02:13:52 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҚУБУРҲОИ ОБГУЗАРИ МАҲАЛЛАИ "ХОВАРОН"-РО КӢ БУРИД?

Бештар аз ду ҳафта аст, ки аксари сокинони маҳаллаи «Ховарон»-и пойтахт аз оби нӯшиданӣ маҳруманд. Боздид аз ин минтақа низ собит кард, ки дар ин сардиҳо мардум барфу яхро дар дегҳо меҷӯшонанд ва аз он оби ошомиданӣ мегиранд. Ба гуфтаи сокинони ин маҳалла, чунин вазъ боиси ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудани онҳо гаштааст.

/images/stories/2013/01/03_barfideg-030113.jpgСаидҷон Қаландаров, сардори департаменти обтаъминкунии Корхонаи давлатии обу корези шаҳри Душанбе, мегӯяд, онҳо аз ин қазия бохабаранд ва гузашта аз ин буридани қубурҳои обгузар дар ин маҳалла бо дастури онҳо сурат гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, “дар ин маҳалла ба ҷузъ аз 32 хона дигар манзилҳо ғайриқонунӣ бунёд гардида, қубурҳои обгузар кашидаанд. Мо якчанд маротиба ба онҳо огоҳӣ додем, аммо онҳо нодида гирифтанд. Мо маҷбур шудем, ки обро қатъ намоем. Мо дар маҷмӯъ, 21 қубурро буридем. Танҳо дар сурате, ки ҳуҷҷатҳояшонро қонунӣ кунанд, баъдан об медиҳем.”

Аммо сокинони маҳаллаи "Ховарон" мегӯянд, тӯли ин бист сол боре ҳам ба мушили беобӣ мувоҷеҳ нашуда буданд ва ҳаққи обро низ сари  вақт пардохт мекунанд. Ҳайдар Довудов, як сокини маҳаллаи мазкур, дар сӯҳбат бо мо гуфт, онҳое, ки пул доранд, об мехаранд, аммо аксарият барои овардани об то 2 километр роҳро тай менамоянд. Ӯ аз ҷумла афзуд, “ман чун мошин дорам, ҳар субҳ зарфро бо 200 литр об пур мекунам. Обро асосан ҳоло аз як ҳавлӣ, ки ҷумак монда шудааст, мегирем. Аммо онҳое, ки барои овардани об аз дурӣ мошин надоранд, аз обшораҳои бомпӯшҳо об мегиранд ва ё барфҳои ҳавлияшонро об мекунанд. Мо намедонем, ки ин ҳолат то кай давом мекарда бошад.”

Ин мусоҳиби мо ҳамчунин гуфт, обро дар маҳаллаи онҳо бе ягон эълони пешакӣ қатъ кардаанд ва мардум ба истилоҳ сару калобаашонро гум намудаанд. Абдулвосеъ Саидов, ки низ сокини ин минтақа аст, гуфт, аз ин беобӣ ба танг об омадаанд ва намедонанд додашонро ба кӣ гӯянд. Ӯ гуфт, “худатон нигоҳ кунед, занҳову кӯдакони бечора аз ҳамон дурӣ аз назди завод бо сатилҳо об мекашонанд. Худи мо бо ароба об мекашонем. Мо обро аз дарёи Кофарниҳон мегирем ва ягон бор фишораш паст нашуда буд.”

​​Мардуми ин маҳалла мегӯянд, то имрӯз ба Идораи обу корезии шаҳри Душанбе ва ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа. Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон, яке аз дигар маскунони ин маҳалла мегӯяд, аҷибаш ин аст, ки ҳеҷ як аз ниҳодҳои масъул сабаби аслии қатъ кардани оби ошомиданиро ба онҳо шарҳ намедиҳад.

Ӯ мегӯяд, "аввал мегуфтанд, ки дар ин ҷо садама шудааст, баъдан айбро ба гардани барқиҳо мезаданд, ки барқ несту фишор паст аст. Аммо баъдан гуфтанд, ки як қисми аҳолӣ пули обро надодааст ва барои ҳамин қатъ кардем. Яъне як гапи умумӣ ҳам надоранд. То имрӯз ҳеҷ кас барои ҳалли техникии ин масъала машғул нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки мо дар пойтахт зиндагӣ мекунем ва иттифоқ афтодани чунин мушкилот хеле бад аст."

Гуфтанист, маҳрум шудани бештари мардуми минтақаи "Ховарон"-и шаҳри Душанбе аз оби нӯшокӣ дар ҳолест, ки дар маҳаллаи рӯ ба рӯи онҳо сокинони манзилҳои баландошёна натанҳо бо оби ошомиданӣ таъминанд, балки аз оби гарм низ бархӯрдоранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi