23:52:19 22-уми Майи 2025 сол

ЧАРО «ФАРАЖ» ВА «ПАЙКОН» ЧОП НАШУДАНД?

Ҳафтаномаи мустақили "Пайкон, дуввумин нашрияи хусусии чопи Душанбе аст, ки ин ҳафта ба нашр нарасид ва хонандагонаш аз мутолиаи он маҳрум шуданд. Ҳафтаи гузашта, нашрияи мустақили «Фараж» низ аз дасти чоп набаромад буд ва бо вуҷуди омодагӣ барои нашри навбатӣ, аз чопхонаи давлатии «Шарқи Озод» расман ҷавоби рад гирифт. Ба қавли Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж" дар нома қайд карда шудааст, ки бинобар нуқси техникӣ, чопхонаи "Шарқи озод" наметавонад шумораи навбатии "Фараж"-ро ба табъ расонад.

 

Ду нашрия дар як ҳафта аз чоп бозмонд

 

paikon

Ҳамин тавр, ба қавли раиси Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикисон Нуриддин Қаршибоев, дар зарфи як ҳафта ба даҳони ду нашрияи мустақил дар ҷомеаи Тоҷикистон қулф зада шуд. Зеро масъулони ин нашрияҳо мегӯянд, ки дари кадом чопхона, ҳатто чопхонаҳои мустақилро ҳам, ки куфтем садо надоданд. Ҷумъхабой Толибов, сардабири "Пайкон" мегӯяд, ки дар ҳафтаи гузашта агар чопхонаи "Шарқи озод" ҳозир нашуд "Пайкон"ро нашр кунад, вале интишороти «Муаттар» мутааалиқ ба ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон онро ба чоп расонид.

 

Аммо дар як сӯҳбати рӯзи чоршанбе, пас як баҳси кӯтоҳ миёни сардабири ин нашрия Ҷумъабой Толибов бо намояндагони ҳизби Наҳзати Исломӣ, бо сабабҳои норӯшан, имкони чопӣ шумораи навбатӣ дар чопхонаи "Муаттар"-и ин ҳизб ҳам аз даст рафт. Намояндагони ҳизби Наҳзати исломӣ гуфтанд, ки Ҷумъабой Толибов худ ҳозир нашуд бо шароити пешниҳодии нашрияи «Муаттар» ҳафтаномаашро чоп кунад.

 

Аммо ба сурати умум, сабаби аслии пеш омадани ин ҳолатро аксари кулли хабарнигорон ва Созмонҳои масоили журналистии Тоҷикистон, баёнияи вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар хабаргузори "Ховар" медонанд, ки вазир дар номаи худ бархе аз ҳафтаномаҳои мустақилро дар пуштибонии маънавӣ аз гуррӯҳҳои ба қавли ӯ терористии дараи Камароб айбдор кардааст. Пас аз ин баёнияи вазир, рӯи ин ҳафтаномаҳо ангушт гузошта шуд.

 

13 октябр дар нишасти хабарии додситонии кулли Тоҷикистон, як суоли журналистон ба додситони кулл ҳамин мавзӯъ буд. Яъне ба назари додситон кадом ҷониб, вазири дифоъ ҳақ аст ё рӯзноманигорон?

 

Шерхон Салимзода масъулияти посух ба ин суолро ба дӯши Додситони низомӣ Хайрулло Саидов гузошт, вай гуфт: «Мавқеи вазири дифоъ дар хусуси ин, ки дар ҷараёни амалиётҳо баъзе маълумот аз тарафи васоити ахбори умум ғайриобъективона ба нашр расидаанд асос дорад, гуё дар ин амалиёт наваскарон ҷалб шудаанд дар ҳоле, ки дар онҷо нерӯҳои зудамали ниҳодҳои қудратӣ ва дигар ҷузвутомҳои вазорати умури дохила ва вазорати дифоъ ширкат карда буданд».

 

Чунин посухи додситони низомӣ, эътимоди журналистонро дар мавриди сабаби аслии аз чоп мондани шумораҳои навбатии «Фараж» ва «Пайкон» бастагӣ ба баёнияи вазири дифоъро доштааст, бештар кардааст.

 

Талоши рӮзноманигорн барои ҳали мушкилот

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки дирӯз намояндагони нашрияҳои мустақил дар пойтахт ҷамъ омаданд ва бо навиштани як дархостнома ба унвони Мушовири давлатии президенти Тоҷикистон Саидмурод Фаттоев машварат карданд ва онҳо тақозо доранд, ҷаноби Фаттоев журналистонро қабул кунад ва дар сӯҳбати чашм ба чашм ба ҳарфҳои онҳо гӯш диҳад.

 

"Ман фикр мекунам, ки чунин бархурд бо «Фараж» ва Пайкон» кӯшиши маҳдудияти озодии баён аст ва мутмаин ҳастем, ки аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ супориш шудааст, ки аз чопи ин нашрияҳо худдорӣ карда шавад. Мо намояндагони васоити ахбори умумӣ Тоҷикистон дар як нишаст ин вазъи пешомадаро баррасӣ кардем ва бо як нома ба унвони мушовири давлатии президент Саидмурод Фатооев муроҷиат мекунем, ки ин масъаларо дар як сӯҳбати ҳузурӣ бо эшон баррасӣ кунем. Ман намедонам, кадоме аз мақомоти ҳукумати давлатӣ даст ба ин амал задааст, вале ин кӯшиш танҳо обрӯи Тоҷикисонро дар миқёси байналмиллӣ мерезонад ва ин як хизмати «хирсона» ба шахси аввали ҷумҳурӣ хоҳад буд».

 

Аммо як мақоми дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷкистон, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, ки аслан дар доираҳои наздик ба раиси ҷумҳур дар мавриди маҳдуд кардан ва ё чоп накардани шумораҳои ҳафтаномаҳо на дастуре ва на ҳарфе ҳеч ишорае нест. Дар ҳоли ҳозир, Мухтор Боқизода хабарнигори мустақил бо ҷамъоварии имзоҳои журналистон барои ирсоли нома ба мушовири давлатии президенти ҷаноби Фаттоев машғул аст.

 

Дар ҳамин ҳол, чанде аз созмонҳои байналмилалии масоили матбуот аз пеш омадани чунин вазъ дар робита ба нашр нарасидани ду ҳафтаномаи бонуфузи «Фараж ва Пайкон» дар Тоҷикистон изҳори таассуф карданд.

 

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/3345--lr--lr---.html 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ