13:51:58 02-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ НАРХИ МАВОДИ ҒИЗОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба шиддат боло меравад. Бино бар натоиҷи мониторинги вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, назар ба моҳи сентябр қиммати шир - 30 дарсад, шакар - 23,7 дарсад, равған - 21,4 ва тухм - 20,8 дарсад баланд рафтааст.

 

bozorМақомоти ин вазорат гуфтаанд, афзоиши нархи ин маҳсулот дар саросари ҷаҳон мушоҳида шуда, ба омилҳое, чун хушксолӣ, ки боиси кам шудани ҳосил ва камбуди маҳсулот шудааст ва ҳам ба боло рафтани нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ бастагӣ дорад. Бар асоси ин арзёбӣ, нархи як кило шакар дар бозорҳои Душанбе ба 6 сомонӣ расидааст, дар ҳоле, ки моҳе пеш 4 сомониву 85 дирам буд. Як литри равған, ки моҳи октябр то 7 сомонӣ буд, феълан аз 8,5 то 10 сомонӣ ба фурӯш меравад.

 

Нархи як литр шир аз 2, 5 сомонии қаблӣ ба 3,3 сомонӣ расида, як тухм ба ҷойи 60 дирами моҳи октябр 72 дирам шудааст. Афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ болоравии қимати хӯроквории воридотӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро дар пай овард.  Ба гуфтаи мақомот беш аз 50 дарсад бозори маҳсулоти ғизоии кишвар, аз ҷумла орду гандум, равғану шакар ва маҳсулоти шириву гӯшт, аз ҳисоби воридот таъмин мешавад.

 

Ба гуфтаи манбаъҳо бо ин вуҷуд, ки имсол аз хориҷ беш аз 50 000 тонна шакар ворид шудааст, нархи як кило шакар, ки аз Русияву Эрон ва Беларусу ҳатто Бразилия ворид карда мешавад, алакай 23,7 дарсад афзуда ба 6 сомонӣ расидааст. Дар Тоҷикистон қимати маводи ғизоӣ имсол ба таври бесобиқа боло рафта, вазъи мардуми камбизоати кишварро боз ҳам бадтар кард. Қиммати маҳсулоти нонӣ, ки ғизои аслии мардуми Тоҷикистон аст, соли равон боз ҳам афзудааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3674-2010-11-26-09-33-05.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 02.01.2011 12:14
inshoalloh hamash dar oyanda bob miwad
:D
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854