерўи барқ ва гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқ ва аҳолии кишвар тадбири муҳим ва ногузир буд. Гап сари он аст, ки танҳо дар мавриди муҳайё намудани имкониятҳои истеҳсоли дубораи қувваи барқ, ба истифода додани иқтидорҳои нави тавлиди барқ ва такмили иқтидорҳои мавҷуда ба таъминоти пурраи эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо қувваи барқ ноил шудан мумкин аст.
Бо назардошти ин, зимни омўзиши ҳамаҷониба ва хулосаҳои мутахассисони институтҳои молиявии байналмиллалӣ соли 2006 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷахонӣ меморандум ба имзо расида, ки дар он бо тавсиаи Бонки ҷахонӣ бояд ҳар сол дар Тоҷикистон нархи барқ ба қадри то 40 фоиз баланд бардошта мешуд.
Ин ба хотири ноил шудан ба даромаднокии соҳаи энергетика ва ҷалби бештари маблағгузории дохилӣ ва хориҷӣ ба сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои энергетикист. Яъне, бо чунин нархи барқе, ки то он вақт амал менамуд, соҳаро дар мизони муайян нигоҳ доштан, онро такмил додан ва маблағҳои дохиливу хориҷиро барои бунёди иншооти нави энергетикӣ ҷалб намудан ғайриимкон буд.
Ва ибтидо аз соли 2007, соле ду маротиба нархи барқ баланд бардошта мешуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, тули ду соли охир дар ҷумҳурии мо нархи барқ бетағйир буд. Бори охирин дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2009 таҳти № 678 «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» нархи барқ дар кишвари мо аз 1 январи соли 2010 баланд бардошта шуда буд.
Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар нерўгоҳҳои Тоҷикистон, ки онҳо нерўгоҳҳои барқи обиянд ва манбаъи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Дар асл баробари дигар хароҷот барои об ҳам пул сарф мегардад: дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо аз 32 то 35 млн.сомонӣ ба тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад.
Илова бар ин, имрӯзҳо дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсолии НБО-ҳо, ки аз 30 то 70 сол фаъолият намудаанд, аксаран дар ҳолати фарсудашавӣ қарор доранд ва ин вазъият иқтидорҳои кории онҳоро нисбат ба иқтидорҳои лоиҳавиашон то андозае кам менамояд. Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби маблағҳои худӣ 5 соли охир таҷдиди НБО-ҳо, алалхусус НБО-и Норакро амалӣ намуда истодааст, ки маблағи солонаи барои ин корҳо равонашуда 40-50 млн.сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин барои баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии муштариён, Ширкати “Барқи Тоҷик” дар НБО-ҳо, МБГ-ҳо, шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратӣ ва ғайра корҳои зиёди таъмири ҷорӣ ва асосиро анҷом медиҳад, ки хароҷоти умумии истеҳсолии Ширкат бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва гази табиӣ) барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, хариди энергияи барқ аз НБО-ҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, хариди қисмҳои эҳтиётӣ, пардохти музди меҳнати кормандон, пардохти андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, хароҷотҳои хусусияти истеҳсолидошта, ки аз тарафи корхонаҳои пудратӣ иҷро карда мешаванд, масолеҳи ёрирасон ва дигар хароҷотҳои истеҳсолӣ соле 850-900 млн.сомониро ташкил медиҳад ва ҳамаи ин хароҷот ба арзиши аслии истеҳсоли энергияи барқ ва мутаносибан ба тарифи энергияи барқи ба муштариён интиқолшаванда таъсири худро мерасонанд.
Барои возеҳ шудани масъала дар поён қисме аз ин хароҷотро, ки ба хотири бештар бо барқ таъмин намудани кишвар, вале бо зарари молиявӣ ширкат сурат мегирад, шарҳ медиҳем:
1.ШСХК «Барқи Тоҷик» тибқи ӯҳдадориҳои худ дар асоси қарордоди баимзорасида, аз ҶСК «Сангтӯда-1» энергияи барқро бо тарифи баланд харидорӣ намуда, барқи фоиданокро ба истифодабарандагони дохили ҷумҳурӣ бо тарифи миёнасолонаи нисбатан паст ба фурӯш мебарорад. Зарари молиявии Ширкат аз ин ҳисоб дар давраи солҳои 2008-2011 маблағи 148,0 млн.сомониро ташкил додааст, ки ин яке аз омилҳои асосии ба вазъи душвори молиявӣ овардани Ширкат маҳсуб меёбад. Имрӯз аз ҳисоби саривақт ва пурра пардохт нашудани маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби муштариён, Ширкати “Барқи Тоҷик” имконияти пурра пардохт намудани маблағи барқи “Сангтӯда-1”-ро надорад ва айни замон қарзи Ширкат дар назди ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” ба 218 млн.сомонӣ баробар шудааст.
Бояд қайд намуд, ки соли 2012 ШСХК “Барқи Тоҷик”аз НБО-и Сангтӯда-2 энергияи барқро бо тарифи боз ҳам баландтар харидорӣ менамояд, ки ба хотири бо барқ беҳтар таъмин намудани кишвар, вале бар зарари молиявии Ширкат мебошад;
2. Дар давоми мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дар МБГ ш. Душанбе истеҳсоли энергияи барқ 38,6 млн.кВт.соат ва энергияи гармӣ 85,6 ҳазор Гкал-ро ташкил дод. Мувофиқи таҳлилҳо, хароҷоти умумии молиявии МБГ ш.Душанбе ба 45,4 млн.сомонӣ баробар шуда, ҳаҷми маҳсулоти молӣ 3,8 млн.сомониро ташкил додааст. Дар натиҷа зарари молиявӣ аз ҳисоби фаъолияти МБГ ш.Душанбе ба 41,6 млн.сомонӣ баробар шуд.
Бояд қайд намуд, зарари молиявии мазкур танҳо дар ҳолати бо иқтидори 30 МВт фаъолият намудани МБГ ба вуҷуд омадааст. Солҳои қаблӣ, ки МБГ-и ш. Душанбе бо иқтидори зиёда аз 100 МВт фаъолият дошт, зарари молиявии корхона зиёда аз 140 млн.сомониро ташкил медод. Бо вуҷуди ин зарар ба хотири дар фасли зимистон бо барқ таъмин будани сокинони пойтахт ширкати “Барқи Тоҷик” наметавонад аз истифодаи МБГ ш. Душанбе сарфи назар намояд.
3. Яке аз вазифаҳои имрӯзаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ин саҳмгузории лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика низ мебошад. Умуман, аз соли 2000 то ин ҷониб зиёда аз 19 лоиҳаҳои калони инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 1 млрд. 133 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он саҳми ШСХК «Барқи Тоҷик» 93 млн.доллари ИМАро ташкил медиҳад.
Аз оғози амалишавии лоиҳаҳои инвеститсионӣ маблағгузории саҳми ШСХК «Барқи Тоҷик» дар ин лоиҳаҳо 54 млн.доллари ИМА-ро ташкил додааст, аз он ҷумла дар лоиҳаи сохтмони НБО-и “Сангтӯда-2” дар ҳаҷми 21 млн.доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст. Дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ таи солҳои охир бо саҳмгузории ШСХК «Барқи Тоҷик» сохтмони иншоотҳои муҳими энергетикӣ, аз қабили хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатҳои интиқоли барқи кабелии 110 кВ тавассути нақби «Истиқлол», мўтаъдилгардонии ҳолати ярчи НБО-и Бойғозӣ ва дигар лоиҳаҳои беҳдошт ва барқарорсозии соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидаанд.
Дар айни замон амалишавии лоиҳаҳои сохтмони НБО-и “Сангтӯда-2”, хати интиқоли барқи 220 кВ «Хуҷанд-Айнӣ», дастгоҳҳои комплекси тақсимкунандаи элегазии 500 кВ ва 220 кВ дар НБО-и Норак, таҷдиди шабакаҳои барқии ш.Душанбе ва ғайра идома дорад. То ба анҷом расонидани лоиҳаҳои инвеститсионии номбурда, Ширкати «Барқи Тоҷик» бояд боз 39 млн.доллари ИМА маблағҳои худиро равона намояд.
Инчунин бозгашти маблағи қарзи сармоягузорони хориҷӣ ба ӯҳдаи ШСХК «Барқи Тоҷик» вогузор карда шудааст. Мувофиқи талаботи Созишномаи зерқарзие, ки байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба таъмини бозгашти маблағи сармоягузорон ба имзо расидааст, имрӯз Ширкат дар назди Вазорати молия қарздор аст, ки бо тарифҳои мавҷуда ва дар шароити имрӯзаи вазъи молиявӣ, Ширкати «Барқи Тоҷик» имконияти пардохти ин маблағҳоро надорад.
Ширкати “Барқи Тоҷик” сохтори мустақили хоҷагидор ба шумор рафта, тамоми хароҷоти истеҳсолӣ аз ҳисоби маблағҳои худии Ширкат маблағгузорӣ карда мешавад. Танҳо барои сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ аз ҳисоби Буҷаи ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Маблағгузории корҳои сохтмонии иншоотҳои нави энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар солҳои 2011-2012, мутаносибан 67,4 ва 56,6 млн.сомониро ташкил додааст.
Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи монополияҳои табиӣ” ба номгӯи (реестр) субъектҳои монополияи табиӣ шомил карда шудааст ва ба танзим намудани фаъолияти Ширкат дар масъалаи нархгузории энергияи барқ ва гармӣ ба салоҳияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Ширкати “Барқи Тоҷик” ба Хадамоти мазкур сметаи хароҷот ва даромади Ширкатро барои соли 2012 барои омӯзиш пешниҳод намуда буд.
Мувофиқи сметаи мазкур дар соли 2012 бо назардошти афзоиш ёфтани нархи маҳсулоти сӯзишворӣ (гази табиӣ ва мазут), қисмҳои эҳтиёти барои таҷҳизотҳои энергетикӣ, энергияи барқи харидоришаванда ва ғайра, хароҷотҳои Ширкат (бе назардошти маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика) дар ҳаҷми 995 млн.сомонӣ дар назар дошта шудааст. Маблағи энергияи барқи ба муштариён интиқолшаванда (аз ҳисоби интиқоли барқи фоиданок ба муштариён) дар ин давра бо назардошти тарифҳои амалкунанда 1099 млн.сомониро ташкил хоҳад дод, ки маблағи даромад аз фаъолияти Ширкат 104 млн.сомониро ташкил медиҳад (1099-995=104).
Аз маблағи даромад аз фаъолияти Ширкат 15%, яъне 15,6 млн.сомонӣ андоз аз фоида бояд пардохт шавад, ки дар натиҷа фоидаи соф ба 88,6 млн.сомонӣ баробар хоҳад шуд (104-15,6=88,6). Бояд қайд намуд, ки фоидаи мазкур танҳо дар ҳолати пурра (100%) пардохт шудани маблағи барқи истифодашаванда аз ҷониби муштариён имконпазир мегардад, аммо дар мавриди ҳатто 90% пардохт шудан маблағи воқеии ҷамъовардашуда дар суратҳисоби Ширкат метавонад ба 989 млн.сомонӣ баробар шавад, ки ин хароҷотҳои истеҳсолии Ширкатро пӯшонида наметавонад.
Дар сурати 100% пардохт шудани маблағи энергияи барқ аз ҷониби муштариён гарчанде, ки Ширкати “Барқи Тоҷик” хароҷоти истеҳсолии худро пӯшонад ҳам, аммо маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ, сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ, пардохти қарзҳои Ширкат дар назди буҷаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби андозҳо, дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Созишномаҳои зерқарзӣ, дар назди ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” ва “Сангтўда-2” ғайриимкон мегардад.
Дар заминаи ҳамин таҳлил нархи барқ дар ҷумҳурӣ баланд бардошта шуд. Бояд қайд намуд, ки новобаста ба ин афзоиши нарх қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз ба маротиб арзон аст. Ҳамин тариқ, аз 1 апрели соли 2012 нархи барқ дар ҷумҳурӣ ба қадри 25 фоиз, барои аҳолӣ 22 фоиз баланд бардошта шуд. Муштариёни маишӣ (аҳолӣ), ки то ин дам барои ҳар кВт.соат 9 дирам маблағ медоданд, акнун 11 дирам маблағ месупоранд.
Бояд қайд намуд, ки ин ба гурўҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи давлат ҷуброн мегардад. Боз як сабукие, ки ин ҳам тадбири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, дар он аён мегардад, ки солҳои пеш нархи барқ одатан аз ибтидои сол, яъне 1 январ баланд бардошта мешуд. Ба хотири он, ки дар фасли зимистон талабот ба барқ хеле зиёд аст, ин маротиба баландшавии нархи барқ аз 1 апрел сурат гирифт.
Муштариёни гиромӣ! Ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз Шумо хоҳиш менамоем, ки то 1 апрел маблағи ҳаққи истифодаи барқро пурра пардохт намоед.
Хадамоти матбуоти ШСХК “Барқи Тоҷик”
АМИТ «Ховар»
Шарҳҳо
A kilowatt hour is 1000 watt-hrs
If the appliance uses 45 Watts, you divide by 1000 to convert it into kilowatts and then multiply that by the number of hours (giving you kilowatt hours) .
So 45 W * 3.5 hrs /1000 = 0.1575 KWH
-------------------------------------------------------------
Киловатта составляет 1000 Вт
Киловатт-часа составляет 1000 ватт-часов
Если прибор используется 45 Ватт, вы разделите на 1000, чтобы преобразовать его в киловаттах, а затем умножьте это на количество часов (давая вам киловатт-часов).
Таким образом, 45 Вт * 3,5 часа / 1000 = 0,1575 KWH
ammo fikr nakarded ki millat digar gusfand nest ki bo in ravishho firebash dihed
holo narkhi barkro bo kishvarhoi SNG kiyos mekuned yak bor ham hadiakali maoshi onhoro ham bo mo kiyos kuned ongoh khohed fahmid ki chi sharmandagie ba bor ovardaed!!!!
RSS Обуна