ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?
Хабари хадамоти матбуотии Президенти ҶТ дар хусуси ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз сӯйи Раиси ҷумҳур пешниҳод шудани Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» мавриди шарҳу эзоҳи аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе гардидааст.
Агар ҳафтаномаҳои «Нигоҳ», «Наҷот», «Ҷомеъа», «Азия-плюс» бо овардани шарҳи кӯтоҳе иктифо карда бошанд, ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Миллат» дар ин бора саҳифаҳои нахустини хешро ихтисос додаанд. Чунинчи «Фараж» дар саҳифаи аввал зери сарлавҳаи «10 000 нафар афв хоҳанд шуд!» чунин илова кардааст: «Аммо ҳанӯз маълум нест, ки чеҳраҳои саршиносе мисоли Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Абдуҷалил Ҳомидов, Маъруф Орипов, Ҷамшед Сиёев миёни онҳо ҳастанд ё не».
Ҳафтаномаи «Миллат» дар ин бора назари се нафар шахсияти шинохтаи ҷумҳуриро пешниҳоди хонандагони хеш кардааст. «Афв кардани маҳбусону зиндониён як амали неку башардӯстона аст, ки Раиси ҷумҳури кишварамон рӯйи даст гирифтааст. Вале ман дар иҷрои ин амр тардид дорам. Аввалан, ин ки ҷинояткороне, ки бо гуноҳҳои сохтаву қалбакӣ равонаи зиндон шудаанд, ба гумон аст, ки озод шаванд. Дигар ин ки ман аз он тарс дорам, ки ҷинояткорони воқеӣ, ки барои ҷомеа ва зиндагии мардум хатар эҷод мекунанд, раҳо мешаванд ва оромиву суботи ҷомеаро халалдор мекунанд…
Вале агар дар пайи иҷрои ин амри инсондӯстона шахсиятҳое ҳамчун Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва касоне монанд ба онҳо, ки ба боварии комил ба гуноҳи сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, аз сӯйи Раиси ҷумҳур ва Ҳукумати Тоҷикистон мавриди афв қарор бигиранд, боиси эътимод ва эҳтироми бештар ба Ҳукумат ва қонунмандии давлат хоҳад буд»,- гуфтааст рӯзноманигор Аҳмадшоҳи Комилзода.
Аммо таҳлилгари сиёсӣ Нуралӣ Давлат гуфтааст, ки «ман бовар надорам, онҳое, ки барои хиёнат ба ватан ва ё кӯшиши табоддулоти давлатӣ айбдор гардидаанд афв шаванд. Ба он хотир, ки дар афвҳои қаблӣ ягон бор мӯҳлати ҳабси эшон камтар нагардид».
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ зимни хушҳолӣ кардан аз ин иқдоми Раиси ҷумҳур гуфтааст, ки «агар тибқи ин афв 5 ҳазор маҳбусон ва 5 ҳазори дигар зери тафтиш қарор доштаҳо озод шаванд, ин воқеан барои садҳо ҳазор одам як хушҳолиро ба вуҷуд меорад…Ман пеш аз ҳама мехостам, он маҳбусҳое, ки ба хотири фикру ақида маҳбус шудаанд, хусусан бародарони «таблиғӣ», ки ба қаноати роиҷи ман онҳо ҳеҷ гуна ҷинояткор нестанд, зеро ба ҷуз нияти хизмат ба Ислом, ба Худо ва бандагии Худоро адо кардан дигар ҳеҷ нияте надоранд, на нияти ғасби ҳокимият ва на сохтани низоми муайяни давлатдорӣ доранд, хуб аст, афв шаванд… Ман маҳбусони сиёсиро ҳам дар назар дорам…». Дар посух ба суоли ҳафтанома ҷаноби Тӯраҷонзода гуфтааст, ки «аз афроди мушаххас ном бурда наметавонам, зеро агар ҳамаи онҳоро ном бубарам шояд чоп накунед. 3-4 нафарашонро ном бубарам, шояд дигарон аз ман озурда гарданд. Аммо агар мавриди назари шумо аз маҳбусон мушаххасан Маҳмадрӯзӣ ва Ёқуб бошад, ман тарафдор».
Мавзӯйи дигар асосии нашрияҳои хусусии ин ҳафта мавзӯи интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ мебошад. Ҳафтаномаи «Миллат» ба ин мавзӯъ беш аз дуввуним саҳифаи хешро ихтисос додааст. Ҷолиб он аст, ки дар ҳамин шумораи ин ҳафтанома шаш раиси аҳзоби сиёсии кишвар ба суоли «ба назари шумо дар интихоботи парлумонӣ ҳизби шумо чанд фисад раъй ба даст хоҳад овард ва ё шумо чанд курсиро дар парлумони оянда банд хоҳед кард?» чунин ҷавобҳои мушаххас додаанд:
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон: «…дар ҳолати шаффоф гузаштани интихобот аксарияти мардум, ба хусус қишри камбизоат ба мо раъй хоҳанд дод».
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон: «Азбаски асоси интихобкунандагони моро зиёиён, донишҷӯён, сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон ва ноҳияҳои назди марказҳо, хусусан ҷабрдидагон аз беадолатии судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз нигоҳи минтақавӣ-аҳолии шаҳри Душанбе, ВМКБ ва вилояти Суғд, қисман водии Ҳисор ташкил менамоянд, ман итминони комил дорам, ки ҲСДТ аз рӯйхати ҳизбӣ потенсиали на камтар аз 15 фисад раъй ба даст оварданро дорад. Яъне мо барои соҳиб шудан ба на камтар аз се курсӣ дар порлумон дар интихоботи порлумонӣ на танҳо кӯшишу ғайрат, балки мубориза хоҳем кард».
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон: «…барои он ки шахсони равшанфикру равшанзамир аз ҳизбҳои гуногун ба порлумон ворид шаванд, бояд пеш аз ҳама гарави интихоботӣ, ки қимматаш 7000 сомонӣ буда, ба сари ҳар нафар, дар ҳолати бӯҳрони молиявӣ, ки ба ҷумҳурии мо низ таъсир расондааст, наметавонанд 63 нафарро пешбарӣ кунанд. Зеро бӯҳрони молиявӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ низ таъсири манфии худро гузоштааст. Бинобар ин бояд гарав бардошта шавад».
Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон: «…бояд самимона изҳор кунам, ки вазну ченкунии имконотамон, сарфи назар аз мӯҳлати бағоят ками боқимонда, ҳанӯз идома дорад. Он чиро, ки алҳол анҷом додем, далели эътимод доштанамон ба имкони талошест, ки тавонад барои соҳиб шудан ба на кам аз ду курсии вакили парлумон сурат гирад».
Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон: «Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ бо такя ба раъйи мардум, ба хусус аъзои ҳизбамон, ки аксарият азҷумлаи қисмати рӯшанфикри ҷомеа ва ба хусус устодони донишгоҳҳо ва номзадони илм мебошанд, барои ишғоли аз 5 то 7 курсӣ дар парлумонӣ оянда мубориза хоҳад кард. Зеро танҳо бо ишғоли ҳамин миқдор курсӣ дар порлумон имкони ташкили фраксия бо аҳзоби дигар вуҷуд дорад».
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон: «Дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳади ақал барои таъсиси як фраксиюн дар порлумони оянда талош хоҳад кард».
Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Ҷомеа» дар як назарсанҷии кӯчаке аз 50 нафар хонандаи худ пурсидааст, ки «Агар фардо раъйдиҳӣ дар интихоботи Парламентӣ баргузор мешуд, ба ҷонибдории кадом ҳизби сиёсӣ овоз медодед?» чунин посух гирифтааст:
23 нафар ба тарафдории ҲХДТ, 13 нафар ба тарафдории ҲНИТ, 9 нафар ба ҷонибдории ҲДТ, 1 нафарӣ ба ҷонибдории ҲКТ ва ҲСДТ, 3 нафар ба ҳеҷ кадом ҳизб «раъй додаанд».
Аз дигар матолиби ҷолибе, ки дар нашрияҳои ин ҳафта ба чоп расидаанд, мақолаҳои «Истеъфои вазири маориф» дар «Нигоҳ», «Тоҷикстандарт» акнун бой мешавад… «Пайкон» 300 000 сомонӣ зарарӣ маънавӣ медиҳад» дар «Пайкон», «Қотили журналист кист?» дар ҳафтаномаи «Нури Зиндагӣ». «Сафар ба Маскав: дастовард ё шикаст?» дар ҳафтаномаи «Дунё», «Октябри серташвиши соли 1992» дар «Азия- Плюс»-ро ном бурдан мумкин аст.
Агар дар «Нигоҳ» муаллиф кӯшиш ба ҳарҷ додааст, ки чеҳраи вазири маорифро ба хонандаи хеш кушода бидиҳад, муаллифи «Пайкон» аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки додгоҳи ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе ноодилона ҳафтаномаи онҳоро ҷарима бастааст. Журналиси Ҷумъаи Мирзо кӯшидааст дар мақолаи худ асрори марги рӯзноманигор марҳум Саидмуроди Ёриёнро ба хонандааш ифшо намояд.
Дар мақолаи шореҳи сиёсии «Дунё» Муҳаммадиқбол бошад бурду бохти сафари давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллифони мақолаи «Октябри серташвиши соли 1992» дар бораи ҳуҷуми 17 сол қабл ба болои Душанбе аз сӯйи нирӯҳои «Фронти халқӣ» бо роҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев суратгирифта қисса мекунанд.
«Рӯзгор»