04:17:03 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОБУТИ САНГИНИ РӮЗНОМАНИГОРИ МУСОФИР

Муҳаммадраҳими Сайдар, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ки сар аз соли 2001 то имрӯз ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав зиндагӣ ва фаъолият мекард, рӯзи 3 январи соли 2010, бар асари бемории диабети қанд дар синни 57-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Тулаи Русия аз дунё даргузашт. Ин бемории шадид қариб як даҳсола ба ин сӯ Муҳаммадраҳимро ранҷ медод, аммо натавонист ӯро то охирин лаҳзаи умр аз ҷодаи фаъолияти пурмаҳсул канор кашад. Ҳар як таҳаввулот ва рӯйдоди мӯҳиме, ки дар Русия ва рӯзгори муҳоҷирини кории тоҷик рух медод, нахуст шунавандаи Радиои Озодӣ аз гузоришҳо ва таҳлилҳои саривақтӣ ва ҳирфаии ӯ огоҳ мешуд. 

Нависандаи тозабаён

ва рӮзноманигори шинохта

 Муҳаммадраҳими Сайдар агарчӣ беш аз ду даҳсола ба ин сӯ дар ғурбат ба сар мебурд ва соле як ё ду маротиба ба Тоҷикистон меомад, вале дар доираҳои адабӣ ӯро ҳамчун намояндаи насли тозабаён ва навовари адибони тоҷик мешинохтанд. 

Абдулҳамиди Самад, адиби саршиноси тоҷик ва муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммадраҳими Сайдар бо навиштани ҳикоя ба адабиёт ворид шуд, аммо дар назм ва публитсистика низ ҳамто надошт. 

Вай афзуд, «Муҳаммадраҳим ҳикояҳои бисёр ширин дошт ва, мутаассифона, солҳои ахир аз адабиёт дуртар шуд. Шояд фикр мекард, умр имкон медиҳад, ки боз баргардад, аммо чунин нашуд. Афсӯс». 

Замоне мо ба иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон омадем, ҳампешагон ва дӯстони Муҳаммадраҳими Сайдарро, ки тоза хабари марги ӯро шунида буданд, андӯҳгин дарёфтем. Мирзо Шукурзода, адиб ва мунаққиди тоҷик ва яке аз дӯстону ҳамкорони собиқи Муҳаммадраҳими Сайдар, ки навиштани таъзиянома барои матбуот бар ӯҳда дошт, аз Муҳаммадраҳими Сайдар ҳамчун адиб ва ҳампешаи худ, чунин ёдовар шуд. 

Оқои Шукурзода гуфт, «мо солҳои зиёд бо ҳам дар идораи рӯзномаҳо кор кардаем. Муҳаммадраҳим нависандаи тозабаён буд ва гапи обшустаро дӯст намедошт. Руҳаш шод бод!» 

Дӯстону ҳампешагон мегӯянд, Муҳаммадраҳими Сайдар бисёр марди баномусу адлдӯст ва ҷӯёи ҳақиқату ростӣ буд ва бемории диабети қанд, ки қариб тайи ду даҳсола ба ин сӯ гиребонгираш буд, аз замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сарчашма гирифта буд. Нобасомониҳо ва мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ, нақшаву ниятҳои Муҳаммадраҳимро ба монанди садҳо рӯшанфикрони дигар дарҳам зад ва ӯ роҳи мусофиратро пеш гирифт. 

"Мехоҳам дар Эрон гум шавам..."

 Дӯсту ҳамкори вай журналист Зулфиқори Исмоилиён бо ёдоварӣ аз сабку маҳсули эҷоди Муҳаммадраҳим пас аз сафараш ба Эрон бо номи «Мехоҳам дар Эрон гум шавам», гуфт, вай ин навиштаи Муҳаммадраҳимро дар пояи эҷоди бузургони адабиёти муосири ҷаҳонӣ мегузорад. 

Вай афзуд, «ман он сафаргуфтаи ӯро вақте хондам, зери таассуроти амиқ мондам. Ба назари ман, он бо беҳамтоии худ ба ҷоизаи Нобел меарзад». 

Ҳарчанд солҳои ахир шоҳидони ҳол мегӯянд, борҳо Муҳаммадраҳим дилгирии худро аз зиндагии дур аз ватан ва хастагии худро ба дунболи пайдо кардани даромаде, ки барои зиндагии худу фарзандон кофӣ бошад, дар миён гузошта буд ва мехост тарки ғурбат кунад, аммо боз ҳам камбуди зиндагӣ ва таҳсили нотамоми фарзандон дар Русия ва Тоҷикистон, ки маблағҳои зиёдро тақозо дорад, ӯро боз медошт. 

Аҳлиддини Ҳисорӣ, яке аз шогирдон ва дӯстони қарини Муҳаммадраҳими Сайдар, мегӯяд, «ман чандин бор ба ӯ гуфтам, ки чаро барнамегардӣ ба ватан? Вай мегуфт, каме шароити иҷтимоиямро беҳтар кунам, бармегардам. Бисёр беморӣ азобаш медод». 

Дар ҳамин ҳол Сайдалӣ, бародари Муҳаммадраҳим, бо ашки дар гулӯ дармонда гуфт, марги Муҳаммадраҳим барояш хабари шуми расидани айёми ятимист, зеро ҳамеша сояи дасти ӯро дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ болои сари худу пайвандони дигар медидааст: «Бароям ҳарф задан дар бораи бародарам бисёр мушкил аст. Ӯ мисли падар ғамхор ва ҳамчун дӯст содиқ буд». 

Мероси адабӢ

 Аз Муҳаммадраҳими Сайдар китоби ҳикоёт бо номи «Гавҳораи ноз» ва чандин ҳикояву қисса ва очеркҳо дар шакли пароканда нашршуда ба мерос мондааст. Солҳои ахир Муҳаммадраҳим ба тарҷумаи асарҳои адибони хориҷӣ машғул буд. Китоби машҳури Бӯрӣ Каримов «Фарёди солҳо» низ маҳсули ҳамдастии Муҳаммадраҳими Сайдар будааст. 

Ин шабу рӯзи аввали соли нав, ки дӯстону пайвандон ва зану фарзандони Муҳаммадраҳими Сайдар гӯш ба қимори зангҳои телефонӣ, ҳарфҳои ширину шодбошӣ ва меҳрубониҳои ӯ буданд, ҳоло интизори тобути вай аз диёри бегонаанд. 

Зи ҳарҷо бигзарад тобути ман фарёд бархезад,

Ки оҳ ин мурда сангин меравад, пур орзу дорад. 

Сафаргули Олимӣ «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/1476-tobuti-sangini-ruznomanigori-musofir.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi