“ЧАРО МАҚОМОТ АЗ РАСОНАҲО БИМ ДОРАНД?”
Дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе ба мушкилоти мавҷуд дар заминаи дастрасӣ ба иттилоъоти дақиқ барои пӯшиши он дар расонаҳои хабарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид шуд. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин гуфта шуд, ки номгӯи бархе аз бахшҳои иттилоъоти давлатӣ, ки дар феҳристи иттилоъоти махфӣ қарор доранд бояд аз ин феҳрист ҳазф шаванд. Зеро бисёре аз мақомоти кунунии кишварҳои минтақа бо баҳонаи “махфӣ ё сиррӣ будани иттилоъот” аз ироаи ҷузъиёти марбут ба мавзӯъоти доғ дар ҷомеъа худдорӣ мекунанд.
Ҳамчунин рӯзи сешанбеи 25-уми май дар нахустин рӯзи кори кунфаронси байналмилалӣ зери унвони “Дастрасӣ ба иттилоъот ва навоварии фаннӣ” гуфта шуд, ки Тоҷикистон танҳо кишвари минтақа аст, ки дастрасӣ ба иттилоъот дар он пулакӣ будааст. Дар ин нишаст коршиносони умури расонаӣ, масъулони бахши кор бо расонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорон аз панҷ кишвари минтақа ва Русия ширкат доштанд.
Тарзи бархӮрди мақомот бо хабарнигорон
Бархе аз хабарнигорони минтақа мегӯянд, ки ба ҳангоми расидагии онҳо ба масоили доғ дар ҷавомеъ ва хостори дарёфти иттилоъот аз мақомоти давлатӣ бо бархӯрди номуносиби иддае аз мақомот рӯбарӯ мешаванд. Ба гуфтаи хабарнигорон ҳангоми муроҷеъаи онҳо ба мақомоти давлатӣ барои дарёфти иттилоъот бештари онҳо бо баҳонаҳои мухталиф аз суҳбат даст мекашанд ва дар натиҷа хабарнигорон дар навиштани матлаб бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ мешаванд.
Дуня Миятович, раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар умури озодии матбуъот мегӯяд, “Мақомот бояд бидонанд, ки аз он рӯзе ки онҳо расман ба дафтари кории худ ворид мешаванд, онҳо дар маърази таваҷҷуҳи омма қарор доранд ва хабарнигорон ҳаққи пахши гузоришҳо дар мавриди заъфияти фаъолияти онҳоро доранд.”
Ба гуфтаи хонум Миятович, дар даҳ солаи ахир дар минтақа дар робита ба озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоъот қонунҳои зиёде ба тасвиб расидаст, аммо вай афзуд: “Бо таваҷҷуҳ ба он бояд ҳадс зад, ки вазъияти расонаҳо дар ин замина бояд беҳбуд ёбад, вале дар асл ҳанӯз мушкилоти фаровоне дар заминаи дастрасӣ ба иттилоъот ба вижа фаъолияти марбут ба мақомоти давлатӣ вуҷуд дорад.”
Ин масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо мегӯяд, ки дарёфти иттилоъот дар мавриди мавзӯъоти мухталиф ҳаққи ҳар як шаҳрванд аст ва мақомот инро бояд ҳамеша дарк кунанд.
Инқилоб ва хабарнигорон
Бегим Усенова, масъули пажуҳишгоҳи “Медиа Полис” аз Қирғизистон мегӯяд, ки баъд аз таҳавуллоти ахир дар кишвараш вазъи озодбаёнӣ андаке беҳбуд ёфтааст. Аммо хонум Усенова афзуд: “Қабл аз рӯйдодҳои ахир дар кишварам дар тули як сол ду хабарнигор кушта шуда буданд ва ҳудуди даҳ таҳоҷум ба хабарнигрон сурат гирифт, ки то андозае мунҷар ба худсонсурии хабарнигорон ба ҳангоми пушиши рӯйдодҳо дар Қирғизистон шуд.”
Ҳамчунин хонум Усенова афзуд, ки бештари хабарнигорон дар кишвараш гузоришҳои якҷониба мунташир мекунанд ва вай афзуд: ”Агар қаблан аксари хабарнигорон хабарҳои марбут ба фаъолияти давлати Боқиевро бештар иникос мекарданд, ҳоло онҳо машғули иникоси корҳҳои давлати кунунӣ ҳастанд. Вале муҳиммтар аз ҳама хабарнигро бояд ҳирфаӣ бошад.”
Ба беҳбудии фаъолиятҳои ҳирфаии хабарнигорон дар минтақа иддае дигаре аз масъулон ва коршиносони ин ҳамоиш низ таъкид карданд.
Бими давлатиҳо аз расонаҳо ё сӮйиистифода аз “қонун”
Вечеслав Абрамов, раиси маркази байналмилалаии “Медианет” мустақар дар Қазоқистон мегӯяд, мушкили дастрасӣ ба иттилоъот ва ба мавқеъ дарёфт накардани он мунҷар ба мушкилоти зиёди иҷтимоъии дар ҷомеъа мешавад.
Ба гуфтаи вай аз ҷумла ду ҳодисаи марбут ба беҳдошт дар Тоҷикистон ва Қазоқистон мунҷар ба афзоиши теъдоди бемориҳо дар миёни сокинон шудааст. Вай гуфт, ки ба мавқеъ ироа нашудани иттилоъот дар мавриди фалаҷи кӯдак дар Тоҷикистон ва ибтилоъи кӯдакон ба вируси СПИД дар Қазоқистон мушкилоти зиёдеро дар миёни сокинони ин ҷумҳуриҳо ба бор овард.
Оқои Абармов афзуд: “Мутаассифона бисёре аз мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна то ҳол муҳимм будани нақши расонаҳо дар ин кишварҳоро дарк намекунанд ва бо баҳонаи махфӣ ё сирри будани иттилоъот аз ироаи он ба хабарнигорон худдорӣ мекунанд. Фикр мекунам бояд бархе аз номгӯйҳои иттилоъот ки ба он муҳри сиррӣ зада шудааст, аз феҳристи иттилоъоти махфӣ бояд бардошта шаванд.”
Ба ақидаи вай ду кишвари минтақа Туркманистон ва Ӯзбакистон мардум ва хабарнигорон ба иттилоъоти зарурӣ дастарсӣ надоштаанд. Аммо Бобур Аслиханов, намояндаи пажуҳишгоҳи ҷомеъаи мадании Ӯзбакистон мегӯяд, ки дар кишвараш ҳеҷ мушкиле дар заминаи фаъолиятҳои расонаҳои хабарӣ вуҷуд надоштаст. Оқои Аслиханов мегӯяд, ки “Дар заминаи қонунгузорӣ дар арсаи матбуъот барои дастрасӣ ба иттилоъот дар кишварамон мушкиле вуҷуд надоранд. ”
Ба гуфтаи вай дар Ӯзбакистон як ҳазору 200 расонаи мухталифи электрунӣ ва нашаротӣ фаъолият мекунанд, ки беш аз панҷоҳ дар сади онҳо расонаҳои мустақил будаанд. Хабарнигорон агар дар дақиқ будани ҷо доштани заъфияти фаъолиятҳои мақомот иадорик дошта бошанд, озодона метавонанд аз онҳо интиқод кунанд.
Бобур Аслиханов ба ин суол, ки оё хабарнигорони Тоҷикистон дар сурати алоқамандӣ ба пӯшиши мавзӯъоти фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ метавонанд ба Ӯзбакистон бираванд ва гузориш нависанд посухи мусбат дод ва афзуд ки дар ин замина мушкиле вуҷуд надоштааст.
Кунфаронси дувоздаҳуми расонаҳои хабарӣ, ки ба ибтикори Созмони Амнияти ва Ҳамкори Урупо дар Тоҷикистон диор мешавад фардо низ идома хоҳад дошт. Ин ҳамоиш ҳамасола дар яке аз кишварҳои минтақа ва ё Урупо доир мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2361-2010-05-25-19-16-47.html