17:15:50 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИМРӯЗ МАВЗУНА ЧОРИЕВА БАРОИ НИШОНИ ОЛИМПӢ ТАЛОШ МЕКУНАД

Дар Лондон рӯзи нӯҳуми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ поён ёфт. Шаби якшанбе дар сабқати ниҳоии гурзандозон Дилшод Назарови 30-сола бо натиҷаи 73 метру 80 сантиметр дар бозиҳои олимпии Лондон дар байни 12 нафар дар ҷойи даҳум қарор гирифт. Ӯ аз ду нафар - Валерия Святоха (Беларус, 73,13 метр) ва Александр Смит (Бритониёи Кабир, 72,87 метр) пеш гузашт.

/images/stories/2012/08/06_m.chorieva-6812.jpgБояд гуфт, ки рӯзи ҷумъа ҳангоми сабқати интихобӣ натиҷаи Дилшод беҳтар буд. Ӯ гурзро ба масофаи 75 метру 91 сантиметр ҳаво дода, ҷойи ҳаштумро соҳиб шуд ва ҳамзамон ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар сабқати ниҳоии гурзандозон Кристиан Парс (Маҷористон) бо натиҷаи 80 метру 59 сантиметр ҷойи аввал, Примоз Козмус (Словения), ки қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2008-ум мебошад, бо натиҷаи 79,36 метр ҷойи дувум ва Коҷӣ Мурофушии ҷопонӣ бо натиҷаи 78,71 метр ҷойи севумро касб карданд.

Дилшод Назаров дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин дар сабқати интихобӣ бо натиҷаи 75 метру 34 сантиметр дар гурӯҳи “А” мақоми панҷумро касб карда, ба финал баромада буд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ӯ бо натиҷаи 76 м 54 см миёни 12 нафар беҳтаринҳо дар ҷойи 11-ум қарор гирифт.

Аз рӯи натиҷагирии нӯҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 61 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ боз Чин ба ҷойи аввал баромад. Чиноиҳо ҳамагӣ 61 медал - 30 тилло, 17 нуқра ва 14 биринҷӣ ба даст овардаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 60 медал – 28 тилло, 14 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҷойи дувум аст. Бритониёи Кабир бо касби 37 медал – 16 тилло, 11 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад.

Умуман, варзишгарони 36 кишвар дар нӯҳ рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштаанд. Ба ғайр аз Чин, ИМА ва Бритониёи Кабир, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ 10 медали тилло, Фаронса 8 нишони тилло, Италия ва Қазоқистон 6-тоӣ медали тилло, Олмон 5 нишони тилло, Русия, Маҷористон ва Кореяи Шимолӣ ҳар кадом 4 медали тилло, Нидерланд, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Зеландияи Нав ҳар кадом 3 медали тилло, Ҷопон, Руминия, Дания, Беларус, Куба, Лаҳистон, Ямайка, Украина ва Эфиопия ҳар кадом 2 медали тилло, Австралия,  Канада, Ҷумҳурии Чех, Шветсия, Кения, Бразилия,  Словения, Хорватия, Швейтсария, Эрон, Литва, Венесуэла ва Гурҷистон яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо Чин бо 61 медал дар ҷойи аввал, ИМА бо 60 медал дар ҷойи дувум ва Бритониёи Кабир бо 37 медал дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо 6 медали тилло дар ҷойи аввал аст. Русия бо 4 медали тилло, 16 нуқра ва 15 биринҷӣ дувум мебошад. Беларус 2 медали тилло, 2 нуқра ва 3 нишони биринҷӣ, Украина 2 медали тилло ва 5 биринҷӣ, Литва 1 нишони тилло ва 1 биринҷӣ, Гурҷистон 1 медали тилло гирифтаанд. Озарбойҷон ва Арманистон 1яктоӣ медали нуқра ва яктоӣ биринҷӣ, Молдова ва Узбакистон ҳар кадом як медали биринҷӣ доранд. Вале 5 кишвар - Қирғизистон, Латвия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония то ҳоло дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ дохиланд. Вале то имрӯз ҳашт нафари онҳо – тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова ва гурзандоз Дилшод Назаров аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд. Ду нафар – Расул Боқиев (ҷойи ҳафтум) ва Дилшод Назаров (ҷойи даҳум) нисбат ба дигар намояндагони Тоҷикистон натиҷаи хубтар нишон додаанд.

Боз ҳашт варзишгари тоҷик дар риштаҳои бокси занона, варзиши сабук (давидан ба масофаи 200 метр), таэквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Коршиносон аз муштзан Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар вазни то 60 кило ва гуштигир Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило, натиҷаҳои баландро чашмдоранд.

Имрӯз, 6-уми август, Мавзуна Чориеваи 19-сола дар сабқати бокс дар даври чаҳорякниҳоӣ бо Ченг Донги 25-сола (Чин) рақобат мекунад. Ин қувваозмоӣ соати 18:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ченг Донг дирӯз, 5-уми август, дар даври ҳаштякниҳоӣ бар рақибаш Микаэла Лакатуси 31-сола аз Маҷористон аз рӯи холҳо бо ҳисоби 10:5 ғолиб омад. Ченг Донг, ки қадаш нисбат ба Мавзуна 17 сантиметр баландтар аст (қади Чориева 1 м 60 см) мебошад, барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (солҳои 2008-ум ва 2010-ум), ғолиби Бозиҳои осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин (2010) ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (2012, Уланбатори Муғулистон) маҳсуб мешавад.

Пеш аз қувваозмоии Мавзуна Чориева ва Ченг Донг бегоҳи имрӯз соати 18:30 ба вақти Душанбе дар вазни то 60 кило дар даври чаҳорякниҳоӣ Кэти Тейлори 26-сола (Ирландия), қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии ҷаҳон, бо Наташа Ҷонас (Бритониёи Кабир), барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ, рақобат мекунанд. Ғолибони ин ду ҷуфт дар даври ниманиҳоӣ бо ҳам рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Дар ду қувваозмоии дигари чаҳорякниҳоӣ Манҷуба Оивтил (Марокаш) – Адриана Арауҷо (Бразилия) соати 19 ба вақти Душанбе ва Алексис Притчард (Зеландияи Нав) – Софя Очигава (Русия, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2012) соати 19:15 ба вақти Душанбе барои роҳ ёфтан ба нимфинал талош хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, ғолиби даври чаҳорякниҳоӣ дар сабқати бокс, ки ба нимфинал мебарояд, ҳадди ақал соҳиби медали биринҷӣ мешавад.

Имрӯз, инчунин, соати 23:20 ба вақти Душанбе занон дар давидан ба масофаи 200 метр рақобат мекунанд. Дар ин намуд Тоҷикистонро Владислава Овчаренко намояндагӣ хоҳад кард. Вале аз ӯ коршиносон натиҷаи баландро умедвор нестанд. Зеро ки натиҷаҳои нишондодаи ӯ дар давидан ба масофаи 200 метр аз натиҷаҳои ҷаҳонӣ хеле паст аст. Дар воқеъ, Владислава имсол дар ин масофа рекорди Тоҷикистонро ду бор беҳтар кард. Натиҷаи ахиран нишондодаи ӯ 23,98 сония мебошад.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

6-уми август

Бокс. 18.45. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).

Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август

Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).

Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август

Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).

Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август

Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).

Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 06.08.2012 16:39
факат тилло дигараш хисоб не!Мавзуна ту метавони!
 
 
0 #1 Guest 06.08.2012 16:37
Зада афтон уро Мавзуна Худо ёрат!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi