ДАР «АЛ-АЗҲАР» ВАҲҲОБИЯ МЕОМӮЗАНД?
Тасмимгирии давлат дар хусуси баргардонидани он қисми ҷавонони тоҷик, ки ғайрирасмӣ дар таълимгоҳҳои исломии хориҷӣ таҳсил доранд, агар аз ҷониби аксари сокинони ҷумҳурӣ чун иқдоми мусбӣ пазируфта шуда бошад ҳам, иддае ба он аз назари интиқодӣ баҳо доданд.
Ба фикри онҳо, дар баробари донишҷӯёни таълимгоҳҳои шубҳаноки Покистону Зоҳидони Эрон овардани он шаҳрвандони тоҷик, ки дар таълимгоҳҳои исломии кишварҳои Араб таҳсил доранд, иштибоҳ аст. Вале чун вақт довари ягона ва инъикоскунандаи ҳақиқати ҳар гумон, шубҳа ва тахмин мебошад, ҷанбаи торики ин дидгоҳ низ батадриҷ рӯ ба равшан шудан дорад. Ҳодисаҳои ахири Тунису Миср нишон доданд, ки таълимгоҳҳои олии улуми исломӣ дар ин ду кишвар низ дигар тарбиятгоҳи кадрҳои исломи мӯътадил нестанд, балки ҷавлонгоҳи фаъолияти исломгароёни дорои рӯҳияи ваҳҳобӣ гаштаанд.
Дар ин байн Донишгоҳи маъруфи «Ал-Азҳар», ки солҳои пешин тарбиятгари аслии рӯҳониёни анъанавӣ маҳсуб мегардид, истисно нест. Чун дар донишгоҳи мазкур беш аз 650 нафар донишҷӯён Тоҷикистони таҳсил кардаанд, ё машғули таҳсиланд, таваҷҷӯҳи мо низ ҷониби ин масъала равона шуд. Сарвари Кумитаи иҷроияи Муфтиёти умумироссиягии Федератсияи Русия Муҳаммадгелӣ Ҳузин ба ин назар аст: «аллакай чанд сол мешавад, ки раванди таълим дар ин маркази куҳантарини исломомӯзӣ аз ҷониби ваҳхобиҳо назорат мешавад ва амалан тамоми донишҷӯёни хориҷӣ таҳти таъсири онҳо қарор доранд».
Мувофиқи гуфтаи номбурда, ҳамин омили таъсиргузор боиси он гаштааст, ки хатмкунандагони ин донишгоҳ ҳоло «яроқ дар даст дар Қафқози Шимолӣ «исломи пок»-ро паҳн карда истодаанд ва бо «кофирон»-у қувваҳои федералӣ дар набарданд». Корманди баландпояи муфтиёти Русия мегӯяд: «Чунин вазъият донишгоҳҳои маъруфи исломӣ монанди «Ал-Азҳар» ва «Аз-Зайтун»-и Тунисро аз ҳайати марказҳои пешқадами омӯзиши исломӣ берун мекунад ва марказҳои исломии Арабистони Саудӣ ва Покистонро, ки исломи анъанавию намунавиро не, балки ваҳҳобияи саудиро бо омехтаи исломи ифротгаро ва фанатикии покистонӣ паҳн мекунанд, ба мақоми пешоҳанг мебарорад».
Дар ҷомеаи мо чӣ? Дуруст аст, ки хатмкардагони «Ал-Азҳар» дар кишвари мо даст ба яроқу аслиҳа назадаанд, вале рӯшод ҳам набошад аҳкому аркони исломро бар хилофи мазҳаби анъанавии мо, берун аз таълимоти Имоми Аъзам иҷро мекунанд ва дар ҷойҳои сукунат, дар миёни хешу табору дӯстони наздики худ ва ашхоси аз масоили динӣ-мазҳабӣ бехабар тарғибу ташвиқ менамоянд.
Албатта, ин тоифа амалҳои худро бозхонии мардум ба дину диёнат маънидод мекунанд, вале натиҷаи охирини чунин даъватҳо ҳамеша раҳкушоии навбатӣ ба мазҳаббозӣ, тафриқандозӣ ва ангехтани ҷудоӣ дар ҷомеа мебошад. Ва на худи онҳо, на муллою эшонҳои суннатӣ қоил намешаванд, ки ин аъмол хилофи фармудаҳои Қурони кариманд: «Мабошед аз онон, ки пароканда сохтанд дини худро ва шуданд гурӯҳ-гурӯҳ, ҳар гурӯҳ бо он чӣ наздики ӯст, хурсанд аст» (сураи Рум, ояи 27).
Дар навбати худ мақомоти дахлдор ва масъули давлатӣ низ бояд нисбати ин масъала бетафовутӣ зоҳир накунанд, зеро воридшавии ҷараёни «Салафия» низ ба ҷомеаи тоҷик аз ҳамин даъватҳои оддӣ шурӯъ гардида, дар давоми яку ним-ду сол беш аз бист ҳазор ҷавонро пайрави худ гардонида буд.
Исмоили Иброҳим, донишҷӯ
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/4416-dar-al-azhar-vahhobiya-meomuzand.html
Шарҳҳо
RSS Обуна