13:20:49 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МОНЕАҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ ӮЗБЕКИСТОН

Сарватҳои табиии Тоҷикистон

tajikistan & uzbekistanИқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ бинобар сабабҳои ба ҳама маълум каме дертар ташаккул ёфт. Гарчанде сатҳи истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ нисбат ба солҳои  пешин рӯ ба афзоиш ниҳода, муносиботи масъулин ва мутахассисини ин соҳа ба равандҳои глобалии иқтисодӣ ва молиявӣ оқилона ва касбӣ  бошад ҳам, вале ҳанӯз то андозае кишвар дар бунбасти иқтисодӣ қарор дорад.

Хушбахтона, ин ҷумҳурии кӯчаки кӯҳсор бо сарватҳои табиии хеш дорои  таркиби бойи маъданҳо ва дигар маводҳое мебошад, ки онҳо дар оянда яке аз омилҳои таъмини рушди иқтисодии кишвар хоҳанд буд. Мавқеи геополитикии Тоҷикистон рӯз ба рӯз таваҷҷӯҳи кишварҳои  мутараққии ҷаҳонро ба худ ҷалб месозад. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ  захираҳои маъдании сурма, симоб, қалъагӣ, нуқра ва ғайраҳо дар мадди назари кишварҳои хориҷӣ меистод.

Баъди ба даст овардани мустақилият Тоҷикистон дар ин ҷода бо кишварҳои Ғарб чун Англия, Италия, Словакия ва дигарон ҳамкорӣ мекунанд. Айни замон барои конҳои Тоҷикистон зиёда аз 25 ширкатҳои хориҷӣ нияти ҳамкориҳои минбаъдаро доранд. Яке аз сарвати пурарзиши дигар – ин маводи хоми ҳастаӣ мебошад, ки дар умқи заминҳои файзбори Тоҷикистон нуҳуфта, пайи коркарду мавриди истифода қарор гирифтан мебошад, ки низ дар мадди назари кишварҳои абарқудрат қарор дорад.

Ӯзбекистон ҳамчун рақиби сиёсӣ

Мутаассифона, яке аз кишварҳои ҳамҷавор, ки тараққиёти иқтисодии ҷумҳуриамон барои пешрафти он кишвар низ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд, на танҳо роҳандозии иншоотҳои иқтисодиёти Тоҷикистонро дастгирӣ намекунад, балки барои татбиқи онҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз қадим бо Тоҷикистон муносиботи хуби ҳамсоягӣ доштанд, баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон якбора ба рақиби сиёсӣ табдил ёфта, гоҳе бо тарҳҳои иқтисодии мо мухолифат мекунаду гоҳе роҳамонро баста, ҳама гуна пешравиҳои иқтисодии Тоҷикистонро чун мағлубияти хеш қабул менамояд. Масъулони қазияи мазкур намехоҳанд бифаҳманд, ки  рушди ҳамсоякишвар  метавонад ба пешрафти кишвари худи ӯ низ мусоидат намояд.

Иншоотҳои иқтисодии Тоҷикистон

Яке аз риштаҳои  муҳим ва тақдирсози Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи энергетика мебошад, ки маҳз бо талошҳои аз ҳад зиёди Ӯзбекистон сохтмони пуриқтидортарин иншооти энергетикӣ – НБО-и Роғун ба таъхир афтодааст. Чун анҷом ёфтани иншооти мазкур мавқеи ҷумҳуриамонро дар минтақа муайян месозад, бинобар ин ҳам кишвари ҳамсоя мавқеъгирии Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ дида наметавонад.

Далелҳои беасосе, ки гӯё иншоот дар пойгоҳи заминларза қарор дорад ва анҷоми ин сохтмон маҷрои обро дар кишварҳои поёноб коҳиш хоҳад дод, танҳо кӯшишҳое ҳастанд, ки садди рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Даъвоҳои бемаънии Ӯзбекистон дар бораи хатароти нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносон тасдиқи худро наёфтаанд, ҳатто дар сатҳи байналмиллалӣ низ онҳоро беасос  арзёбӣ кардаанд. Бахусус баъди заминларзаи Ҷопон забони коршиносони ӯзбек дар ин ҷода дароз гардид, вале мақолаҳои зиёди ҳангоматалаби онҳо нишонрас нашуданд. Тасаввур мекунам, чӣ тавр онҳо  шабу рӯз дуо мекунанд, ки боз дар ягон нуқтаи Осиё замин биларзад, то   васвасаи навбатиашонро сар кунанд.

Тоҷикистон ва муҳосираи иқтисодӣ

Монеаҳои ҷиддии дигаре, ки боиси нигаронии ҳамагон гаштааст, солҳои ахир аз ҷониби Ӯзбекистон бастани роҳҳои нақлиётист. Дар шароити имрӯза роҳҳо низ беш аз пеш ба ҷои таъиноти иқтисодии хеш мақому тобиши сиёсӣ касб мекунанд. Дар сарҳади Ӯзбекистон ҳазорҳо вагонҳои дорои масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯхт ва ғайраҳо дар муҳосира буданд. Ин ҳолат дар мавсиме сурат гирифт, ки давраи кишту кор буд ва саноати кишоварзии кишвар ба маводи сӯхт ниёзи беандоза дошт. Гарчанде ки ҷониби Ӯзбекистон банд кардани сарҳадро бо сабабҳои техникӣ арзёбӣ намуда бошанд ҳам, вале коршиносон бар ин назар буданд, ки иллати асосӣ ин масъалаи сохтмони НБО-и  Роғун буд.

poezdМуҳосираи иқтисодӣ на танҳо ба буҷаи давлатӣ хисороти зиёди иқтисодӣ ворид овард, балки кишварҳоеро, ки бо Тоҷикистон дар ҳамкориҳои иқтисодӣ қарор доштанд, нигарон сохт. Намояндаи Ҷумҳурии Эрон дар ин бора гуфта буд: "Мутаассифона, мо бо ин воқеияти талх мувоҷеҳ ҳастем ва бархе иқдомот, ки анҷом мешаванд, дар шаъни ҳамсоягӣ нест. Яъне ду кишвари ҳамсоя аз ду фарди ҳамсоя амнияташон бештар аст."

Ҷониби Эрон бар он назар аст, ки сиёсатҳои ғайридӯстона ва ғайримунсифона, ки боиси ихтилофандозӣ мешавад, маъмулан аз қудратҳои бузург дикта шуда, аслан хоси минтақа намебошанд. Дар маҷмӯъ, муҳосираи иқтисодӣ аз ҷониби Ӯзбекистон, чӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва чӣ иқтисодии кишварамон монеаҳои ҷиддиеро ба миён овард. Бахусус он қатораҳое, ки дорои масолеҳи сохтмонии НБО буданд. Боиси таассуф буд, ки аз аксари ин қатораҳо молҳои зиёде рабуда шуда, дарёфт нагардиданд.

Болоравии нархи газ

Ӯзбекистон ҳар сол бо далели афзоиши нархи газ дар бозори ҷаҳонӣ қиммати гази содиротии худро афзоиш медиҳад. Ба ақидаи коршиносон ҷониби Ӯзбекистон аз гази табиӣ ҳамчун фишанги сиёсӣ истифода мекунад, бинобар ин ҳар вақт, ки хоҳад интиқоли онро ба Тоҷикистон қатъ мекунад ва ё қимати онро меафзояд.

Инак, бори дигар Ӯзбекистон арзиши гази табиии  ба Тоҷикистон интиқолшавандаро боло бурд. Нархи як ҳазор кубометри газ минбаъд  аз 227,85 то 249 доллари амрикоӣ арзиш хоҳад дошт. Тибқи гузориши коршиносон арзиши гази содиротии Ӯзбекистон дар оянда ҳар семоҳа мувофиқи формулаҳои аврупоӣ ва бо назардошти тағйироти нархи ҷаҳонии мазут ва маҳсули софкории нафт баррасӣ хоҳад шуд. Яъне қазияи нарху навои гази табиӣ бо ин ба анҷом намерасад, давом хоҳад ёфт.

Болоравии нархи газ дар ҳоле сурат гирифт, ки Тоҷикистон маҳдудияти энержиро аз сар гузаронида, камбуди ин ду манбаи ҳаётӣ боиси зарба ба иқтисодиёт ва гаронтар шудани  қиммати иншоотҳои дар ҳоли таъсисёбии энергетикии Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳамаи ин мушкилот бо шарофати ҳамсоякишвари нотавонбинамон Ӯзбакистон сар задааст.

Дахолати Ӯзбекистон ба тарҳҳои байналмиллалии Тоҷикистон

Як моҳ пеш байни Тоҷикистону Покистон якчанд созишномае ба имзо расид, ки яке аз онҳо бахши энергетикиро дар бар мегирифт ва он ба лоиҳаи «САSA-1000» асос ёфта буд. Мувофиқи лоиҳаи мазкур барқи нерӯгоҳҳои “Қамбарота”-и Қирғизистон ва “Роғун”-и Тоҷикистон бояд тавассути Афғонистон ба Покистон интиқол шавад. Лоиҳаи «САSA-1000» бояд бо кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё сохта мешуд. 

Танҳо ба хотири он ки лоиҳаи «САSA-1000» амалӣ нагардад, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Исломобод пешниҳод кардааст, ки дар дарёи Сувот се нерӯгоҳи барқии обии дорои иқтидори 1315 МВт сохта, инчунин дар риштаи кишоварзӣ низ кӯмакҳои молӣ хоҳад расонид. Гарчанде ки қарордод ба имзо расида буд, вале натиҷаи талошҳои Ӯзбекистон бо он анҷомид, ки яке аз Бонкҳои дар боло зикргардида, бинобар баҳснок будани масъалаи мазкур аз кӯмак дар лоиҳаи «САSA-1000» даст кашид. Чунин ҳасудӣ ва душмании рӯиростро дар ҳаққи тоҷикон Ӯзбекистон на як бору ду бор кардааст.

Дар бораи ғаразҳои экологии ҳамсоякишварамон нисбати Тоҷикистон гуфта намегузарам, зеро он як мавзӯи доманадори дигаре хоҳад буд. Танҳо ҳаминро қайд карданиям, ки дар ин самт низ Ӯзбекистон дасисаҳои фаъол рӯи даст дорад ва ҳар лаҳзаву соат метавонад кишвари моро дар масъалаҳои экологӣ низ айбдор намояд. Аз қайдҳои боло чунин бармеояд, ки роҳбарони даври Ӯзбекистон бо ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд бо мо муросо намоянд ва то он даме, ки ҳукм меронанд, барои пешравии Тоҷикистон монеа хоҳанд шуд.

Комил Давлатов, иқтисодчӣ



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 18.04.2011 19:32
salom
tashakkur janobi Komil Davlatov.
Az lobaloi matlabaton bar meoyad ki hamchun yak vatandust izhori nigaroni kardaed.Ammo in chize ki SHumo guftedro takriban hama medonad agar hamchun iktisodshinos tarh yo rohi hali burunraft az in mushkil va bunbastro iroa medoded khele khub meshud
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi