21:05:39 28-уми Марти 2025 сол
banner site ruzgor 21 22
 

photo 2023-01-03 15-28-16

 
 banner ahmad zahir booke
 

yadi rozgar 1245878754

 
 banner you tube ruzgor2021

qissahoi hijrat 54452121
 
 

Тақвим

<< < Март 2025 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мавзуна Чориева ба ринг баргашт

Амон Бобоев, шавҳари Мавзуна Чориева ҳамроҳ бо ҳамсараш машғули муштзанӣ аст. Мавзуна Чориева, муштзани саршиноси тоҷик ва модари ҷавон пас аз вақфаи яксола ба ринг баргашт.

mavzuna chorieva 45899898Ӯ, ки соли гузашта пас аз дарёфти медоли брунзи Бозиҳои Олампики-2012 дар Ландан издивоҷ карда ва фарзанддор шуд, ба ринг баргашт. Хонуми Чориева он замон гуфта буд, ки пас аз таваллуди як фарзанд дубора ба букс ва ҷаҳони варзиш боз хоҳад гашт. Ӯ ба ин ваъдаи худ вафо карда, дақиқан пас аз як соли издивоҷаш бо Амон Бобоев ва чаҳормоҳа шудани духтаракаш Бибиосия ба машқи букс дубора шурӯъ кард.

Мавзуна Чориева дар сӯҳбати телефунӣ гуфт: "Ҳоло дар Кули Чилдухтарон дар "сбор" ҳастам. Касе барои бозгашти ман монеъа эҷод накард. Ман гуфтам, бар мегардам ва баргаштам. Моҳи ноябр ба мусобиқоти букс дар Укройн ё Қазоқистон ширкат хоҳам кард, ҳунӯз интихоб накардам."

Алорағми боварҳо дар бораи суннатӣ ва куҳнафикр будани ҷомеъаи бавижа шаҳристонии Тоҷикистон ба назар мерасад, хонаводаи Мавзуна Чориева ҳеҷ мавонеъе барои бозгашти вай ба ринг эҷод накарда, балки баръакс ба ӯ дар ин ҷода кумак мекунанд.

Хушдомани ӯ дар Кӯлоб ҳоло Бибиосияи чаҳормоҳаи Мавзунаро парасторӣ мекунад ва шавҳараш Амон Бобоев дар ҷараёни машқҳояш дар сафарҳои варзишӣ ба ӯ кумак мекунад.

Мавзуна Чориева бо бурдани медоли брунзи мусобиқоти букси занони Улампик дар вазни 60 килугром дар соли 2012 танҳо барандаи медоли Улампик дар миёни занони Тоҷикистон шуда буд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi