17:22:24 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҲЛИЛИ ПАНҶ МОҲИ "ВОКУНИШИ МАНСАБДОРОН"

Раиси Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Хабарӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, таҳлили панҷ моҳи пас аз фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вокуниш ба матолиби интиқодӣ собит карда, ки вокунишҳо тавассути мансабдорон ҷанбаи худсафедкунӣ доранд.

Нуриддин Қаршибоев ин матлабро рӯзи ҷумъа, 19 июн зимни нишасте дар робита ба иҷрои фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ мабни бар вокуниш ба матолиби интиқодии расонаҳо баён кард. Вай гуфт: "Мутаасифона таҳлилҳо ҳокист, ки дар бештари маворид мансабдорони давлатӣ, ки фаъолияти онҳо мавриди интиқоди нашрияҳо қарор гирифтаанд, посух гуфта ва талош кардаанд, ки ба ҳангоми ҷавоб мавқеъи худро ҳифз карда ва дар бархе маворид нисбати хабарнигорон даъво низ пеш овардаанд," 

Вай гуфт оқои Қаршибоев, нашрияҳо матолиби интиқодиро ба манзури рафъи камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуд мунташир ва пешниҳоди давлат ва ниҳодҳои зидахл кардаанд. 

Ба эътиқоди раиси Анҷумани Миллии Расонаҳои Муcтақили Хабарӣ мушкили аслӣ дар иҷрои қарор дар бораи вокуниш ба матолиби интиқодӣ аз сӯи кормандони ниҳодҳои давлатӣ, мушаххас набудани фарди посухдиҳанда ба матолиби мунташиршуда аст.

Зеро ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, тибқи таҷрибаи маъмулӣ дар ҷаҳон, посух ба нашрия маъмулан бояд тавассути фарди аввал ва ё мақоми болоии ниҳоди давлатӣ сурат бигирад.


Матолиби интиқоди зиёд, аммо...


Ин дар ҳолест, ки Қироншоҳи Шарифзода, раиси созмони иҷтимоъии "Журналист" низ мегӯяд, 90 дар сади посухи мансабдорон, ки ба матолиби интиқодии нашрияҳо навишта шудаанд, ҳарфҳои хушку холӣ аст.

Аммо оқои Шарифзода мегӯяд, таҳлили панҷ моҳи пас аз содир шудани фармони шумораи 622 - и раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳокист, ки матолиби интиқодӣ дар нашрияҳо зиёд шудааст.

Оқои Шарифзода мегӯяд, бо он ки матолиби интиқодӣ дар матбуъот зиёд шудааст, аммо мизони маводҳои таҳлилӣ дар ин давра, дар ҳоли коҳиш будаааст. Оқои Шарифзода, ин амрро аз як тараф ба "коҳилии" хабарнигорон ва камтар ба таҳқиқ даст задани онҳо марбут дониста, аз сӯи дигар гуфт, ки то ҳанӯз хабарнигорон ба манобеъи иттилоъот дастрасии комил надоранд ва ё дар ин росто ба мушкил мувоҷеҳ ҳастанд.

Афзун бар ин оқои Шарифзода мӯътақид аст, ки бештари мансабдорон ва хабарнигорон мӯҳтавои фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дуруст дарк накардаанд. 


Парҳез аз таҳқир 


Ин дар ҳолест, ки Зулфиддин Мӯъминҷонов, раиси Маркази пуштибонии ҳуқуқии хабарнигорон дар Тоҷикистон мегӯяд: "Мояи тааҷҷуб ва нигаронӣ он аст, ки дар бархе аз матолиб мухотаб ва ё ниҳоди давлатӣ таҳқир мешавад. Хабарнигорон ба таҳқир роҳ медиҳанд, ки нодида гирифтани меъёри ахлоқии журналист аст."

Вай гуфт ин гуна маворид дар ниҳоят ба бурузи зиддиятҳо ва баҳсҳҳои додгоҳӣ мунҷар мешавад. Оқои Мӯъминҷонов, пойин будани сатҳи огоҳии ҳуқуқии хабарнигоронро омили аслии чунин амр медонад.

Дар ҳамин ҳол ширкаткунандагони нишаст, пешниҳод кардаанд, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ, ба хусус НАНСМИТ давраҳои бештари омӯзишӣ дар заминаи ҳуқуқ ва ахлоқи журналистӣ, ташкил шавад.

Афзун бар ин боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва маърифатии мансабдорон низ аз дигар пешниҳодоте буд, ки тавассути ширкаткунандагон пешниҳод шуд.

Ба таъкиди ширкаткунандагони нишаст дар бештари маворид, мансабдорон муқарароти қавонини кишварро сарфи назар карда ва аз додани иттилоъот ба намояндагони расонаҳои хабарӣ худдорӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши шабакаи назоратии НАНСМИТ ё Анҷумани Милии Расонаҳои Мустақили Хабариии Тоҷикистон дар муддати чанд моҳи ахир 60 мавриди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва кормандони расонаҳои мустақили ин кишвар сабт шудааст, ки бештари он ба мавориди худдории мансабдорон аз ироаи иттилоъот марбут аст.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi